ҶАВОНОН – БУНЁДКОРОНИ ОЯНДА

Соли 2018 дар ҳаёти ҷавонони Ӯзбекистон дигаргуниҳои куллӣ содир гардиданд.

Ба хусус дар мамлакат бахшида ба 30 июн – Рӯзи ташкилёбии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон «Рӯзи ҷавонон» васеъ таҷлил шуд. Дар беш аз 9 ҳазор чорабиниҳои маданию маърифатие, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ин муносибат роҳандозӣ шуданд, наздик ба 3 миллион нафар ҷавонон иштирок карданд. 
Тӯли давраи сипаришуда вобаста ба масъалаҳои ҷавонон беш аз 40 ҳуҷҷати қонунӣ ва зерқонунӣ қабул шудаанд. Аз онҳо 3 адад қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошанд, боқимонда фармон, қарор ва фармоишҳои Президенти мамлакат, ҳамчунин қарор ва фармоишҳои Девони Вазирон мебошанд. Қариб ба 70 ҳуҷҷати ҳуқуқиву меъёрии оид ба ҷавонон тағйирот ва иловаҳо дохил карда шуданд. Дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис бинобар масъалаҳои ҷавонон комиссия ва «Клуби ҷавонон» созмон ёфт. Дар ин бобат, дар ҷамъомади бахшида ба ҳисоботи солонаи фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар «Пресс клуби ҷавонон»-и Шӯрои марказии иттифоқ маълумоти муфассал дода шуд. Дар ин брифинг, ки барои ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ ташкил гардид, муовини аввали раиси иттифоқ Алишер Саъдуллоев дар бораи фаъолияти созмон дар соли 2018 маърӯза кард.   
Таъкид гардид, ки дар асоси ташаббусҳои ҷавонон дар назди иттифоқ фаъолияти 26 ташкилоти гуногунсоҳа, аз ҷумла, Шӯрои эҷодкорони ҷавони ҷумҳурӣ, Маркази бачаҳо ва ҷавонони имконияташон маҳдуд, Маркази хидматрасонии иҷтимоию психологии ҷавонон, Хонаи нашриёт, Шӯрои киноэҷодкорони ҷавон, Шӯрои фермерони ҷавони Ӯзбекистон ва ғайра ба роҳ монда шудаанд.
Тавре ки нотиқ қайд намуд, айни ҳол Иттифоқи ҷавонон дар атрофи худ беш аз 10 миллион ҷавононро муттаҳид намудааст. Фаъолияти беш аз 22 ҳазор ташкилоти ибтидоии иттифоқ ба роҳ монда шуд. Ҳоло дар мактабҳои таълими умумӣ беш аз 1 миллиону 900 нафар, дар муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус, касбу ҳунар зиёда аз 387 ҳазору 700 нафар пешвоён фаъолият мебаранд. 
27 июни соли 2018 Фармони Сарвари давлат «Дар бораи Барномаи давлатии «Yoshlar – kelajagimiz» қабул шуд ва мувофиқи он фаъолияти Бунёди «Yoshlar – kelajagimiz» роҳандозӣ гардид. Дар давоми 6 моҳи соли гузашта аз ҷониби бунёди номбурда барои 3141 лоиҳаи тиҷоратӣ ҷамъан ба миқдори беш аз 430 миллиард сӯм воми имтиёзнок ҷудо ва дар натиҷа зиёда аз 19 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуданд. 
Тавре ки А.Саъдуллоев қайд кард, дар соли 2018-ум 42 нафар писарону духтарон бо мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» ва медалҳои «Келаҷак бунёдкори» сарфароз карда шуданд. Ҳамчунин, 41 нафар ҷавонон ба нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» лоиқ дониста, дар давоми сол 17 нафар ҷавонон бо фаъолияти худ сазовори «Мукофоти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон» гардиданд. 
Дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти созмонҳои ибтидоии Иттифоқи ҷавонон ба роҳ монда, дар асоси он механизми ҳуқуқии узвияти ҳарбиён ва хидматчиёни ҷавони ҳарбӣ ба Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон роҳандозӣ гардид. Аз қариб ба 8 ҳазору 600 манзили бисёрошёнаи «Хонаи ҷавонон», ки сохтмонашон тӯли солҳои 2018-2021 ба нақша гирифта шудааст, ба 848 оилаи ҷавон калиди хонаҳои нав супурда шуд. 
Моҳи феврали соли гузашта дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро «Форуми ҷавонони Ӯзбекистон ва Русия», моҳи октябр «Ҷашнвораи ҷавонони Ӯзбекистон ва Русия» дар савияи баланд ташкил гардид. Ҳамчунин, дар ҳамин замина 26-30 июни соли 2018 дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд «Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. 
Муовини аввали раиси Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон А.Саъдуллоев дар баромади худ оид ба корҳои дигаре, ки тӯли соли гузашта аз ҷониби иттифоқ роҳандозӣ шудаанд, низ ба ҳозирин ва кормандони РАО маълумоти муфассал дод ва таъкид кард, ки ин қабил лоиҳа ва корҳои васеъмиқёс дар соли ҷорӣ низ татбиқ мешаванд.
Дар охири брифинг барои иштирокдорон дар бораи фаъолияти солонаи ташкилоти сохтори иттифоқ намоише пешкаш гардид, ки аз хусуси ҳаёти ҷавонони мамлакат, бурду бохтҳои онҳо дар соли 2018-ум ҳикоя мекунад. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: