ӮЗБЕКИСТОН – ОЛМОН: БО САЪЮ КӮШИШИ ДУҶОНИБА БАРОИ ТАҲКИМИ МИНБАЪДАИ ҲАМКОРӢ

20 январи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Канслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ангела Меркел бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафт.

21 январ дар қасри Белвюи Берлин маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуқӯъ омад. Шавкат Мирзиёевро Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер пешвоз гирифт. 
Роҳбари давлати мо ба Китоби меҳмонони ифтихорӣ дастхат гузошт. Ба шарафи меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашид. Гимнҳои давлатии Ӯзбекистон ва Олмон садо доданд. Президентҳо аз назди қаровули фахрӣ гузаштанд.
Дар вохӯрӣ президентҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи мулоқоти сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои муфиди тарафайни Ӯзбекистон ва Олмонро дар пояи гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷанба муҳокима карданд. 
Саъю кӯшиши идома додани дастгирии тарафайн дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва сохторҳои дигари бонуфуз таъкид шуд.
Президентҳо муҳимияти мустаҳкам кардани муносибатҳоро дар асоси татбиқсозии Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, ки бо ташаббуси Олмон коркард мешавад, таъкид намуданд. 
Ҷонибҳо зарурияти ҳамкории беш аз пеш наздики тарафайнро дар мубориза бар муқобили таҳдид ва хурӯҷҳои замонавӣ, пеш аз ҳама терроризм, экстремизм ва радикализм зикр карданд. Ягонагии муносибатҳо дар масъалаҳои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҷараёни сулҳхоҳона дар Афғонистон таъкид шуд.
Қайд гардид, ки дар ҷараёни бозсозии куллии иқтисодиёти Ӯзбекистон ҷалби васеи таҷриба ва технологияҳои пешқадами Олмон аҳамияти махсус дорад. 
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ баррасӣ шуданд. Пешомаднокии истифодаи технологияҳои самарабахши педагогии Олмон дар соҳаи таълими мактабӣ, аз ҷумла татбиқ намудани ташаббуси «Мактабҳо: шарикони оянда» (PASCH), дар Ӯзбекистон кушодани филиали мактабҳои олии Олмон ва мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангии байни халқҳои мо низ муҳокима гардиданд. 
Президенти федералӣ Франк-Валтер Штайнмайер бори дигар таъкид намуд, ки тайёр аст баҳори соли равон ба Ӯзбекистон сафар кунад.
То оғози гуфтушунидҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Канслери федералии Олмон Ангела Меркел барои намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ брифинг ба амал омад. 
Ангела Меркел таъкид сохт, ки ин ташриф пас аз танаффуси дарозмуҳлат аввалин сафари Президенти Ӯзбекистон ба Олмон ба шумор рафта, ҳодисаи муҳим мебошад ва ба пешрафти ҳамкориҳои дуҷониба такони пурқувват хоҳад бахшид.
– Мо мехоҳем шарики муътамади Ӯзбекистон бошем. Барои вусъат додани ҳамкориҳои байни кишварҳоямон имкониятҳои зиёдро мушоҳида мекунем, – гуфт канслери Олмон. 
Шавкат Мирзиёев барои эътибори баланде, ки ба ҳайати Ӯзбекистон зоҳир гардид, миннатдории амиқ изҳор намуда, мардуми ин кишварро бо 70-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки моҳи майи соли равон таҷлил мегардад, муборакбод кард.
Пешрафти муттасили робитаҳои дуҷониба, ки солҳои охир инкишоф меёбанд, бо мазмуни нав ғанӣ гардидани онҳо, фаъолтар шудани мулоқоти сиёсӣ бо қаноатмандӣ қайд шуданд. 
Президент Шавкат Мирзиёев махсус таъкид сохт, ки Олмон шарики муътамад ва пешомадноки Ӯзбекистон ба шумор меравад, кишвари мо ният дорад муносибатҳои дуҷонибаро ба дараҷаи сифатан нав ва баландтар бардорад. 
Қайд гардид, ки дар гуфтушунидҳо аҳвол ва пешомади ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои сиёсат ва амният, савдо, технология ва инноватсияҳо, сармояҳо, таълим ва маданият баррасӣ хоҳанд шуд. 
Манфиатдории тарафайн аз ҳамкориҳои қарини минбаъда дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва сохторҳои дигари байналхалқӣ таъкид гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин изҳор доштанд, ки муносибатҳояшонро  дар пояи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ҳам бинобар самти Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ ва ҳам дар шакли Олмон – Осиёи Марказӣ мустаҳкам мекунанд.
Эълон гардид, ки дар вохӯрии пешистода ба пурзӯр кардани ҳамкории тарафайн дар мубориза бар муқобили таҳдид ва хурӯҷҳои замонавӣ, пеш аз ҳама, терроризм ва экстремизм эътибори махсус дода хоҳад шуд, ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҷараёни сулҳу салоҳ дар Афғонистон масъалаи рӯзмарра ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки Ӯзбекистон барои мулоқоти конструктивӣ дар соҳаҳои таъмин намудани ҳуқуқ ва озодии инсон, ҳамчунин ҳамкорӣ ба мақсадҳои муваффақ шудан ба шаффофияти низоми идораи давлатӣ ва куллан аз байн бардоштани тамаъгарӣ кушода аст. 
Ҷонибҳо тайёрии худро аз вусъат додани ҳамкориҳои сармоявиву технологӣ иброз доштанд. Хабар дода шуд, ки дар арафаи сафари Президенти Ӯзбекистон анҷумани тиҷоратӣ бомуваффақият баргузор гардида, бинобар натиҷаи он бобати татбиқ сохтани лоиҳаҳои нав дар маблағи зиёда аз ҳашт миллиард евро муоҳида баста шуд, кор вобаста ба шартномаҳои дигар идома дорад. 
Имкониятҳои зиёди ҳамкории тарафайн бобати  вусъат додани шабакаи мактабҳо бо омӯзиши амиқи забони немисӣ, рушди робитаҳо бо мактабҳои баобрӯи олии Олмон низ зикр шуданд. 
Дар гуфтушунидҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Канслери федералии Олмон Ангела Меркел ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ ва технологӣ эътибори ҷиддӣ дода шуд. 
Шабоҳат ва қаробати мавқеъҳо бинобар масъалаҳои асосии рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ қайд гардид. Ҳар ду ҷониб изҳор доштанд, ки гуфтушунидҳои пурмаҳсулро дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷанба, аз ҷумла дар доираи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ идома хоҳанд дод. 
Канслери Олмон ба ислоҳоте, ки таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон амалӣ гардида, ба бозсозии иқтисодиёт ва минбаъд демократикунонии ҷамъият нигаронида шудаанд, баҳои баланд дод. Вай сиёсати нави минтақавии Ӯзбекистонро бобати дар Осиёи Марказӣ фароҳам овардани муҳити дӯстӣ ва эътимоди тарафайн, ҳаллу фасли сулҳхоҳонаи масъалаҳои мубоҳисавии чандинсола ва қаробати минтақа дар иқтисодиёти ҷаҳониро дастгирӣ намуд. 
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва муҳити атрофро муҳокима карданд. Роҳбари давлати мо ба ҳукумати ҶФО барои кӯмакаш бобати бартараф сохтани оқибатҳои фоҷиаи Арал миннатдорӣ баён намуда, ҷониби Берлинро ба иштироки фаъол дар фаъолияти Бунёди бисёрҷанбаи трастӣ барои минтақаи Наздиарал даъват кард. 
Дар мулоқот мавзӯи ҳамкории тарафайн дар соҳаи амният, аз ҷумла бо назардошти мушкилоти Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Зарурияти танзими сулҳхоҳонаи он бо иштироки тамоми ҷонибҳои даргир ва таҳти роҳбарии худи афғонистониён таъкид шуд. 
Олмон яке аз шарикони асосии Ӯзбекистон дар соҳаҳои технология ва сармояҳо ба шумор меравад. Дар байни кишварҳои мо тарзи мусоид дар соҳаи савдо амал мекунад. Соли гузашта мубодилаи дуҷонибаи мол аз 700 миллион евро гузашт. 
Дар гуфтушунидҳо мавҷуд будани тамоми имкониятҳо барои то ба 1 миллиард евро расондани ин нишондиҳанда таъкид гардид ва самтҳои пешомадноки ҳамкорӣ дар соҳа баррасӣ шуданд. 
Дар Ӯзбекистон 132 корхона бо иштироки сармоягузорони немис, аз ҷумла 33 корхона бо сад фоиз сармояҳои Олмон, намояндагии 31 фирма ва ширкатҳо фаъолият доранд. Аз ҷониби Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон робитаҳои қарордодӣ бо 57 бонки Олмон ба роҳ монда шудаанд. Дар Тошканд шуъбаи «Дойче-банк» амал мекунад. 
Дар Ӯзбекистон бо муваффақият татбиқ гардидани лоиҳаҳои васеъмиқёс бо консернҳои дар ҷаҳон машҳури олмонӣ мисоли равшани ҳамкориҳои муфиди тарафайни сармоявӣ ба шумор меравад. Истеҳсоли автомобилҳои замонавии боркашон якҷо бо консерни «MAN», техникаи хоҷагии қишлоқ бо «CLAAS» ва «Lemken», маводи сохтмон бо «Knauf», маҳсулоти симу ноқилҳо бо «Deutsche Kabel» ба роҳ монда шудаанд. Бо иштироки мутахассисони олмонӣ қитъаи роҳи оҳани «Қаршӣ — Тирмиз» электриконида мешавад. 
Аз ҷониби шӯрои корчаллонҳои ӯзбекистониву олмонӣ бо мақсади зиёд намудани мубодилаи тарафайни мол ва ҳаҷми сармояҳои бевосита корҳои мустақим амалӣ мегарданд. Бинобар ҳамкориҳои молиявиву техникӣ гуфтушунид ва машваратҳо, бобати савдо ва сармояҳо, хоҷагии қишлоқ ҷамъомади гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ баргузор мешаванд. 
Дар мулоқот оид ба татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштараки барои ҳар ду ҷониб муфид дар соҳаҳои савдо, саноат, газу кимиё, сохтмон, вусъат додани кӯмакҳои молиявиву техникӣ ва мубодилаи таҷриба муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Бо қаноатмандии махсус таъкид гардид, ки дар доираи сафар бобати татбиқ намудани лоиҳаҳои нав ба маблағи чандин миллион дар шарикӣ бо консернҳои дараҷаи ҷаҳонии Олмон, аз ҷумла «Siemens», «Thyssen Krupp», «Class», «MAN», «Knauf», «Linde», «Papenburg», «Humana», «Volkswagen», ки дар соҳаҳои кимиё, сохтмон, энергетика, филизот ва озуқаворӣ пешқадам мебошанд, муоҳида баста шуд.
Муҳимияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва таълим, вусъат додани робитаҳои маданӣ ва мубодилаи сайёҳӣ таъкид гардид. 
Зикр шуд, ки дар Ӯзбекистон беш аз ҳашт ҳазор немисҳо зисту зиндагӣ мекунанд,  барои рушди маданият ва анъанаҳои миллии онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд, зиёда аз 400 ҳазор толибилмон забони немисиро меомӯзанд. Ба қарибӣ ба мактабҳои воқеъ дар Тошканд, Самарқанд ва Бухоро номи намояндагони бузурги фарҳанги Олмон дода шуд. 
Таҳкими робитаҳои маданиву инсонпарварӣ ба фаъолияти хуби Институти Гёте дар Тошканд, намояндагии бунёдҳои Конрад Адэнауэр ва Фридрих Эберт, Хидмати мубодилаҳои академии Олмон (DAAD), созмонҳои дигари ин мамлакат мусоидат менамоянд. Маркази мадании немисҳо «Видергебурт» бо бахшҳояш дар Тошканд ва чанд вилоят, Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Олмон» амал мекунанд.
Дар Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Олмон, ки ба муҳлати то 30 рӯз меоянд, режими бидуни раводид ҷорӣ гардидааст. Ин барои сайёҳон ва сармоягузорони немис, ки ба кишвари мо рағбат зоҳир менамоянд, мусоидатҳои иловагӣ фароҳам меоварад. 
Дар доираи сафар нӯҳ ҳуҷҷати байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, молия, таълим, илм ва инноватсияҳо имзо шуд.
Ҷонибҳо манфиатдории тарафайнро аз рушди минбаъда ва амиқсозии муносибатҳои дуҷониба барои беҳбуди ду кишвар ва халқҳо таъкид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмон Волфганг Шойбле низ мулоқот дошт. 
Бундестаг парлумони якпалатагии Олмон буда, ғайр аз қабули қонунҳо интихоб кардани Канслери федералӣ ва назорати фаъолияти ҳукумат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини он ба шумор мераванд.           
Дар байни парлумонҳои Ӯзбекистон ва Олмон робитаҳои қарин ба роҳ монда шудаанд. Дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис гурӯҳи «Ӯзбекистон – Олмон» оид ба ҳамкорӣ бо Бундестаг, дар Бундестаг – гурӯҳи «ҶФО – Осиёи Марказӣ» амал мекунанд.
Шавкат Мирзиёев нақши муҳими парлумонҳои моро бобати дастгирии ҳуқуқии ҳамкориҳои ӯзбекистониву олмонӣ, пешбурди манфиати халқҳоямон таъкид намуд. 
Раиси Бундестаг ба дигаргуниҳое, ки дар кишвари мо татбиқ гардида, ба сохтмони давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва ҷомеаи муқтадири шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд, баҳои баланд дод. 
Дар мулоқот масъалаҳои мубодилаи таҷриба бинобар таъмин сохтани волоияти қонун, татбиқ намудани назорати парлумонӣ, баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Муҳимияти ҳамкории байнипарлумонӣ дар доираи «харитаи амалиёт», ки минбаъд барои татбиқ намудани муоҳидаҳои вобаста ба соҳаҳои савдову иқтисодиёт ва сармоя ҳангоми сафари кунунӣ имзо шуда, амалӣ мегарданд, таъкид гардид.
Зикр шуд, ки сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Олмон самтҳои нави ҳамкории тарафайнро барои тамоми дараҷаҳо, аз ҷумла миёни парлумони ду мамлакат мушаххас кард. 
Роҳбари давлати мо бо биное, ки дар он ҷамъомадҳои Бундестаг мегузаранд, шинос шуд, ба ҳайати мамлакати мо дар бораи таърих ва кори Бундестаг маълумот пешниҳод гардид.

Худи ҳамон рӯз Президент Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Мюнхен рафт. Дар шафати қароргоҳе, ки барои ҳайати Ӯзбекистон ҷудо карда шуда буд, роҳбари давлат бо ҷавонони ӯзбекистонӣ, ки дар Бавария мехонанд ва кор мекунанд, сӯҳбат кард. 
***
Дар рӯзи дуюми ташриф Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Мюнхен бо Сарвазири замини Бавария Маркус Зёдер вохӯрд.
Роҳбари давлат дар Китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.

Дар Бавария, ки дар ҷанубӣ-шарқии Олмон воқеъ гаштааст, 12,9 миллион одам зиндагӣ мекунад. Аз нигоҳи масоҳат дар ҷои аввал буда, аз лиҳози миқдори аҳолии федератсия дар ҷои дуюм аст.
Бавария яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққиёфтаи Олмон ба шумор меравад, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавии он қариб 600 миллиард евроро ташкил менамояд, ки ин нисбат ба нишондодҳои аксарияти мамлакатҳои аъзои ИА зиёд мебошад. Ба саҳми саноати ин замини федералӣ қариб ними тамоми маҳсулоти техникаи авиатсия ва аэрокайҳон, 43 фоизи маҳсулоти бофандагӣ, 27 фоизи электроника, 18 фоизи мошинсозӣ, 12 фоизи маҳсулоти филизоти ҶФО рост меояд.
Дар аввали суҳбат Президенти Ӯзбекистон Маркус Зёдерро ба муносибати интихоб гардиданаш ба раисии Иттиҳоди христиан-сотсиалии Олмон табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки фаъолияти ӯ дар ин вазифа барои минбаъд амиқсозии ҳамкории дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот масъалаҳои истиқболи рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз он ҷумла дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ муҳокима гардиданд.
Шавкат Мирзиёев гуфтугӯҳои босамарро бо Президенти федералӣ Франк-Валтер Штайнмайер, Канслери федералӣ Ангела Меркел ва Раиси Бундестаг Волфганг Шойбле, дар ҷараёни онҳо ба вуҷуд омадани ҳусни тафоҳуми комил ва дастгирии лоиҳаҳои муштаракро таъкид намуд.
Сарвазири Бавария Маркус Зёдер Президент Шавкат Мирзиёевро ба муносибати ташрифаш ба Мюнхен хайрамақдам гуфт ва таъкид кард, ки муоҳидаҳое, ки дар байни Ӯзбекистон ва Олмон ба даст омадаанд, ба манфиати ду мамлакат хидмат менамоянд, шарикии босамар ва муфиди тарафайн дар ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ яке аз самтҳои бартариноки ҳамкории дуҷониба ба шумор меравад.
Муносибати байни Бавария ва мамлакатамон таърихи қадимӣ дорад. Яке аз манбаъҳои нахустини ҳуҷҷатӣ, ки аз алоқаҳои таърихии байни ду халқ гувоҳӣ медиҳад, ёдгориҳои хаттии таърихшинос И.Шилтбергер дар бораи ҳузур доштанаш дар дарбори Амир Темур мебошад.
Ҷонибҳо манфиатдории худро аз мустаҳкамсозии шарикии тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳарчи бештар татбиқ намудани технологияи пешқадами немис дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ӯзбекистон изҳор намуданд.
Ба рушди алоқаҳои маданиву гуманитарӣ, васеъ намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои таълими олӣ, тандурустӣ ва варзиш эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Дар вохӯрӣ истиқболи дар Ӯзбекистон якҷоя бо ширкатҳои немис ба вуҷуд овардани корхонаҳои баландтехнологӣ, такомули инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ ва сайёҳӣ, васеъ намудани ҳамдастии амалӣ дар тиҷорат ва таъмини молиявии лоиҳаҳои муштарак муҳокима гардиданд.
Сарвазири Бавария ба Президент Шавкат Мирзиёев миннатдории самимии худро барои дастгирии ҳамаҷонибаи лоиҳа ва ташаббусҳои доираҳои корчаллони Олмон дар Ӯзбекистон изҳор намуд. Аз шарикии том ва ба тарафайн муфиди тиҷоратӣ бо Ӯзбекистон манфиатдории ҷониби худро изҳор намуд.
Роҳбари давлат ба Сарвазири Бавария китоб-албоми «Мероси мадании Ӯзбекистон дар коллексияҳои Олмон»-ро ҳадя намуд.

Абу Бакир ӮРОЗОВ,
хабарнигори 
махсуси ӮзА.

МЮНХЕН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: