ӮЗБЕКИСТОН АЗ НИГОҲИ САФИРОНИ ХОРИҶӢ

Солҳои охир бо ташаббуси Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дар сартосари ҷумҳурӣ корҳои васеъмиқёси бунёдкориву созандагӣ, сохтумони иншоотҳои муҳташам, шаҳрсозиву бинокорӣ амалӣ мешаванд.

Боиси қайд аст, ки ин ҳама ислоҳот барои фароҳам овардани зиндагии орому осудаи аҳолӣ, аз ҳаёти худ розӣ кардани шаҳрвандони кишвар, соҳиби касбу кор шудани ҳар як узви ҷомеаи мамлакат ва ғайра мебошад. 
Имрӯз аз ҷониби вазорату идораҳои давлатӣ низ бобати баланд бардоштани нуфузи мамлакат дар миқёси байналхалқӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Дар ҳамин маврид салоҳияти ҷанбаи сайёҳӣ, рушду равнақ пайдо кардани фарҳангу тамаддуни кишвар, содироти маҳсулоти истеҳсолӣ меафзояд. Бояд гуфт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла роҳбарони мамлакатҳои хориҷӣ ба бозсозиҳои кишвари мо баҳои баланд медиҳанд. Албатта, сафарҳои давлатӣ ва кории Сарвари мамлакат тӯли чанд соли охир ба мамлакатҳои хориҷӣ дар бобати рушди ҳамкориҳо нақши муҳим мегузорад. 
Бояд гуфт, ки имрӯз аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бобати васеъ тарғиб намудани сиёсати одилона, рушди фарҳанг, салоҳияти сайёҳӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, ҳамзамон, ҷалби эътибори ҷомеаи ҷаҳон ба Ӯзбекистон корҳои зиёд амалӣ мешавад. 
Дар асоси лоиҳаи муштараки Бюрои оид ба хидматрасонии ҳайати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон» таҳияи барномаи телевизионии «Амбассадор» роҳандозӣ шудааст. Дар ин барнома сафирони фавқулодда ва мухтори мамлакатҳои хориҷ иштирок менамоянд. Боиси қайд аст, ки барномаи номбурда баробари пахш дар шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон», ҳамчунин, дар шабакаи телевизионии «Оилавий» намоиш дода мешавад.  
Ба наздикӣ меҳмони барномаи мазкур Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ буд. Баромади сафир барои ман ҳамчун бинанда мароқангез буд. Номбурда баробари ба саволҳои журналист ҷавоб додан, оши палави тоҷикӣ пухт. Бешубҳа, дастурхони густурдашуда, аккосӣ шудани парчамҳои ҳар ду кишвари дӯст дар нон, лаганди оши палав, ки аз таомҳои миллӣ ва урфу одатҳои халқҳои тоҷику ӯзбек ҳикоя мекунанд, тамошобинро бефарқ намегузорад. Дар баробари ҳамранг будани таомҳои миллӣ, урфу одат, анъана, фарҳанг, меҳмондорӣ, сару либос, баргузор намудани тӯю маросим ва ғайраи ин ду халқро низ наметавон аз якдигар фарқ кард. Содиқ Имомӣ ҳангоми суҳбат доири анъанаҳои неки тоҷикону ӯзбекон ҳарф зад. Оид ба корҳои васеъмиқёси дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, инсонпарварӣ, некҳамсоягии Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар соли 2018 бо ташаббуси президентҳои ҳар ду кишвар амалӣ шуданд, сухан ронд. Номбурда таъкид намуд, ки сиёсати оқилонае, ки имрӯз бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар миқёси байналхалқӣ татбиқ мегардад, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад. Ташаббусҳое, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат роҳандозӣ мешаванд, аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон низ баланд арзёбӣ мегарданд.     
Бинобар маълумоти Бюрои оид ба хидматрасонии ҳайати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон барномаи «Амбассадор» аз моҳи ноябри соли 2018 дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ пахш мешавад. То имрӯз бо иштироки сафирони Ҳиндустон, Русия, Фаронса, Озарбойҷон, Тоҷикистон барномаҳо намоиш дода шуданд. Мақсад аз роҳандозии барнома якҷо ба роҳ мондани ҳамкории наздик бо сафирони кишварҳои дуру наздик, ҳамчунин, шиносоӣ пайдо кардан бо фарҳанг, урфу одат, расму оин, сару либос, таомҳои миллӣ, анъанаҳои халқҳои ҷаҳон мебошад. Баробари баланд бардоштани дараҷаи шиносоӣ ва ҷаҳонбинии аҳолии кишвар ба халқу миллатҳои дунё, ҳадаф тарғиб кардани фарҳанг, маданият, салоҳияти сайёҳӣ ва маҳсулоти содиротии Ӯзбекистон аст.  

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: