СУХАНИ ГУФТА — ТИРИ АЗ КАМОН ҶАСТА

Инсон дар риштае солҳои тӯлонӣ кор кунад, асрори ин ё он касбро то ҷое аз худ менамояд ва бо мурури вақт ба устоди соҳа табдил меёбад.

Яке аз сутунҳои журналистикаи ӯзбек Аҳмадҷон Мелибоев аз зумраи чунин шахсҳост. Мавсуф дар нашрияҳои гуногун ифои вазифа кардааст, солҳои тӯлонӣ бори сармуҳарририи ҳафтаномаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати»-ро бар дӯш дошт. Ӯ дар яке аз мақолаҳояш доир ба маҳорати касбии журналист, ки «Истеъдод мулки шахсӣ нест» унвон дорад, фармудааст: «Мақолаи нахустинам дар рӯзномаи ноҳиявӣ панҷоҳу панҷ сол қабл рӯйи чопро дида буд». Яъне, мавсуф беш аз ним аср аст, ки дар риштаи журналистика қалам мефарсояд. Пас, месазад, ки таҷрибаашро бо ҳамкасбони ҷавону варзидаи хеш ба ҳам бинад.
Дар ҷумҳуриамон ба забони тоҷикӣ низ нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ, ба мисли «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар», «Садои Сӯх»  чоп мешаванд. Дар ин нашрияҳо журналистони зиёде масруфи коранд. Ба хотири он ки мақолаи мазкур ба маҳорати касбии онҳо низ меафзояд, тасмим гирифтем, ки аз он пораеро таҳти номи «Сухани гуфта — тири аз камон ҷаста» ба дасти чоп супорем.
Кодекси ахлоқӣ, маҳорати касбӣ ва ҷаҳонбинии  журналист дар як рӯз ташаккул намеёбад. Ин ҷараён по ба пойи ҳаёти иҷтимоӣ ё рушд мекунад, ё дар як ҷо пой мекӯбад. Зеро матбуот инъикосгари ҳаёти иҷтимоист. Матбуоти мо имрӯз аз матбуоте, ки дую ним сол қабл рӯйи кор буд, фарқ мекунад ва ин  фарқ эҳсосшаванда аст. Ӯзбекистон роҳи нави рушду такомулро пеш гирифт, ба оламиён дар сатҳи нав шинохта мешавад. Биноан, матбуот низ бояд ба аспи ҷуръат тозиёна занад.
Мақолаи нахустинам дар рӯзномаи ноҳиявӣ панҷоҳу панҷ сол қабл рӯйи чопро дида буд. Тӯли ин солҳо асрори касб омӯхтам, ба маҳоратам афзудам,  аз камбудиҳоям сабақ гирифтам, дар хориҷи кишвар таҷриба андӯхтам, қуллаҳои пасту баланди соҳаро то ҷое фатҳ намудам.
Имрӯз, ба сабаби он ки дар матбуот доир ба этикаи касбии журналист баҳсе ба миён омадааст, лозим донистам, ки баъзе фикру мулоҳизаҳоямро ба журналистони ҷавон, дар маҷмӯъ хонандагон, пешниҳод намоям:
– баъди дипломро ба даст гирифтан, вақте аз пайи кор ба нашрияе сар мехалонед, бо дасти  холӣ наравед, дар даст мақола, лавҳа ё гузорише дошта бошед. Бигузор, аз тавону салиқаатон навиштаҳоятон нақл кунанд. Дар матбуот ду-се маводи намакинатон чоп шавад, худи муҳаррирон  шуморо  пайдо мекунанд;
– саъй бинамоед, ки супоришҳоро бо масъулият ва саривақт иҷро кунед. Вақте супориш шавад, ки аз корхонае лавҳа ё гузорише омода созед, бо ин қаноат накарда, ба нақша ва дастовардҳои корхона эътибор диҳед. Муаммоҳояшро амиқ биомӯзед, мулоҳизаю пешниҳод ва эътирозҳои мусоҳибатонро низ ба дафтарчаатон қайд намоед;
– қабл аз ба сармуҳаррир супурдани мақола ё ҳисобот, онро бори дигар хонда бароед, барои таҷдиди назар ба ҳамкасбони худ диҳед, фикрҳои танқидиро ба назари эътибор гиред. Итминон ҳосил намоед, ки факту рақам, иқтибоси аз ҳуҷҷатҳои расмӣ гирифтаатон дақиқанд ва фикру андешаҳои мусоҳиб дар навиштаатон дуруст ифода ёфтаанд;
– агар мақола, ҳисобот ё гузоришатон рӯйи чопро бинад, қабл аз ҳама худатон таҳлил намоед: бурду бохтатонро муайян кунед. Ин кор ба пеш рафтану зиёд шудани  маҳорататон мусоидат менамояд;
– вақте аз ҳайати таҳририя барои равшан намудани мавзӯе супориш мегиред, чашматон гузарад, ки  аз ӯҳдааш намебароед, иқрор шавед. Ҳарчанд иқрор шудан ба фоидаи шумо нест, вале ба фоидаи нашрия ва хонанда аст;
– ба иҷро накардани супоришҳое, ки хилофи касбу одоб ва виҷдони журналистанд (таассуф, ки баъзан чунин супоришҳо дода мешаванд), ҳақ доред. Агар сармуҳаррир ё муҳаррири шуъба супориш диҳанд, ки ба корхонае рафта мақолаи танқидӣ нависед, эътибор диҳед, ки супориш асоснок аст, ё на. Агар асос надошта бошад, мушт ба дирафш назанед;
– иқтибос, факту рақам ва ҳуҷҷатҳои расмиеро, ки барои шумо муҳиманд, ҳамвора ба хотираи компутер супоред;
– пойбанди як самт нашавед. Журналисте, ки пайваста мақолаи танқидӣ менависад, аз ҳамаи соҳаҳои ҳаёт камбудие ёфта метавонад, пай намебарад, ки ин ё он соҳа дастовардҳое низ дорад;
– маҳсули фикру мушоҳидаҳои шахсии ҳамкоронро аз они худ накунед. Агар дар ягон гирдиҳамоие доир ба ҳаллу фасли масъалае ширкат ҷӯед, ё ҳангоме ки ҳисобот медиҳед, дар навиштаатон номи муаллифи пешниҳоду мулоҳизаҳои танқидӣ ва ташаббускоронро оваред;
– дар мавриди ситоишу танқиди нафаре ба эҳсосот дода нашавед. Барои ба осмони ҳафтум бардоштани яке, шаъни инсонии дигаронро ба замин назанед. Вақте аз мақолу зарбулмасал ва ибораҳои образнок истифода мебаред, эҳтиёткориро аз даст надиҳед. Зеро дар урфият мегӯянд: «Сухани гуфта – тири аз камон ҷаста»;
– вохӯрдан, суҳбат кардан бо қаҳрамонони мақола, суҳбат ва очеркҳои даҳ - понздаҳ сол қабл навиштаатон ва таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба қисмати минбаъдаи онҳо, басе муҳим аст. Ин амал ба шумо мавзӯъҳои нав ба навро эҳдо менамояд;
– дафтарчаи қайдҳоятонро ба гӯшаи фаромӯшӣ наафканед. Зеро рӯзе меояд, ки қайдҳои он ба маводи пурбаҳо табдил меёбанд;
– ҳангоми омӯхтани ягон муаммо, истифода аз маълумот ё ҳуҷҷати шахсии нафаре, ризоияти ӯро гиред. Зеро вай маълумотро ба шумо ва ҳайати таҳририя бовар карда супурдааст;
– ба кор аз рӯйи манфиати шахсӣ қаробат наҷӯед;
– фаромӯш накунед, ки қонеъ гардидан аз навиштаҳои худ нишонаи пешравии шумо нест. Суханро ғоз надиҳед, фишурда гӯед;
– истеъдоде ки Худованд додааст, мулки шахсии шумо нест, онро ба чизҳои беҳуда сарф накунед.

Аҳмадҷон МЕЛИБОЕВ,
сармуҳаррири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти».  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: