Хабарҳо

Аз ҳама муҳим – ҳаёти инсон

Тадбире, ки Федератсияи Иттифоқи касабавии Ӯзбекистон бо иштироки роҳбарон ва масъулони 14 сохтори ҳудудии худ ва намояндагони идораву ташкилотҳои дахлдор доир намуд, ба масъалаи офаридани шароити бехатари меҳнат бахшида шуд. 
Ҷавобгарӣ ба ҳаёти одамоне, ки дар шароитҳои номусоид кор мекунанд, таъкид гашт. Ходимон бояд бо либосҳои махсус, дар навбати аввал, сарпӯш ва пойафзор таъмин бошанд, бо воситаҳои ҳимоявии шахсию ҷамоавӣ фарогирии онҳо дар шартномаҳои меҳнатӣ байни кордиҳанда ва ходим бояд қонунӣ карда шаванд, гуфтанд нотиқон.

Бо кӯмаки экологҳои аврупоӣ
Ба анҷумани байналхалқие, ки дар пойтахт аз рӯи масъалаҳои ҳифзи муҳити гирду атроф, истифодаи оқилона аз захираҳои об ва пешгирии иллатҳои экологӣ баргузор гардид, таҳти сарварииКумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити гирду атроф гузошт. 
Дар он намояндагон ва мутахассисони соҳа аз як қатор давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат ҷустанд. Мулоқоти пештараи байналхалқӣ соли 2015 дар шаҳри Милан (Италия) баргузор шуда буд. Нишасти навбатӣ дар Тошканд ба ҳалли муаммо ва мушкилоте, ки оиди масъалаҳои экологӣ дар ин байн ғун шудаанд, эътибор нигаронд. Дар доираи анҷуман бинобар истифодаи грантҳои Аврупо ва ҷалби бештари сармояҳои хориҷӣ баҳри нармсозии вазъият дар ҳавзаи Арал, ҳамкорӣ дар ҳалли муаммо ва пешбурди корҳои мелиоративӣ байни Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити атрофи ҷумҳурӣ ва Вазорати ҳифзи муҳити атроф, замин ва ҷангали Италия меморандум ба имзо расид.
Мушкилоти ҷавонон – дар маркази эътибор
Дар Шӯрои шаҳри Тошканди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон бахшида ба масъалаҳои доғе, ки имрӯз ҷавононро нороҳат месозанд, тадбир рӯи кор омад. Таъкид шуд, ки бо таклифи Иттифоқи ҷавонон дар муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ вазифаи проректор оиди кор бо ҷавонон таъсис ёфт. Вале оё фаъолияти ҳама проректорон, ки кор бо донишҷӯёнро ба ӯҳда доранд, ба талаби рӯз ҷавобгӯст? 
Афсус, дар ҷалб сохтани ҷавонон ба соҳибкорӣ, фарогирии онҳо бо шуғл, рағбатнок сохтани донишҷӯёни ташаббускоре, ки дар корҳои илмию фаъолияти иҷтимоӣ ба дигарон намунаанд, ҳанӯз саҳлангориҳо ба назар мерасанд. Иштирокдор Дилшод Баротов гуфт, дар хонаи иҷора зистани баъзе донишҷӯён, дар баъзе хонадон зистани якчанд донишҷӯ, ки дар асоси шартнома таҳсил менамоянд, аз масъалаҳои дарднок буда, имкон намедиҳанд ҷавонон баҳри ёфтани мавқеъ дар ҳаёти иҷтимоию ҷамъиятӣ озодона ва хотирҷамъ ҳаракат кунанд.
Тадбире, ки дар рӯҳи танқид ва худтанқидкунӣ сурат гирифт, аз рӯи ҳалли масъалаҳое, ки ҷавононро ба ташвиш мегузоранд, қарорҳои дахлнок қабул намуд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: