ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАТБИҚ НАМУДАНИ СТРАТЕГИЯИ АМАЛИЁТ ДОИР БА САМТҲОИ БАРТАРИНОКИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2017-2021-УМ ДАР «СОЛИ САРМОЯГУЗОРИИ ФАЪОЛ ВА РУШДИ ИҶТИМОӢ»

Соли 2018 – Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо бобати дар иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ ва идораи давлатии мамлакат ҷорӣ намудани дастовардҳои замонавии илм, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо соли татбиқсозии чораҳои маҷмӯӣ гардид.

Дар доираи ба ҳаёт татбиқ сохтани Барномаи давлатӣ барои соли 2018-ум 76 ҳазор лоиҳа ба маблағи 21 триллион сӯм ва 1 миллиард доллари ИМА амалӣ шуданд. 
Мувофиқи барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» барои ободонӣ бо мақсади фароҳам овардани ҳаёти мусоид барои зиёда аз 400 деҳот ва маҳаллаҳои ҷумҳурӣ 3 триллион сӯм равона карда шуд. 
Барои барномаҳои «Ҳар як оила соҳибкор» ва «Ҷавонон – ояндаи мо» барои татбиқ сохтани зиёда аз 2600 лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар маҳалҳо тақрибан 2 триллион сӯм равона гардид. 
Ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, пурзӯр кардани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва минбаъд такмил додани низоми пардохти меҳнат эътибори ҷиддӣ дода шуд, ки имкон дод даромади воқеии аҳолӣ нисбат ба соли 2017-ум 12 фоиз баланд гардад. 
Имкониятҳо барои дарёфти таълими олӣ ба шарофати кушода шудани самтҳои нави таълим ва зиёд гардидани квотаҳои қабул хеле вусъат ёфтанд. 
Бо шарофати ҷорӣ намудани тартиби қатъиян нави андози маъмурӣ 5,5 триллион сӯм аз иҷрои барзиёди нишондиҳандаҳои пешбинишудаи ҷамъоварии андоз ба ихтиёри буҷаҳои маҳаллӣ боқӣ монд, ки аз нишондиҳандаҳои соли 2017-ум 6 баробар ва аз нишондиҳандаҳои соли 2016-ум 32 баробар зиёд мебошад.
Ғайр аз ин Консепсияи такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, беҳсозии муҳити кор ва ҷолибияти сармоявӣ, баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва коҳиш додани бори андоз барои тиҷорат нигаронида шудааст, қабул гардид. 
Ҳамин тариқ, 12 фоиз кам шудани миқдори пардохти ягонаи иҷтимоӣ ва бекор гардидани пардохтҳои ҳатмӣ ба бунёдҳои мақсадноки давлатӣ, ки аз муомилот (пул)-и шахсони ҷисмонӣ ситонида мешуд, барои ба ихтиёри корхонаҳо боқӣ мондани маблағҳои иловагӣ шароит фароҳам овард.  
Дар соли 2018-ум 18 сафари байнидавлатӣ содир гардида, бинобар лоиҳаҳои сармоявӣ дар ҳаҷми тақрибан 50 миллиард доллари ИМА муоҳидаҳо ба имзо расиданд. Ҳоли ҳозир аз ҳисоби сармояҳои хориҷӣ дар мамлакат 456 лоиҳа дар ҳаҷми 23 миллиард доллари ИМА татбиқ мегарданд. 
Барои иҷрои Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ҳамчунин бо мақсади самарабахш ва саривақт татбиқ сохтани вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис аз 28 декабри соли 2018-ум муайян шудаанд:
1. Барномаи давлатӣ оид ба татбиқ намудани  Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ум дар «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ» (минбаъд – Барномаи давлатӣ) мувофиқи замимаи №1, ки татбиқсозии лоиҳаҳоро ба маблағи умумии 16,9 триллион сӯм ва 8,1 миллиард доллари ИМА пешбинӣ менамояд, тасдиқ карда шавад, ки:
дар соҳаи такмил додани низоми сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ – фаъолтар кардани  кори парлумон дар қабул намудани қарорҳои муҳим ва назорати иҷрои қонунҳо, мувофиқсозии низоми ҳокимияти иҷроия, идома додани ислоҳоти маъмурӣ, истифодаи васеи усулҳои замонавии менеҷмент, рушди хидматҳои давлатӣ, ташаккул додани сиёсати ягонаи кадрӣ, ки ба ҷалби мутахассисони соҳибихтисос барои хидматҳои давлатӣ нигаронида шудаанд, таҷдиди назар кардани ваколат ва масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, вусъат додани  мустақилияти онҳо;
дар соҳаи таъмин сохтани волоияти қонун ва ислоҳсозии минбаъдаи низоми суду ҳуқуқ – таъмин кардани мустақилии ҳақиқии ҳокимияти судӣ, қабул намудани чораҳои зарурӣ бобати таъмин сохтани ҳаёти орому осудаи аҳолӣ ва қонунмандӣ, саривақт пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, такмил додан ва озод кардани қонунгузории ҷиноӣ;
дар соҳаи рушди иқтисодиёт ва ҷалби фаъоли сармояҳо – таъмин намудани устувории макроиқтисодӣ, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои рақобати солим, минбаъд беҳтар намудани муҳити корӣ ва иқлими сармоявӣ, хеле коҳиш додани дахолати давлат дар иқтисодиёт, нигоҳ доштани суръати баланди афзоиши иқтисодӣ, аксуламал ба иқтисодиёти «сиёҳ» ва куллан коҳиш додани саҳми он, идома додани озодкунии танзими асъор;
дар соҳаи рушди иҷтимоӣ – кам кардани дараҷаи бекорӣ дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани даромади шаҳрвандон, инкишоф додани илм ва таълими муттасил, беҳтар кардани сифат ва вусъат додани фарогирии аҳолӣ ба хидматҳои тиббӣ, пурзӯр намудани дастгирии иҷтимоии занону ҷавонон, беҳсозии шароити ҳаёти одамон, таъминкунӣ бо манзили хубу баланд бардоштани некӯҳолии  онҳо, дар ҷомеа муқаррар кардани тарзи ҳаёти солим, оммавӣ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди сайёҳӣ;
дар соҳаи таъмин сохтани амният, ҳамдилии байнимиллӣ ва кушодадилии динӣ, ҳамчунин сиёсати хориҷӣ, – баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат, мустаҳкам намудани иқтидори  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташаккул додани маҷмӯи саноати мудофиавии мамлакат, таъмин сохтани амнияти экологӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об ва захираҳои дигари табиӣ, минбаъд боло бардоштани фаъолияти самарабахши сиёсати хориҷӣ, ки ба равандҳои шаффофият, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории муфиди тарафайн асос мекунад.
2. Мувофиқи замимаи №2 ба шахсони мансабдори Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Девони Вазирон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷи минтақаҳои мамлакат бо муайян кардани масъулияти шахсиашон барои таъмин сохтани татбиқи самарабахш ва саривақтии чорабиниҳое, ки дар Барномаи давлатӣ, ба хусус дар соҳаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоявӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи рушди иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон дода шудаанд.
Муқаррар карда шавад, ки аз ҷониби палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳисобот дар бораи ҷараёни татбиқшавии Барномаи давлатӣ бо ворид кардани таклифҳо оид ба аз байн бардоштани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда дар ҳар се моҳ шунида мешавад ва бобати таъмин намудани татбиқи босифат ва саривақтии тадбирҳои Барномаи давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. 
3. Таҷрибаи баргузор кардани вохӯриҳои ҳармоҳаи шахсии Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷа бо сармоягузорон ба мақсади баррасии ҷараёни татбиқшавии лоиҳаҳои сармоявӣ, таъмин гардидани ҳаллу фасли таъҷилӣ ва самарабахши мушкилоте, ки ба фаъолияти онҳо монеа мешаванд, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ ҷорӣ карда шавад. 
4. Шӯрои коршиносии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шавад, ки бояд назорати машваратӣ ва коршиносии ислоҳоти дар мамлакат татбиқшудаиcтода, ҳамчунин коркарди таклифҳо оид ба масъалаҳои рӯзмарраи ислоҳсозии ҳаёти ҷамъият ва давлат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиёт, аз ҷумла беҳшавии иқлими сармоявиро дар мамлакат татбиқ намояд.
Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешниҳод кунанд, ки тасдиқ кардани инҳоро пешбинӣ менамояд:
таркиби Шӯрои коршиносии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба он дохил кардани соҳибкорони муваффақ, арбобони шинохтаи давлативу ҷамъиятӣ, олимон, аз ҷумла шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ва ҳамватаноне, ки дар хориҷа зисту зиндагӣ мекунанд;
Дастур дар бораи Шӯрои коршиносони назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
5. Ба Вазорати иқтисодиёт ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар муҳлати то 1 июни соли 2019-ум коркарди Стратегияи сиёсати сармоявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пешомади миёнамуҳлат (минбаъд – Стратегия)-ро таъмин намояд, ки самтҳои бартаринокро барои ҷалби аввалиндараҷаи сармояҳо бо назардошти тахассуси ҳар кадом минтақа пешбинӣ менамояд.
6. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати савдои хориҷӣ, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо супурда шавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати як ҳафта бинобар чорабиниҳои мушаххасе, ки ба минбаъд фаъолтар кардан ва инкишоф додани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ– шарикони афзалиятноки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармояҳо, маданиву инсонпарварӣ ва сиёсӣ, ҳамчунин ба ҷанбаи амният дар соли 2019-ум нигаронида шудаанд, таклиф пешниҳод кунанд. 
Муайян карда шавад, ки чорабинӣ ва самтҳои пешниҳодшудаи минбаъд фаъолтар сохтани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ – шарикони афзалиятноки Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд бо Барномаи давлатӣ ва Барномаи сармоявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2019-ум ба якдигар хеле вобаста бошанд.
7. Ба пешниҳодоти Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо, Вазорати молия, Вазорати иқтисодиёт ва саноат, Бунёди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсис додани:
а) Бунёди сармояҳои бевоситаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Бунёд) бо эълон кардани сармояи он дар ҳаҷми 1 миллиард доллари ИМА ризоият дода шавад ва инҳо вазифаҳои асосии он муайян карда шаванд:
ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ва технологияҳои инноватсионӣ барои вусъат додани иқтидори истеҳсолӣ, ҳамчунин, минбаъд беҳтар намудани иқтидори рақобатбардории иқтисодиёти ҷумҳурӣ;
рағбатноксозӣ ва инкишоф додани фаъолияти сармоявӣ аз тариқи ташаккул додани муносибатҳои дарозмуҳлати муфиди тарафайни шарикӣ бо сармоягузорони хусусии ватанӣ ва хориҷӣ;
баҳодиҳӣ ба таклифҳои сармоявӣ, коркард ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ;
кӯмакрасонӣ ба беҳтар намудани иқлими сармоявӣ, ҳамчунин пешбурди васеи иқтидорҳои сармоявӣ ва имкониятҳои ҷумҳурӣ дар хориҷа;
б) роҳбари ширкати Бунёди сармояҳои бевоситаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – роҳбари ширкат) бо 100 фоиз саҳми давлат дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ бо сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми 5 миллион доллари ИМА, ки аз ҳисоби маблағҳои Бунёди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташаккул меёбанд.
8. Муқаррар карда шавад, ки:
Бунёди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягона муассиси Бунёд ба шумор меравад ва сармояи онро бинобар чораҳои қабулкардаи қарорҳои сармоягузорон якҷо бо Бунёди сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо ташаккул медиҳад;
лоиҳаҳои сармоявӣ аз ҷониби роҳбари ширкат мустақилона бо назардошти соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ, санҷиши мақсаднокии иқтисодиёт ва самаранокии истифодаи онҳо интихоб карда мешаванд;
миқдори ниҳоии сармояҳои Бунёд бинобар як лоиҳа на камтар аз 30 фоизи миқдори умумии сармояҳои пешниҳодшударо ба лоиҳаи мазкур ташкил медиҳад, қисми боқимонда аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва маблағҳои ҷалбшавандаи сармоягузорон бо сармоя таъмин карда мешавад;
ҳамоҳангсозии фаъолияти Бунёд ва роҳбари ширкат аз ҷониби Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо амалӣ мегардад.
9. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ қарори ҳукуматро қабул кунад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
тасдиқ кардани Дастур дар бораи Бунёди сармояҳои бевоситаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
муайян кардани тартиби ҳамкории тарафайни байни Бунёд ва роҳбари ширкат бо созмон додани платформаи самарабахш ва шаффофи тиҷоратӣ бобати ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ бинобар раванди якҷосармоягузорӣ;
тартиби имзои муоҳидаҳо дар бораи идораи боэътимоди пулҳои сармоявии байни Бунёд ва роҳбари ширкат бо мушаххас намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадории ҷонибҳо, равандҳои сиёсати сармоявӣ, ҳамчунин механизмҳои татбиқсозии онҳо.
10.Ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (З. Ш. Низомиддинов) супурда шавад, ки якҷо бо Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (А. Н. Арипов) ва вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати то 1 марти соли 2019-ум лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро кор карда барояд, ки такмил додани механизмҳои ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷиро бо назардошти ҷорӣ намудани шакл ва усулҳои замонавии рағбатноксозӣ ва дастгирии татбиқ кардани лоиҳаҳои сармоявӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои бартариноки иқтисодиёт пешбинӣ менамояд.
11. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он аз 1 марти соли 2019-ум:
барои муассисон (иштирокдорон)-и корхонаҳо бо сармояҳои хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо «раводиди сармоявӣ» ба муҳлати се соли амал бо имконияти тамдид додани муҳлати он, аз ҷумҳурӣ хориҷ нашуда, ҷорӣ карда мешавад;
ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла барои муассисон (иштирокдорон)-и корхонаҳо бо сармояҳои хориҷӣ, ки барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон додани корхонаҳои истеҳсоли молҳо ва хидматрасонӣ дар ҳаҷми на камтар аз 3 миллион доллари ИМА сармоя гузоштаанд, дар тартиби содда ҳуҷҷати зист дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муҳлати 10 сол дода мешавад;
сармоягузорони хориҷие, ки дорои ҳуҷҷати зист дар Ӯзбекистон ё худ «раводиди сармоявӣ» мебошанд, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо барои истифода аз хидматҳои тиббӣ ва таълимӣ бо шартҳое, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд;
сабти муваққатии сармоягузорони хориҷӣ, мутахассисоне, ки онҳо аз ҷумлаи шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои оилаҳояшон ҷалб мекунанд, дар нуқтаи аҳолинишин, дар ҳудуде, ки лоиҳаи сармоявӣ татбиқ мегардад, дар муҳлати амали раводид (дар мавриди набудани раводид – ба муҳлати 1 сол) бидуни қайди зарурӣ ҳангоми рафтан ба минтақаҳои дигари мамлакат татбиқ мегардад.
12. Таклифи Бунёди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии оид ба сармояҳо, Вазорати сармоя, Вазорати иқтисодиёт ва саноат дар бораи аз ҷониби Бунёди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Бунёди рушди Абу Дабӣ (Аморати Муттаҳидаи Араб) таъсис додани Ширкати сармоявии Ӯзбекистону Аморат (минбаъд – ширкати сармоявӣ) қабул карда шавад. 
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо С. Р. Холмуродов ва директори иҷрогари Бунёди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. А. Вафоев ваколатдор карда шаванд, ки ба Муоҳидаи муассисии таъсис додани Ширкати сармоявии ӯзбекистониву аморатӣ имзо гузоранд. 
13. Муайян карда шавад, ки ширкати сармоявӣ:
дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуд бо бунёди оинномавӣ дар ҳаҷми 5 миллион доллари ИМА ва сармояи эълоншуда дар ҳаҷми 1 миллиард доллари ИМА таъсис дода мешавад, ки аз ҳисоби саҳми Бунёди рушди Абу Дабӣ  (АМА) дар ҳаҷми 75 фоиз ва Бунёди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 25 фоиз бо имконияти мувофиқи тартиби муқарраршуда ҷалб кардани шарикони иловагӣ ташаккул меёбад;
вай ҳақ дорад сармояҳоро аз тариқи харидани саҳм дар сармояҳои оинномавии дар амал ва субъектҳои навтаъсиси хоҷагӣ, ҷудо кардани заёмҳо, истихроҷи коғазҳои қимматбаҳо, ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ фурӯхтани саҳми ширкати сармоявӣ дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидорӣ ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, татбиқ намояд;
вазифаро оид ба рушди ҳамкориҳои сармоявӣ бо ширкат ва идораҳои сармоявӣ, молиявии Аморати Муттаҳидаи Араб иҷро кунад, ҳамоҳангсозии ҳамкории тарафайни сармоявиро бо онҳо татбиқ намояд, ҳамчунин дар татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоявӣ иштирок ва кӯмак расонад.
14. Муқаррар карда шавад, ки:
ширкати сармоявӣ, ҳамчунин муассисони он ба муҳлати 3 сол аз пардохти андоз барои даромад, аз ҷумла даромадҳо бобати гирифтани дивиденд ва фоизҳо, андоз барои молу мулк ва андози замин, ҳамчунин андоз барои арзиши иловагӣ ҳангоми фурӯши моликият ва пулҳои он озод карда мешавад;
дар корхонаҳои навтаъсис, на камтар аз 30 фоизи бунёди оинномавӣ (сармоя), ки аз ҳисоби маблағҳои ширкати сармоявӣ ташаккул ёфтаанд, имтиёз ва сабукиҳое, ки қонунгузорӣ барои корхонаҳои бо сармояҳои хориҷӣ пешбинӣ намудааст, ҷорӣ карда мешаванд.
15. Дар сохтори шуъбаҳои мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои назорати ҳуқуқии ислоҳот ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳуқуқу тартиботи Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сектори кор бо рейтингҳои байналхалқӣ ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми «Ҳокимияти электронӣ» бо теъдоди штатии 5 нафар аз ҳисоби ихтисор кардани вазифаҳои холии кормандони идораи Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шавад;
дар вазорату идораҳо шуъбаҳои махсусе, ки  барои кор бо рейтингҳои байналхалқӣ ва ҷорӣ намудани низоми «Ҳокимияти электронӣ» масъул мебошанд, дар ҳудуди миқдори муқарраршудаи штатӣ таъсис дода шаванд. 
Номгӯйи вазорату идораҳое, ки ба беҳсозии мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтингҳои байналхалқӣ ва баъзе индикаторҳои таркибӣ масъуланд, мувофиқи замимаи №3 тасдиқ карда шавад.
16. Ба зиммаи Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилоот вазифаи «PR»-марказ, ки барои ба роҳ мондани ахбор ва тарғибу ташвиқи васеъ, пеш аз ҳама, дар байни доираи корчаллонҳои хориҷӣ, соҳибкорон, сармоягузорони имконпазир, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ масъул мебошад, вазифаи маълумот дар бораи ҷараёни татбиқшавии ислоҳоти васеъмиқёс дар мамлакат, аз ҷумла дар доираи Барномаи давлатӣ, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқсозии тиҷорат дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошта шавад.
Ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (З. Ш. Низомиддинов) супурда шавад, ки дар муҳлати ду ҳафта лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи такмил додани фаъолияти Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон, аз ҷумла манбаъҳои мушаххаси бомаблағтаъминкунии чорабиниҳоеро, ки дар доираи татбиқсозии вазифаҳои «PR»-марказ пешбинӣ шудаанд, кор карда барояд.
17. Ба Оҷонсии оид ба идораи маблағҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои хоҷагидорӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бо ҷалби созмонҳои пешқадами байналхалқии молиявӣ ва консалтингӣ дар муҳлати то 1 июли соли 2019 ташаккул додан ва ҷорӣ намудани рӯйхати ягонаи ҷамъиятҳои хоҷагии аҳамияти ғайристратегиро, ки нисбати онҳо фурӯши маҷмӯи саҳмияҳо (аксияҳо)-и давлат ва мақомоти идораи хоҷагидорӣ дар сармояҳои оинномавии онҳо пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.
18. Ба Оҷонсии оид ба идораи маблағҳои давлатӣ супурда шавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии оид ба сармояҳо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон, ҳамчунин намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷа дар муҳлати то 10 июли соли 2019-ум ҷадвали дар доираҳои байналхалқии корчаллонҳо баргузор кардани муаррифии лоиҳаҳои пешомадноки сармоявӣ аз ҷумла ҷамъиятҳои хоҷагие, ки бинобар онҳо фурӯши маҷмӯи саҳмияҳо (аксияҳо)-и давлат ва мақомоти идораи хоҷагӣ, лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ кунад ва дар тӯли як сол татбиқ намояд. 
19. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 марти соли 2019-ум ба модароне, ки кӯдакони ногирои модарзод доранд, баъди ба синни нафақа расидани онҳо дар мавриди мавҷуд набудани собиқаи зарурӣ барои таъин кардани нафақа кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ пардохта мешаванд.
Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ қарори ҳукуматиро қабул кунад, ки миқдор ва тартиби пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоии дар боби мазкур пешбинишударо муайян мекунад.
20.Ба роҳ мондани кори мунтазам бобати коромӯзонии аҳолии бекор, ба хусус ҷавонон ба касбҳои дар бозори меҳнат харидоргир, ҳамчунин ҷорӣ намудани низоми умумимиллии додан ва тасдиқ кардани малакаҳои касбӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи фаъолияти Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2019-ум муқаррар карда шаванд. 
Муқаррар карда шавад, ки эътибори асосӣ бояд ба ҷорӣ намудани низоми умумимиллии малакаҳои касбӣ равона карда шавад, ки фароҳам овардани рағбатноксозии муассирро барои баланд бардоштани касби шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон, ба роҳ мондани таълими касбӣ ва баҳодиҳӣ ба тахассуси касбӣ дар пояи технологияҳои замонавии таълимӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкил намудани марказҳои таълими аҳолии бешуғл ва шаҳрвандони бекор дар шароити шарикии давлативу хусусиро дар пойгоҳи коллеҷҳои касбие, ки ба сохтори Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ дохил мешаванд, таъмин мекунанд.
21. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки ба мақсади татбиқ намудани вазифаҳои оид ба ҷорӣ кардан ва дар мамлакат инкишоф додани низоми замонавии таълими касбӣ, ки Барномаи давлатӣ пешбинӣ намудааст, дар муҳлати як моҳ  чораҳоеро, ки ба ҳамроҳшавӣ ба ҳаракати байналхалқӣ оид ба баланд бардоштани нуфузи касбҳои коргарӣ ва рушди таълими касбӣ нигаронида шудаанд, татбиқ намояд.
22. Муайян карда шавад, ки аз соли хониши 2019/2020-ум:
зина ба зина тартиби қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба муассисаҳои таълими олӣ аз тариқи марказҳои хидматрасонии давлатӣ ҷорӣ карда мешавад;
тартиби ҷудо кардани квотаҳои махсус барои довталабон аз ҷумлаи онҳое, ки хидмати ҳатмии ҳарбиро адо кардаанд ва тавсияномаи фармондеҳии қисмҳои ҳарбиро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ дар пояи озмуне, ки дар байни чунин шахсон амалӣ мешаванд, доранд, ҷорӣ карда мешавад.
23. Ба Инспексияи давлатии оид ба назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 марти соли 2019-ум якҷо бо:
Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Вазорати иқтисодиёт ва саноат тартиби мустақилона муайян кардани квотаи қабули донишҷӯён аз ҷониби муассисаҳои таълими олӣ бо назардошти талаботи пешомадноки иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин имконияти муассисаҳо бобати ба роҳ мондани тайёркунии босифати кадрҳо, бо назардошти ҷорӣ намудани тартиби мазкур аз соли хониши 2019/2020;
ба Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус супурда шавад, ки бобати аз байн бардоштани монеаҳои сунъӣ  ҳангоми тасдиқ намудани баробарии дипломҳои хориҷӣ, мувофиқсозии ҷараёни эътирофи онҳо таклиф пешниҳод кунад. 
24. Ба Вазорати корҳои дохилӣ супурда шавад, ки якҷо бо Прокуратураи генералӣ, Хидмати амнияти давлатӣ, Вазорати адлия ва идораҳои манфиатдори дигар дар зарфи як моҳ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи қонунро ворид кунад, ки инҳоро дар назар дорад:
сабуккунии ҷиноятҳои вобаста ба вайронкунии қоидаҳои буду бош дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
дифференсиякунии чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таъмин сохтани баррасии таъҷилии парвандаҳои чунин тоифа аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ.
25. Ба таклифи палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Маркази «Стратегияи рушд», Идораи мустақил оид ба мониторинги ташаккул додани ҷомеаи шаҳрвандӣ, Иттиҳодияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон, Иттиҳодияи миллии расонаҳои ахбори оммавии электронӣ ва ҷомеаи васеъ дар бораи:
а) таъсис додани созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратии – Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» ва шуъбаҳои ҳудудии он дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд;
б) муайян намудани вазифаҳои асосии Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» иттиҳоди ихтиёронаи шаҳрвандон, ҳамватаноне, ки дар хориҷа зисту зиндагӣ мекунанд, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, ки ба мақсади кӯмак ба татбиқсозии ислоҳоти пешбинишуда, аз ҷумла Барномаи давлатӣ пешбинишуда муттаҳид шудаанд, аз тариқи:
ба роҳ мондани мулоқоти ошкоро бо халқ ва ҷомеаҳои тиҷоратӣ;
ташаккул додани низоми самарабахши назорати ҷамъиятӣ;
сафарбар намудани саъю кӯшиши мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва идораҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон;
иштироки фаъол дар мубоҳисаҳои ҷараёни татбиқи ислоҳоти пешбинишуда, аз ҷумла ислоҳоте, ки Барномаи давлатӣ пешбинӣ намудааст, дар палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ;
мунтазам ворид намудани ахбори таҳлилӣ ва таклифҳо ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
в) интихоб кардани роҳбари Ҷунбиши умумимиллӣ аз ҷумлаи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони шуъбаҳои ҳудудӣ – аз ҷумлаи депутатҳои халқии шӯроҳои маҳаллӣ, ки ҳамзамон мушовирони раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва ҳокими шаҳри Тошканд ба шумор мераванд.
Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи ду ҳафта оид ба ташкил кардани фаъолияти Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» қарори ҳукуматро қабул кунад.
26. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» ва Маркази «Стратегияи рушд»:
мониторинги мунтазами ҷараёни татбиқи Барномаи давлатӣ ва коркарди тавсияҳо бинобар қабул кардани чораҳои иловагиро барои иҷрои босифат ва саривақтии он;
ҷамъбасти ҳармоҳаи ахбор дар бораи ҷараёни татбиқшавии Барномаи давлатӣ ва дар веб-сайтҳои худ ҷойгир кардани нишондиҳандаҳои мушаххас ва тағйиротҳои мусбати бадастомада;
дар ҳар семоҳа ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои мониторинг;
тайёр кардан, ба забонҳои хориҷӣ чоп кардан ва васеъ паҳн кардани тафсилоти иттилоотиву таҳлилии бахшида ба натиҷаҳои татбиқшавии Барномаи давлатиро таъмин намояд. 
27. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар ҳамкории наздики тарафайн бо Клуби байналхалқии матбуот, Бунёди ҷамъиятии  дастгирӣ ва рушди расонаҳои ахбори оммавии воситаҳои чопӣ ва оҷонсиҳои иттилоотии Ӯзбекистон, Иттиҳодияи миллии расонаҳои ахбори оммавии электронӣ, Иттиҳодияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон:
васеъ маънидод кардани мақсад, вазифаҳои Фармони мазкурро дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои Интернет;
саривақт то ба ҷомеаи васеъ расонда додани ахбори воқеӣ ва пурра дар бораи татбиқ шудани Барномаи давлатиро таъмин намоянд.
28. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо идораҳои манфиатдор дар зарфи як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
29. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва мушовирони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
17 январи соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: