ОБЪЕКТҲО БОЗСОЗӢ МЕШАВАНД

Дар ояндаи наздик мавҷи сайёҳон ба деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона хеле афзоиш хоҳад ёфт.

Зеро ин деҳаҳо тибқи қарори Президент барои қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз нав бозсозӣ хоҳанд шуд. Ин матлабро  дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят  ба мухбири «Овози тоҷик» иттилоъ дод.  

Гуфта мешавад, ҳокимияти вилоят бо таъсиси як гурӯҳи корӣ аллакай амалӣ сохтани ин нақшаи муҳимро оғоз намудааст. Дар айни замон гурӯҳи кории иборат аз роҳбарони бонкҳо, соҳибкорон ва вакилони ҳокимияти вилоят барои бозомӯзии шароит аз деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдон  боздид намуданд. Онҳо барои сохтмони объектҳои гуногун минтақаҳои муносибро интихоб карданд.
– Пеш аз ҳама, мо дар ҷамоатҳои шаҳрвандони деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдон дафтари маъмурии ривоҷи сайёҳиро  ташкил кардем. Объектҳое аниқ карда шуданд, ки муддати дароз бидуни истифода қарор гирифтаанд ва бозсозии куллиро тақозо менамоянд. Зимнан дар ин ҷо ҳудуди панҷоҳ маскани фароғатиро мушаххас намудем ва  ба тасарруфи маъмурияти рушди сайёҳӣ шомил намудем, – мегӯяд сардори Садорати рақобати вилоят Восилбек Назаров.
Тавре ки мавсуф боз таъкид кард, ҳамаи масканҳои фароғатӣ мувофиқи қарори Президенти мамлакат ба субъектҳои соҳибкорӣ барои бозсозӣ ва минбаъд барои баҳрабардорӣ супурда мешаванд. Гуфта шуд, субъектҳои соҳибкорӣ  тибқи имкониятҳои молии худ ба бозсозии масканҳои фароғатӣ ва бунёди объектҳои нави мавриди назар  шуғл меварзанд. 
Интизор меравад, ки аз тариқи бунёд гардидани меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхонаву чойхонаҳо, кинотеатр ва боғи истироҳат деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона беш аз пеш хурраму зебо мегарданд. Ҳамчунин  ба ин васила имкон пайдо мешавад, ки аҳолии ин деҳот ва хоҳишмандон аз минтақаҳои дигари вилоят  ба ҷойҳои кор таъмин гарданд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: