ДАРС-САЁҲАТ ДАР ДАРСИ ТАБИАТ

Дарс дар ҳавои кушод, дар зери осмони кабуд ба кӯдакони хурдсол мароқовар аст.

Хонандагон агар аз ин дарс пешакӣ огоҳ бошанд, онҳо бесаброна онро интизор мешаванд. Дар зери осмони кабуд бо як ҳиссиёти баланд мушоҳидакорӣ мекунанд. Ҳар як муъҷизаи табиатро ба қаҳрамонҳои афсонаҳои дида ва шунидаашон монанд мекунанд. Масалан, абрҳои пора-пораро ба галаи аспон, сояи дарахтонро ба деву аждаҳо ва селобаҳои лаби ҷӯйро ба гӯсфанду буз шабеҳ медонанд. Хонандагон дар дарс-саёҳат хастагии худро ҳис намекунанд. Агар онҳо дар синфҳо понздаҳ-бист дақиқа қобилияти қабулкунӣ дошта бошанд, дар ҳавои кушод метавонанд як-ду соат ба омӯзгор гӯш диҳанд. Хонандагон дар ҷараёни дарс-саёҳат маводи таълимие, ки аз тарафи омӯзгор омӯзонида мешавад, зуд аз худ мекунанд. Ҳатто онҳо гумон намебаранд, ки илм меомӯзанд. Ба пиндорашон гӯё онҳо бозӣ карда истодаанд, лекин дар амал муаллим бо усули ба хонандагон номаълум маводи таълимии заруриро меомӯзонад, яъне рӯз то рӯз инкишоф ёфтани маърифати худро пайхас намекунанд. Баъд аз гузаштани фурсати муайян пай мебаранд, ки аллакай аз бисёр чизҳо огоҳ шудаанд. Он мушоҳидаҳо дар лавҳи хотири онҳо абадӣ нақш мебандад, солҳо маводи азхудкардаашон аз хотирашон намеравад. Дар ин сурат хонандагон нисбати мушоҳидаҳояшон ҳам фикр ронда метавонанду ҳам ангораи онро бо тарзи худ тасвир мекунанд. 
Хурдсолон зираканд. Онҳо ҳар рӯз мехоҳанд аз сирру асрори чизе огоҳ бошанд. Кашфкунӣ низ ба табиати онҳо сахт вобаста аст. Ба ин танҳо ёрии омӯзгор лозим аст. Чунки ҳар як қадами онҳо дар рӯзҳои саёҳат ба сӯи сарчашмаҳои зебоии табиат равона аст. Барои кӯдаконе, ки нав қадам ба остонаи мактаб гузоштаанд, аз ҳиҷо ба ҳиҷо ё бо ҳарф китоб хондан дида мушоҳида намудани табиат ва дар бораи ин ё он муъҷизаҳои атроф сухан рондан сабуктар аст. 
Агар хонанда дар вақти аз худ намудани маводи таълимӣ дилгир нашавад, онро хуб аз худ менамояд ва то дер вақт аз лавҳи хотир намебарорад, ки ин худ натиҷа ва самараи дарс-саёҳат аст. Илова бар ин, мақсади дарс-саёҳат он аст, ки ба хонандагон меҳнатдӯстӣ, хайрхоҳӣ, одамгарӣ, накӯкорӣ, меҳрубонӣ, худшиносӣ ва ғамхорӣ  барин хислатҳоро дар ҳаққи зебоии олами атроф меомӯзонад. Агар дар хонанда чунин хислатҳои хуби инсониро аз хурдсолӣ тарбия намоем, пас онро ҳеҷ гоҳ  ягон таъсир дигар карда наметавонад. Зеро хислатҳои неки одамӣ дар вуҷуди кас дар як вақт бо ҳис намудани олами зебоӣ ва дар бораи он баён намудани фикру ақидаҳои аввалини худ пайдо мегардад, ки чун нақши дар санг ҳаккокишуда нозудуданист. Аз ин лиҳоз ман низ тасмим гирифтам, ки дарс-саёҳатро пайваста дар дарсҳои табиат, хониш ва ҳисоб  ба роҳ монам. Ман барои таълими ҳисоб хостам чунин дарс гузаронам. Рӯзи саёҳатро муайян кардем ва сайри боғчаи назди мактаб рафтем. Дар роҳрав хонандагон ба ҷамъ намудани сангчаи сафед оғоз намуданд. Хурдсолон бо ҳаяҷон, хурсандӣ ва шавқу шодӣ пеш мерафтанд. Аллакай дар ниҳоди ҳар як хонанда шавқу завқ ва рағбати беандозаро нисбати табиат медидам. Ин шавқу завқи беандоза аз куҷо пайдо шуд? Ба фикри ман хонанда ба мактаб ё ба синф аз оғӯши табиат омадааст. Пеш аз мактабхонӣ манбаи омӯзиш ва майдони амалиёти хонанда табиат буд. Бинобар ин, бозгашт ба ҳамин дунёи зебо шавқу ҳаваси ӯро афзун мегардонад. Гӯё хонанда худро дар оғӯши табиат чун дар батни модар ҳис мекунад. Ин лаҳза синф дар муқобили табиат дар тасаввуроти хонанда дилгиркунанда ба ҳисоб мерафт. Пас аз ҷамъ намудани сангчаву чӯбчаҳо мо ба ҷои муайяншуда омада нишастем. Кӯдакон шакли ададҳоро бо сангча ва чӯбчаҳо месохтанд. Баъдтар мо ба воситаи ин сангчаҳо ҳисоб мекардагӣ шудем. Ин амалиётро ман то нимсолаи аввали синфи якум истифода намудам. Омӯзиши ҳарфҳоро низ (давраи алифбо) агар дар зери осмони кабуд гузаронем, самараи хуб медиҳад. Хонандагон ҳар як барг  ва ҳар як сабзаро гирифта ба ин ё он ҳарф монанд мекунанд. Масалан, аз барги алаф сохтани ҳарфҳои Л, А, Н, Ш, М ва  ғайра. Хонандагон бо як дидан образи ҳарфҳоро дар хотири худ  нигоҳ медоранд. Сабзаи лаби ҷӯйро  ба ҳарфи Л, офтобро ба ҳарфи О ва моҳи навро ба ҳарфи С монанд мекунанд. А бошад, мумкин ба симчӯбҳои сари роҳ монанд гардад... 
 Хонандагон аз мушоҳидаҳо образҳои ҳарфҳоро меҷӯянд ва агар дарёбанд, он ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Кӯдак бе афсона, бе парвози мурғи хаёл зиста наметавонад. Ман дар рӯзҳои саёҳат ба хонандагон афсона мегуфтам. Онро тавре нақл мекардам, ки кӯдакон ба олами хаёлот фурӯ мерафтанд. Ин ба фарохтар шудани олами тахайюлоти онҳо таъсир менамуд. Онҳо қаҳрамонҳои афсонавиро тасаввур мекарданд ва сурати онҳоро рӯи коғаз меоварданд, баъзе ашёҳо ва одамонро ба қаҳрамонҳои афсонавӣ монанд мекарданд. Дар натиҷа нутқи онҳо инкишоф ёфта, дар кӯдакон маҳорати расмкашӣ пайдо мешавад. Ин муштаракгардонии дарси табиат,  хонишу расмкашӣ аст. Баъзан хонандагон афсона нақл мекарданду худ ба олами хаёл мерафтанд, гӯё онҳоро ғаме, изтиробе, ташвише ба гирдоби худ мекашид. Дар ин ҳолат хонанда қобилияти актёрӣ пайдо мекунад. Хонандаи хурдсол то шунидани садои зангӯла, яъне 45 дақиқа қобилияти гӯш кардан надорад. Рост ба чашмони мо нигоҳ мекунад, гӯё ба суханони муаллим бодиққат гӯш медода бошад. Дар асл на ҳамаи хонандагон ба сухани омӯзгор диққат дода метавонанд. Кӯшишу заҳмати мо бе натиҷа мешавад. Танҳо мо майна об мекунему хонанда бошад, дар дарс дилгир мешавад. Ақибмонии аҳли синф низ аз ҳамин ҷо оғоз мешавад. Бинобар ин, дар оғӯши табиат тафаккури бачагонро инкишоф додан, қувваи фикрии онҳоро мустаҳкам кардан лозим аст. Барои ҳамин ҳам ҳар як сафар ба олами табиат ин дарси тафаккур, дарси инкишофи ақлу хирад аст. Дарсро низ дар ҳавои кушод гузаштан ва ба мусиқию суруди паррандагон гӯш додан ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Дар натиҷа хонанда ҳам ба табиати атроф хуб шинос мешавад, ҳам инкишофи нутқронии ӯ васеъ мегардад ва ҳам қобилияти расмкашии кӯдак ривоҷ меёбад.
Хулоса, дарсҳои замонавӣ ва рангоранг ба хонандагон як ҷаҳон орзую умед мебахшанд. Онҳоро дар рӯҳияи тоза тарбия мекунанд ва дар оянда барои ҷамъият шахсони пухтакор, пурсабр ва донишмандро ба воя расондан мусоидат мекунанд. Дарс агар бо як меҳру муҳаббати беандоза гузарад, мактаб барои кӯдакон дилбазан намешавад. Дар натиҷа сафи сустхонҳо низ кам мегардад.  Чунонки Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид мекунанд:
Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.

Саодат САНГИНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии 
мактаби № 82-юми ноҳияи Сариосиё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: