АНГОРАҲОИ ПАРЕШОН

Аз пайи оқилон рафтан худ муборизае будааст алайҳи ҷоҳилон.

 Бебарории корро ба сифати имтиҳоне бупазир. Агар пайи мақсад қавииқдом бошӣ, бешубҳа, рӯзе аз имтиҳон хоҳӣ гузашт.

 Агар иқтидори  «мо» кардани як «ман»-ро надорам, ман чӣ омӯзгорам?!

 Дар махзани луғавии Мавлоно Ҷомӣ вожаи «ман» нест.

 Ҳар ҷиноятро ҷазое муқаррар аст. Ба омӯзгори ношуде, ки дунёи маънавии шогирдонро хароб мекунад, чӣ ҷазое муносиб бошад?

 Омӯзгори нотавон кулфати халқ аст. 

 Агар як насл китоб нахонад, китобхон кардани насли оянда заҳмати сангин хоҳад буд.

 Китоб нахондани волидайн гуноҳ аст, фарзандонро ба хондани китоб тарғиб накардани эшон ҷинояти маънавист.

Зинаи охирини маънавияти хароб манқуртӣ аст.

 Китоб нахондан заҳри дертаъсирест, ки миллатро ноаён сӯйи завол мекашад.

 Талоши Айнӣ баҳри худшиносӣ буд, ӯ оқибат моро дарёфт.

 Эҳтиёҷ беҳтарин санги маҳаки виҷдон аст.

 – Забон ба ғилоф эҳтиёҷ дорад?
– Оре, вагарна басе забонҳо бурида мешуданд.

 –Оё ту низ аз ягон кас метарсӣ?
– Бале, аз худам.

 Ҷое чун холӣ шуд, ҷойгузине пайдо мешавад, аммо ҷойи Маҳмуди Воҳид дар саҳнаи тоҷик то ҳол холист.

 Агар шарм ранг медошт, он чӣ ранге мебуд, ранги бахт чӣ?

 Бегонагон ба ман меҳрубониҳо мекунанд, вале чун бегона.

 Майпарастӣ шармандагӣ ва ҳақирии ихтиёрист.

 Хазонрезӣ дар тирамоҳ мусибат нест, вале хазони бармаҳал мусибат аст.

 Муҳаббат осмонӣ буд, пок буд, вай дар замин олуда шуд.

ПАЙҒОМ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: