ПОТЕНСИАЛИ САРМОЯГУЗОРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҲИНДУСТОН НАМОИШ ДОДА ШУД

Дар доираи анҷумани байналхалқии сармоягузории «Гуҷарати босуръат - 2019» дар маҷмааи намоишгоҳии «Маҳатма Мандир»-и шаҳри Гандинагари Ҳиндустон семинар, гуфтугӯҳои мухталиф баргузор гардиданд, ки самт ва тамоилҳои ҷанбаҳои гуногунро муайян намуданд.

Дар доираи семинаре, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатӣ оид ба сармоя, Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, Вазорати иқтисодиёт ва саноат ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуд, тақдимоти намуди имрӯза, мақсадҳои нав, имконот ва потенсиали мамлакатамон ба вуқӯъ пайваст.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба иштирокдорон дар бораи шароити муносибе, ки барои сармоягузорон дар Ӯзбекистон ба вуҷуд оварда шудааст, имтиёзоти пешниҳодгардида, мадади ҳимояи ҳуқуқӣ нақл гардид. Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имтиёзоти андоз ва гумрук ва преференсия барои ҷалби сармояи хориҷӣ, потенсиали чунин соҳаҳо мисли хоҷагии қишлоқ, тандурустӣ, саноати бофандагӣ, сайёҳӣ дар ҳозирон таваҷҷӯҳи зиёд ба вуҷуд овард.
Инчунин сухан дар бораи он рафт, ки ба туфайли тағйироти мусбӣ дар фазои сармоягузории бозори Ӯзбекистон брендҳои ҷаҳонии самтҳои мухталифи тиҷорат ба ҷумҳурӣ меоянд. Намояндагони доираҳои кории Ҳиндустон ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Умар АСРОРОВ,
хабарнигори махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: