ДАР ТОШКАНД ХИЁБОНИ ТЕХНОЛОГӢ БУНЁД МЕГАРДАД

Дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт дар пояи таҷрибаи Ҳиндустон дар соҳаи дастгирӣ намудани «стартап»-ҳо ва кашфиётҳои инноватсионӣ хиёбони барномаҳои маҳсулоти технологӣ ва ахбори технологӣ созмон дода мешавад.

Дар хиёбони технологӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи технологияҳои иттилоотии маҳаллӣ ба лоиҳаҳои баландтехнологии «стартап» кӯмаки ҳамаҷониба ва ба пешбурди маҳсулоти барномавиву баландтехнологии истеҳсолоти Ӯзбекистон ҳам дар бозорҳои маҳаллӣ ва ҳам дар бозорҳои хориҷӣ ёрии амалӣ расонида мешавад.
Дар қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои созмон додани Хиёбони технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ» аз 10 январи соли 2019 таъкид мегардад, ки Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин Ҷамъияти хиёбонҳои технологияҳои барномавии назди Вазорати электроника ва технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Ҳиндустон бо бунёди хиёбони технологӣ машғул мешаванд. 
Дар пойгоҳи хиёбони технологӣ хидматҳои молиявӣ, маркетингӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигари консалтингӣ, ҳамчунин хидматҳои тиҷоративу акселераторӣ расонида мешаванд, ки ба «стартап»-ҳои навкор имкон медиҳад нақшаҳои тиҷоратӣ ва стратегияи пешбурди маҳсулоти худро ташкил диҳанд, бозорҳои асосӣ ва рақибонро омӯзанд, фаъолияти иқтисодии худро зудтар оғоз намоянд. Ғайр аз ин барои «стартап»-лоиҳаҳо дар пояи маблағгузории венчурӣ кӯмак расонида мешавад.
Дар хиёбони технологӣ сабақ, тренинг ва курсҳои гуногуни оид ба боло бардоштани ихтисос дар соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо ҷалби ширкатҳои бузург ва мутахассисон, ҳамчунин конфронс ва машваратҳои илмиву амалӣ гузаронида хоҳанд шуд. 
Резидентҳои хиёбони технологӣ, ки лоиҳаҳояшон пешомаднок эътироф шудаанд, метавонанд ба маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, маҳз аз маблағи Бунёди рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ умед банданд. Дар ин маврид барои резидентҳои хиёбони технологӣ имтиёзҳое пешниҳод мегарданд, ки барои резидентҳои Маркази инноватсионӣ оид ба дастгирии кашфиётҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотии «Mirzo Ulugbek Innovation» пешниҳод мешаванд. Онҳо аз супурдани тамоми хелҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла аз пардохти маблағҳои гумрук барои таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоте, ки кашонда мешаванд, то соли 2028-ум озод карда хоҳанд шуд.

Роман БАНДАРЧУК, хабарнигори ӮзА .

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: