ӮЗБЕКИСТОН – ҲИНДУСТОН: БО РОҲИ МИНБАЪД МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ҲАМКОРИИ БИСЁРҶАНБА

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17-18 январи соли 2019 бино бар даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба ин мамлакат сафари корӣ анҷом дод ва дар анҷумани байналхалқии IX сармоягузории «Гуҷарати босуръат - 2019» иштирок намуд.

Дар доираи анҷумани байналхалқии «Гуҷарати босуръат - 2019» 18 январ дар шаҳри Гандинагар роҳбари давлат бо Сарвазири Ҷумҳурии  Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуд.
Президенти мамлакати моро бо ташрифи навбатиаш ба Ҳиндустон хайрамақдам гуфта, Сарвазир миннатдории самимии худро барои иштироки ҳайати бонуфузи Ӯзбекистон дар кори анҷуман изҳор намуд.
Ташрифи Президенти Ӯзбекистон ба Ҳиндустон идомаи мантиқии гуфтугӯ дар дараҷаи олӣ буда, инчунин боз як далели равшани муносибати рӯзафзун мустаҳкамгардандаи дӯстона ва шарикии байни ду мамлакат ба шумор меравад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи амалии шартномаҳои имзогардида ва муоҳидаҳои бадастомада аз рӯи натиҷаи ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон моҳи октябри соли гузашта баррасӣ гардида, инчунин истиқболи вусъат додани ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Фаъолсозии ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо дар давраи кутоҳи гузашта пас аз ташриф таъкид гардид. Ҳафтаи гузашта дар Самарқанд мулоқоти аввалини вазирони корҳои хориҷӣ – Гуфтугӯи «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» бо иштироки Афғонистон бомуваффақият анҷом ёфт.
Дар соҳаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Тошканд Маркази муштараки рушди соҳибкорӣ кори худро шурӯъ намуд. Дар мамлакатамон боз гардидани идораи Конфедератсияи саноати ҳинд пешбинӣ мегардад. 
Дар остонаи анҷумани Гуҷарат ҷамъомади якуми Шӯрои соҳибкорони Ӯзбекистону Ҳиндустон ба вуқӯъ пайваст.
Якҷоя бо шарикони ҳинд технопарки технологияи пешқадами иттилоотӣ дар Тошканд ва минтақаи дорусозӣ дар вилояти Андиҷон ба вуҷуд хоҳанд омад.
Бо Эксимбонки Ҳиндустон дар бораи ҷудо намудани кредит ба миқдори 200 миллион доллар барои таъмини молиявии лоиҳаҳои молики аҳамияти иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон аҳду паймон ба вуҷуд омад.
Аз аввали соли хониш дар мамлакатамон филиалҳои муассисаҳои олии таълимии Ҳиндустон – донишгоҳҳои Амита ва Шарда дарҳои худро боз менамоянд.
Роҳбарони давлатҳо аҳамияти тезондани татбиқи амалии лоиҳа ва барномаҳои бартариноки ҳамкориро пеш аз ҳама дар соҳаҳои технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, саноати ҷавоҳирот, хоҷагии қишлоқ, такомули инфрасохтори сайёҳӣ ва самтҳои дигар таъкид намуданд.
Ба масъалаҳои минбаъд вусъат додани табодули маданиву инсонпарварӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Инчунин дар заминаи масъалаҳои муҳими сиёсати байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули афкор ба амал омад.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ қатъияти худро дар бобати фаъолона инкишоф додани ҳамкории бисёрҷанбаи байни ду мамлакат собит намуданд.
Дар поёни гуфтугӯ маросими табодули матни қарордоди имзогардида дар бораи ба муддати тӯлонӣ гузоштани уран ба Ҳиндустон ба вуқӯъ пайваст.
Худи ҳамон рӯз дар маҷмааи намоишгоҳии «Маҳатма Мандир»-и шаҳри Гандинагари вилояти Гуҷарат анҷумани IX байналхалқии сармоягузории «Гуҷарати босуръат - 2019» ба амал омад.
Дар анҷуман Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, инчунин роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои чунин мамлакатҳо мисли Австралия, Канада, Фаронса, Ҷопон, Норвегия, Нидерландия, Полша, Ҷумҳурии Куриё, Дания, Чехия, Малта, Таиланд, АМА, роҳбарони ташкилотҳои байналхалқӣ ва корпоратсияҳои фаромиллӣ, экспертҳо иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин анҷумани бонуфузи иқтисодӣ нутқ эрод намуд.
Ӯ таъкид кард, ки Гуҷарат аз қадим дар ҷанбаи тиҷорат ва соҳибкорӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамуд, анҷумани мазкур нафақат ин анъанаро идома медиҳад, балки руҳи тиҷорати имрӯзаи Ҳиндустонро зоҳир месозад.
Роҳбари давлат махсус таъкид кард, ки мустаҳкам намудани шарикии стратегии дарозмуддат бо Ҳиндустон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор меравад ва чандин пешниҳод ва ташаббусро барои рушди ҳамкории дуҷониба пешкаш кард.
– Ба ҳама хуб маълум аст, ки дар асрҳои III-II то эраи мо сарзамини ҳиндро бо Осиёи Марказӣ Роҳи бузурги ҳинд мепайваст. Хусусан имрӯз низ ба вуҷуд овардани коммуникатсияҳои бовариноки тиҷоратӣ ва нақлиётӣ байни бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ муҳим мебошад. Мо лоиҳаи Роҳи оҳани фарогирандаи Афғонистонро муҳокима менамоем. Дар оянда ин даҳлез ба Осиёи Ҷанубӣ, аз он ҷумла ба Ҳиндустон баромаданро аз тариқи бандари Чобаҳор таъмин менамояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат татбиқ намудани лоиҳаҳои муштаракро дар ҷанбаҳои технологияи иттилоотӣ, таъмини барномавӣ, хоҷагии қишлоқ, энергияи эҳёшаванда ва тарбияи мутахассисонро барои ин соҳаҳо пешниҳод намуд. Дар самти мазкур аллакай қадамҳои аввал гузошта шудаанд.
Махсус таъкид гардид, ки барои ҷалб намудани сармоягузорон ба Ӯзбекистон шароити ҳарчи муносиб ба вуҷуд оварда шудааст.
Ӯзбекистон пеш аз ҳама дар татбиқи лоиҳаҳои истиқболнок дар чунин соҳаҳо мисли энергетика, дорусозӣ, саноати бофандагӣ, чарму пойафзор, саноати кимиё, сайёҳӣ манфиатдор мебошад.
– Бино бар ин зарфияти калони иқтисодии Гуҷарат ва алоқаҳои шарикиро бо вилояти Андиҷон ба назар гирифта, пешниҳод менамоем, ки дар соли ҷорӣ дар ватани Бобур ва ниёгони Акбаршоҳи бузург – Андиҷон бизнес-форуми минтақаҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ташкил гардад.
Роҳбари давлат соли 2020 баргузор намудани Соли маданияти Ӯзбекистон дар Ҳиндустон ва Соли маданияти Ҳиндустон дар Ӯзбекистон, соли ҷорӣ дар мамлакатамон ташкил намудани анҷумани ҷавонони Ӯзбекистон – Ҳиндустонро таклиф намуд.
Дар поёни нутқ Президент ҳозиронро ба намоишгоҳи Ӯзбекистон, ки дар доираи анҷуман ташкил гардид, даъват намуд, ки он бо зарфияти саноатӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ, таърих ва маданияти бойи мамлакатамон шинос менамояд.
Онҳое, ки дар анҷумани «Гуҷарати босуръат - 2019» баромад намуданд, фикри худро дар бораи табодули таҷриба ва технологияи ҳамдигари байни мамлакатҳои шарик, роҳҳои ҷалб намудани шарик ва сармояҳои нав баён намуданд.
Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҳиндустон ба поён расид.

Умар АСРОРОВ,
хабарнигори махсуси ӮзА.

ГАНДИНАГАР – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: