ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ТАҲДИДИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

Бо ибтикори Маркази ғайридавлатии бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон таҳти унвони “Инъикоси вазъиятҳои таҳдидомез: хатари терроризм ва ифротгароӣ дар васоити ахбори умум” дарсҳои омӯзишӣ роҳандозӣ шуд.

Дарсҳои бозомӯзӣ бар асоси лоиҳаи дафтари Иттиҳодияи Аврупо – «Ҷойгоҳи воситаҳои ахбори умум дар таъмини амну субот ва барқарории ҷомеа» баргузор гардид.
Дар он мутахассисон бо маърӯзаҳо ширкат карданд. 
Баланд бардоштани малакаи журналистони расонаҳои гуногун  ҷиҳати инъикоси масъалаҳои  терроризм ва хатари он дар меҳвари маърӯзаҳои дарсҳои бозомӯзӣ қарор дода шуд. Зеро дар айни замон ҷомеаи башар ба хатарҳои терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан рӯ ба рӯ мебошад. Дар ин маврид баъзе воситаҳои ахбор ислом ва кишварҳои мусалмониро аз гунаҳкорони асосии зуҳури ташаннуҷи вазъ ва терроризму ифротгароӣ дар нуқоти гуногуни олам мешуморанд. 
– Дарсҳои бозомӯзиро мо бо ҳимояти молии дафтари тошкандии Иттиҳодияи Аврупо ташкил кардем. Ба он як гурӯҳ хабарнигорони расонаҳои кишварро даъват кардем ва онҳо донишу малакаи худро такмил доданд. Пӯшида нест, ки малакаву маҳорат ва таҷрибаи журналистони мо дар заминаи инъикос ва таҳлили  масъалаҳои доғи рӯз – хатари терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ ҳанӯз такмилу тадриҷ мехоҳад. Аз ин лиҳоз дар дарсҳои бозомӯзӣ ба баррасии ҳамин нукта аҳамияти бештар дода шуд, – гуфт директори Маркази ғайридавлатии бозомӯзии журналистон Гулнора Бобоҷонова.
Дуруст инъикос намудани масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва иллатҳои дигари барои ҷомеа хавфнок, асосҳои қонунии он аз журналистон донишу малака тақозо мекунад. Ҳамчунин, ҳифзи қадриятҳои исломӣ,  фош намудани усулҳои ҷалбу ҷазби ҷавонон аз тарафи гумоштагони созмонҳои тундраву террористӣ, пиёда кардани таҳқиқоти журналистӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои марбут ба терроризм ва тундгароии мазҳабӣ ва монанди он аз вазифаҳое мебошанд, ки бидуни маҳорати касбӣ инъикоси он барои журналистон мушкилот эҷод хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: