Хабарҳо

БО МЕДАЛҲО АЗ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

Дар баланд бардоштани шарафи мамлакат дастпарварони муассисаҳои таълимиамон низ бо мусаллаҳӣ ба асосҳои дониш ҳисса мегузоранд. 

9-15 январи соли равон дар шаҳри Остона (Қазоқистон) олимпиадаи фаннии байналхалқӣ бо иштироки 157 нафар довталабон рӯи кор омад. Аз 18 нафар фиристодагони мо 8 нафар ба гирифтани медали биринҷӣ, 2 нафар нуқра ва як нафар тилло муваффақ гардиданд. Хусусан, ҷавононамон Расулбек Озодов ва Отабек Ҳасанов аз математика ва физика дониш ва маҳорати баланд доштани худро ба исбот расонда, бо сари баланд ба диёр баргаштанд. 

ДОСТОНСАРОӢ ДАР ГАЛЕРЕЯ

Одатан дар галереяҳо намоишҳо ташкил карда мешаванд, вале тадбире, ки Галереяи санъати тасвирӣ воқеъ дар пойтахт баргузор намуд, ноанъанавӣ буд. 

15-19 январ дар ин ҷо гӯяндагони мардумӣ ҳунари худро намоиш доданд. Дар маҳфили достонсароӣ баробари гӯрӯғлихонҳои машҳур ҷавононе низ ширкат ҷуста ва танбуру думбура дар даст овозхонӣ карданд, ки ба фолклор – эҷодиёти даҳонии мардуми хеш муҳаббати баланд доранд. Бахшии мардумии Ӯзбекистон Абдуназар Поёнов, ки бо иқтидори наҷиби ҳамосасароӣ ба забон афтода ва дар Фаронса, Белгия, Швейтсария, Туркия ва Туркманистон барин мамлакатҳо ҷасорат, мардонагӣ ва муҳаббати Алпомиши афсонавиро тараннум кардааст, гули сари сабади маҳфил қарор гирифт. Вай изҳор дошт, ба амал омадани ин гуна тадбирҳо дар тарбияи худшиносӣ, бедор кардани ҷасорат ва ҳисси ватанпарастии ҷавонон нақши калон доранд, ба анъана ва суннатҳои аҷдодӣ чӣ қадар муносибат доштани халқеро, ки арзишҳои бойи маънавиро бархурдор аст, ифода менамоянд.

ЁДБУДИ МУСАВВИРИ НЕМИС 

Дар Театри миллӣ маҳфили ёдбуди рассоми номӣ Георгий Брим баргузор гардид. Дар декоратсия ва ороиши саҳнаи чандин спектакл, ки дар ин боргоҳи ҳунар гузошта шудаанд, саҳми ин мусаввири чирадаст назаррас. 

Дар тадбире, ки бо иштироки устодони санъати театрӣ, санъатшиносон, ҳаводорон, дӯстон ва шогирдони Брим ба амал омад, баромадкунандагон хидматҳои шоёни ӯро ёдрас ва дар борааш хотираҳои худро баён намуданд. Вазири маданияти Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев гуфт, Брим баробари декоратсияи намоишҳои саҳнавии миллӣ дар ороиши саҳнаи спектаклҳое, ки ба қалами драманависони Аврупо мутааллиқанд, низ диди баланд нишон медод. Ҳарчанд дар кишвари дигар таваллуд ва парвариш ёфт, ба мардуми мо муҳаббати комил дошт ва Ӯзбекистонро дӯст медошт.
Брим солҳои 60-80-уми қарни сипаришуда дар театри миллии ҳозира (собиқ ба номи Ҳамза) чун саррассом фаъолият бурд, баробари ин дар ороиши саҳнаи чандин асарҳое, ки дар театрҳои гуногуни пойтахт ба намоиш гузошта шуданд, саҳм гирифт.
Бахшида ба ёдбуди Брим видеонамоиш аз силсилаи «Симоҳои фаромӯшнашаванда» ба ҳозирин таассуроти калон бахшид.

ДӮКОНҲОИ САЙЁРИ МАҲСУЛОТИ КИТОБ

Маълум, ки вақтҳои охир дар мамлакатамон ба чоп ва таблиғи китоб, баланд бардоштани маданияти мутолиа эътибори алоҳида дода мешавад. Ба дасти хонанда расонидани маводи чопӣ низ аз масъалаҳои муҳим аст.

Дар назди нашриёти «Ӯзбекистон» воқеъ дар кӯчаи Навоии пойтахт дӯкони сайёри китобфурӯшӣ ташкил гашт. Дар растаҳо тақрибан 250 китоб ҷой гирифт. Мақсад аз ташкил кардани он, албатта, қонеъсозии эҳтиёҷи аҳолӣ ба китоб ва бо нархҳои нисбатан арзон пешкашнамоии маводи нашрист. Ҷуз ин ҷо дар кӯчаи Тансиқбоеви пойтахт низ ташкил карда шудани дӯкони сайёр эътибори аҳолиро ба худ кашид. Дӯконҳо аз соати нӯҳи субҳ то бисти шом хидмат мекунанд. Дар 20 бозори пойтахт, ҳамчунин, рӯзҳои ид дар сайргоҳҳо ташкил намудани ин гуна дӯконҳо, ки аз ҷое ба ҷои дигар кӯчонданашон қулай, ба нақша даромадааст. Назар ба таъкиди роҳбари хидмати ахбори Агентии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон Хуршед Йӯлдошев, ғайр аз китобҳо, ки маҳсулоти ба талаботи замон ҷавобгӯи нашриётҳои давлатию хусусианд, рӯзномаю маҷаллаҳо низ бо номгӯи зиёд ба фурӯш бароварда мешаванд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: