БА ҲАҚИҚАТҲОЕ, КИ БОВАРАТОН НАМЕОЯД

Хитоиён яхмосро 3000 сол қабл медонистанд.

Яхмоси онҳо аз барфу шарбати мева омода мегардид. Хоссатан яхмосҳое, ки аз шарбати лимӯю афлесун омода мегардиданд, маҳбубияти зиёд доштанд. Аврупоиён ба омодакунии яхмос дар асри XIII шурӯъ кардаанд. Онро сайёҳи машҳури Венетсия Марко Поло ба Аврупо овардааст.
***
Куҳантарин пиво, ки 1600 сол дорад, дар музейи Алтсей нигоҳдорӣ мешавад. Онро ҳангоми кофтуковҳо дар қасри Алтсей пайдо кардаанд.
***
Дар нимҷазираи Флорида «дарахти собун» мерӯяд, ки аз меваи расидаи он кафк ҳосил мешавад. Сокинони нимҷазира ҳангоми ҷомашӯйӣ ва шустушӯйи ашёҳои дигар ба ҷойи собун меваи ин дарахтро истифода мебаранд.
***
Дар Африқои Шимолӣ дарахте бо номи «дарахти шайтон» мерӯяд, ки решааш фосфори зиёд дорад. Биноан, решаи он мисли чароғ нур меафканад. Мегӯянд, ки дар зери ин дарахт шабона китоб метавон хонд.
***
Бузургтарин кӯдаке, ки 76 см қад ва 10,7 килограмм вазн дошт, соли 1897 дар Канада ба дунё омадааст. Қади модари Анни Батес 2 метру 24 см буд.
***
Хурдтарин тифле, ки баъди таваллуд зинда мондааст, духтараки ирландӣ Тереза мебошад. Вай, ки 625 грамм вазн дошт, 14 ҳафта пеш аз муҳлат ба дунё омада буд.
***
Томас Корни англис аз дарозумртаринҳои дунёст. Бино ба маълумоти китобҳои динӣ, вай дар Лондон таваллуд шуда, 207 сол умр дидааст.
***
Аксарияти файласуф, шоир ва нависандагони Юнони қадим даври пирӣ рондаанд. Шоир ва файласуф Ксенофан Колофонский – 100, шоир Пиндар – 80, фоҷианавис Софокл – 91, файласуф Демократ – 100, Плутон – 81 сол умр дидааст. Ба туфайли риоя ба тарзи ҳаёти солим ҳамаи онҳо то охирин рӯзҳои зиндагӣ солиму бардам будаанд.
***
Хотираи инсон бо хусусиятҳои басе аҷибаш фарқ мекунад. Он қариб 5 фоизи ҳодисаҳоеро, ки одам дар тӯли 60 соли ҳаёти худ шоҳид гардидааст, барқарор карда метавонад.
***
...Элия Гаон соҳиби чунин хотираи ҳайратангез буд, ки китоби як маротиба хондааш дар ёдаш ба таври ҳамешагӣ мемонд.
Вай 2500 ҷилдро аз ёд медонист, пораҳоро аз ҷойи дилхоҳи китобҳои хондааш аз ёд қироат мекард.
***
Шоҳи Эрон Куруши Кабир номи ҳамаи сарбозонашро медонистааст.
***
Бозичаи қадимтарине, ки бостоншиносон дарёфт намудаанд, 3000 сол дорад, ки аз ҳудуди Форси Қадим ба даст омадааст.

Таҳияи 
А. ДУРАНДЕШ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: