БОЗ БЕҲТАР КОР МЕКУНЕМ

Пешгирии касалиҳо ва табобати беморон дар ҳама давру замон муҳим буд.

Дар поликлиникаи оилавии рақами 48-уми деҳаи Варзики ноҳияи Чуст 14 нафар духтур ва 53 нафар ҳамшираҳои тиббӣ барои саломативу тандурустии ҳамдиёрони худ меҳнат мекунанд. Онҳо сиҳҳатии  аҳолии 5 маҳаллаи Варзик ва деҳаи ҳамсояи Қароқӯрғонро ҳифз менамоянд. Дар назди поликлиника нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ низ амал мекунад. Духтурон ва ҳамшираҳои тиббии мо бо кӯмаки ду автомобили сабукрави соҳа ба шаҳрвандон сари вақт кумаки тиббӣ мерасонанд.
Ду соли охир аз ҷониби Президент ва Вазорати нигоҳдории тандурустии мамлакат доир ба фаъолияти соҳа чандин фармон ва фармоишҳо қабул шуданд. Фармони роҳбари мамлакат Шавкат Мирзиёев дар бораи ҳавасмандгардонии ходимони тиббӣ, ки моҳи ноябри  соли гузашта эълон гардид, мо шифокоронро хеле рӯҳбаланд кард. Мувофиқи ин ҳуҷҷат музди меҳнати шифокорон ва кормандони соҳа аз 1 декабри соли 2018-ум 1,2 баробар зиёд карда шуд, он аз 1 апрели соли равон боз 1,15 баробар зиёд мешавад.
Дар назди Вазорати нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ Бунёди рушд ва рағбатноксозии моддии ходимони мақомоти идораи номбурда таъсис ёфт, ки ба пешрафти бештари соҳа мусоидат хоҳад кард. Шахсан ман дар тӯли кори бисёрсолаи худ ин гуна дастгирӣ ва ҷонибдории давлат ва ҳиммати ҳукуматро мушоҳида накарда будам. Бино бар ин аз номи аҳли ҷамоа ба сарвари мамлакат сипосгузорӣ мекунам.
Умедворам, ки шифокорони мо, аз ҷумла духтурони ихтисосҳои гуногун Муҳаббат Абдулатифова, Муҳаррам Бозорова, Ҳамдам Инъомов, Хайриҷон Ҷӯраева , Сайлибар Мирзоева ва ҳамшираҳо Фирӯза Инъомова, Мукаррам Баҳодурова, Санобар Ҷӯраева, Маҳбуба Муртазоева, Гулшанхон Котибова, Мавҷуда Раҳмонова, Матлубахон Котибова ва дигарон аз ин эътибору ғамхориҳо руҳбаланд гардида, бо ғайрати дучанд ва самарабахштар кор мекунанд. Мо тамоми донишу маҳоратамонро истифода бурда, барои тандурустии аҳолии диёр заҳмат мекашем. Ҳоло дар поликлиника, тавре ки зикр шуд, беш аз панҷоҳ нафар ҳамшираҳо кор мекунанд. Аз онҳо 33 нафарашон дар хизмати патронажии деҳаҳои Варзику Қароқӯрғонанд. Бинобар фармони роҳбари давлат музди меҳнати онҳо аз моҳи декабри соли гузашта 20 фоиз афзуд. Хизмати патронажӣ беҳтар роҳандозӣ гардид. Ҳар як ҳамшира вазифадор шуд, ки дар ҳудуди худ барои саломатии аҳолӣ аз таҳти дил кор кунанд. Музди баланди меҳнат албатта, хуб аст, вале он аз мо меҳнату ғайрати дучандро тақозо менамояд. 
 Ман бо эътимод гуфта метавонам, ки аҳли ҷамоаи мо минбаъд низ сазовори ин бовариву дастгирӣ кор мекунанд.

Фарида ЮСУПОВА,
сардухтури  поликлиникаи оилавии рақами 48-уми деҳаи Варзики ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: