KYODO NEWS: САЙЁҲОНИ ҶОПОН МЕТАВОНАНД ӮЗБЕКИСТОНРО БИДУНИ РАВОДИД (ВИЗА) ЗИЁРАТ КУНАНД

Дар сайти Оҷонсии иттилоотии Kyodo News-и Ҷопон таҳти сарлавҳаи «12 самти беҳтарини сайёҳӣ, ки дар соли 2019-ум барои сафар тавсия карда мешаванд», мақола дарҷ гардид.

Таъкид менамоем, ки Оҷонсии иттилоотии Kyodo News соли 1945-ум ташкил ёфтааст ва аз оҷонсиҳои машҳури ахбори Ҷопон ба шумор меравад. Алоқамандони он зиёда аз 200 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Он санад боиси зикр аст, ки Ӯзбекистон дар қатори мамлакатҳои Шри-Ланка, Непал, Марокаш, Малта, Полша, Гурҷистон, Туркия, Малайзия, Мянма, Лаос ва Палау бори дигар дар рейтинги чунин нашрияи бонуфуз ҷой гирифт.
Дар мақола таъкид мешавад, ки мамлакати мо дорои мероси ғановатманди фарҳангиву таърихӣ, ёдгориҳои зиёди меъморист, ки ба Рӯйихати иншооти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидаанд.
Оҷонсии хабарии Ҷопон ба сайёҳон тавсия медиҳад, ки шаҳрҳои бостонии Ӯзбекистон – Тошканд, Бухоро, Хива ва албатта, Самарқандро зиёрат кунанд. Нашрияи ҷопонӣ дар бораи шаҳри Самарқанд менависад, ки вай дар Шоҳроҳи абрешим ҷойгир шуда, аксаран «шаҳри гунбадҳои нилӣ» номида мешавад.
Kyodo News дар бораи тағйироти охирини тартиботи мавҷудаи сафар ба кишвари мо, ки бо қабул шудани Фармони Президенти Ӯзбекистон аз 5 январи соли равон алоқа дорад, низ маълумот медиҳад. Қайд мегардад, ки мувофиқи он аз 1 феврал шаҳрвандони 45 кишвар, аз ҷумла Ҷопон, метавонанд ба муддати 30 рӯз бидуни расмикунонии раводид ба Ӯзбекистон сафар кунанд. 
Оҷонсии ҷопонӣ моҳҳои апрел – май ва сентябр-октябрро барои сайёҳони кишвар ҳамчун мавсими беҳтарини саёҳат тавсия медиҳад.

ОИ «Дунё», шаҳри ТОКИО.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: