ВОХӮРИИ СУДМАНДИ УСТОДОН

Соли сипаришуда муносибатҳои самимии ду давлати ҳамҷавор – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти кишвар аз нав барқарор гардид ва нахустин ташрифи давлатии сарвари дурандеши мо Ш.Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки бо ашки шодӣ пешвоз гирифтанд ва даҳсолаҳо боз чунин рӯзи пурбаракотро халқ интизор буд, дар саҳифаҳои таърих бо хати зарҳал сабт гардид.

 Минбаъд дар ҳамаи соҳаҳо роҳандозии ҳамкории дуҷониба пешбинӣ гардида, аллакай дар ин раванд корҳои назаррас ба анҷом мерасанд. 
Аз ҷумла, дар соҳаи илм ва таълим корҳои судманде амалӣ мешаванд, ки ба густариш додани соҳаи мазкур ва тайёр намудани кадрҳои дорои салоҳияти зеҳнӣ ва иқтидори офарандагӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. 
Як ҳайати устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои тарафайн ва таҷрибаивазкунӣ ба Донишкадаи муҳандисони механизатсиякунонии ирригатсия ва хоҷагии қишлоқи Тошканд ташриф оварданд.
– Ҳадаф аз ин вохӯрӣ тартиб додани як барномаи асосӣ барои ҳамаи муаллимон ва устодони соҳа мебошад, ки минбаъд барои корҳои илмиву таҷрибавии мутахассисони ду давлат натиҷаи матлуб хоҳад дод. Барои тайёр кардани магистрантҳо низ муштарак будани барномаи таълимии донишгоҳҳои мо мусоидат мекунад, – гуфт зимни суҳбат декани факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Мирасил Мирзоев.
Ҳайати меҳмонон бо устодони донишкада, вазъи таълим, таҳсили донишҷӯён, корҳои таҷрибавии мутахассисони муассисаи зикршуда, ки дар пойтахт воқеъ аст, аз наздик шинос шуданд.
– Мо омода ҳастем, ки дар соҳаи гидравлика ва гидроинформатика бо ҳамкории устодони ДАТ барои донишҷӯён китобҳои дарсӣ нависем, дар тартиб додани донишномаҳои соҳавӣ мавод омода карда диҳем.
Ман дар соҳаи мазкур таҷрибаи зиёд дорам ва аз салоҳияту дониши олимони соҳа, аз ҷумла, мутахассисоне, ки оид ба гидравлика дар Тоҷикистон кор ва фаъолият доранд, огоҳӣ дорам. Гидравлика аз соҳаҳои ниҳоят муҳим дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҳам Ӯзбекистон, ҳам Тоҷикистон ба шумор меравад, – гуфт мудири кафедраи гидравлика ва гидроинформатикаи ДММИХХТ, профессор Ойбек Орифҷонов.
Ҳайати мутахассисони тоҷикистониро мудири шуъбаи Институти масъалаҳои оби гидроэнергетика ва экологияи назди АУ ҶТ, профессор Алӣ Фозилов роҳбарӣ мекард. Ӯ зимни вохӯрӣ бо лабораторияи гидравлика ба ҳар як асбобу анҷоми озмоишӣ бо мӯшикофӣ зеҳн монда, баъзе фикрҳои худро ба ҳамроҳонаш мефаҳмонд.
– Ман фикр мекунам, ин вохӯрӣ оғози эҳёи соҳаи мо мебошад. Ҳайати мо аксаран аз ҷавонон иборат аст, ки ба тозагӣ дар илм тадқиқот бурда ҳимоя кардаанд. Дар оянда ҳамин олимони ҷавон кор мебаранд. Аз ин рӯ, ҳамкории олимони ду донишгоҳ салоҳияти кории кадрҳои ҷавонро таҳким мебахшад, – мегӯяд профессор А.Фозилов.
Байни мутахассисони соҳа баҳс шуд, ки пештар аксарияти истилоҳ ба забони русӣ мавриди истеъмол буданд, имрӯз ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам дар Тоҷикистон терминҳо мувофиқи забони адабии  ҳарду миллат тағйир дода шудаанд, ки дар фаҳмиши баъзе истилоҳот корро душвор мекунанд. Сари ин масъала низ бояд мулоҳиза кард. Яъне тартиб додани луғати соҳавӣ зарурат дорад, ки барои олимони ҳарду давлат манзур гардад.
– Мо чанд сол пеш вақте ки истилоҳоти соҳаи гидравликаро ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ тартиб  додем, истилоҳоти  тоҷикияшро ҳам ба он илова намудем, – гуфт О.Орифҷонов.
Дар вохӯрӣ декани факултети гидромелиоратсия, дотсент Алишер Фатҳуллоев, устодони ДАТ – номзадҳои илмҳои техника Ш.Пӯлодов, И.Икромов, номзади илмҳои география Д.Бобиев ва дигарон оиди нозукиҳои соҳаи гидравлика ва барои ҷомеа имрӯз ниҳоят муҳим будани он ва умуман, хоҷагии қишлоқ нуқтаи назари худро пешниҳод намуданд.


Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: