ҶАВОҲИР – ҶАВОҲИРИ ШОҲМОТ

Соли дуюм аст, ки гроссмейстери ҷавон Ҷавоҳир Синдорови 13-сола аз пойтахт ба Самарқанд омада, мусобиқа мегузаронад.

 Ин дафъа ӯ якбора бо сӣ нафар шатранҷбози наврас қувваозмоӣ намуда, пирӯз гашт. Пас аз вохӯрӣ вай ба чанд пурсиши хабарнигори «Овози тоҷик» ҷавоб дод.
– Ҷавоҳир, унвони гроссмейстерӣ муборак! Ба фикрам, баъди ба ин мартаба расидан «ҳуҷум», яъне саволборони ҳамкасбони ман бисёр шудагист?
– Баъди мусобиқа якбора чанд нафар ба иҳота гирифта, саволборон кунанд, кас монда мешавад. Шумо худ медонед, ки «муҳориба»-ҳои шадиди рӯйи миз асабро коҳиш медиҳад.
– Оё имрӯз дилгир нашудед?
– Ҳоло, чи тавре ки мегӯянд, дар «форма» ҳастам.
– Хӯш, ҳарифҳои самарқандӣ чӣ хеланд?
– Ҳама бозиро бохтанд. Ҳатто якранг қайд нашуд.
– Ба муқобили гроссмейстер дона рондан ва барои пирӯз шудан ҳунари воло лозим?
– Шояд ҳамин тавр бошад. Ман дар Туркия бо чанд нафар гроссмейстерон дона рондам ва аз хатои онҳо истифода бурдам, ки аксарият таслим шудани худро тан гирифтанд.
– Аввалин устоди шумо кист?
– Комилбобом. Падари додом. Тарбияи он кас аст, ки ба ҳамин дараҷа расидам.
– Фаҳмо. Ҳар як шоҳмотбоз касеро мепарастад, ба ӯ тақлид мекунад, мисли вай шудан мехоҳад…
– Чемпионҳои ҷаҳон Александр Алёхин, Михаил Талл, Бобби Фишер ва дигарон мактаби махсус, яъне донишгоҳи худро доранд, ки ҳар як бозии онҳо дарси маҳорат, ибрат, тақлид ва лоиқи омӯхтан аст.
– Шумо ғайр аз шоҳмот боз ба кадом намуди варзиш дилбастагӣ доред?
– Футбол, теннис, оббозӣ.
– Воқеан, хонданҳо чӣ хел?
– Бад не. Математикаро дӯст дорам. Инчунин китобҳои бадеиро низ мутолиа мекунам.
– Чӣ гуна нақшаҳо доред?
– Мисли ҳамватани худ Рустам Қосимҷонов чемпиони ҷаҳон шудан аст. Президентамон ба ман чандин мукофотро супурданд. Ва албатта ман саъю кӯшиш менамоям, ки ба он ҷавобан комёбиҳои навбатиро ба даст оварам.
***
Суҳбат бо Ҷавоҳир хеле шавқовар буд. Бобояш Комил Синдоров таъкид намуд, ки «мағзи бодом»-и ӯ ниҳоят меҳнатдӯст аст. Баъзе рӯзҳо 5-6 соат мустақил сирру асрори мӯҳрарониро меомӯзад, бозиҳои чемпионҳои ҷаҳонро таҳлил менамояд. Ва ман хурсанд, ки на танҳо дар кишвар, ҳатто дар ҷаҳон ҳамчун ҷавоҳири шоҳмот эътироф гардидааст.
Ба Ҷавоҳир комёбиҳои нав ба нав таманно намуда, хайру хуш кардем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: