ЧАРО ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ ПЕШГУЗОШТАШУДА КАШОЛ МЕЁБАНД?

Дар мамлакати мо ба рушди минбаъдаи низоми нодири худидора – идораи маҳалла, вусъат додани доираи ваколатҳои он эътибори махсус дода мешавад.

Ба шарофати эътибори бузурги роҳбари  давлати мо ҳоли ҳозир маҳалла ба ёвар ва мушовири ҳақиқии халқ табдил меёбад. Нақши мақомоти худидора дар ташаккул додани муҳити эҳтироми тарафайн, муҳаббату ғамхорӣ, ваҳдат, муносибати эҳтиёткорона ба суннатҳои миллӣ ва умуминсонӣ, пешбурд ва таъмин сохтани муҳити муътадили иҷтимоиву маънавии оилаҳо, ҳаллу фасли талошҳои тарафайн, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ торафт меафзояд. 
Дар самти мазкур Фармони Президент «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани идораи маҳалла» аз 3 феврали соли 2017-ум дастуруламали муҳим ба шумор меравад. 
Мувофиқи фармон дар вилояти Тошканд бобати мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии мақомоти худидораи шаҳрвандон, рушди минбаъдаи ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои муайяне ба сомон расиданд. 
Вале дар фармон вазифаҳо бинобар сохтмон, таҷдид, то 1 декабри соли 2018-ум – таъмир кардани биноҳои маркази маҳаллаҳо дар марказҳои ноҳия ва шаҳр Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, то 1 декабри соли 2021-ум – биноҳои ҷамоатҳои шаҳрвандон дар пояи лоиҳаҳоӣи намунавӣ ва талабот нисбат ба онҳо, ҳамчунин бо таҷҳизоти зарурӣ, техникаҳои компутерӣ, воситаҳои алоқаи ба Интернет васлшуда муайян гардида буданд. 
Дар вилояти Тошканд, ки дар он 22 шӯрои мувофиқсозии  фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони ноҳиявиву шаҳрӣ, ҳамчунин 1010 ҷамоати шаҳрвандон ва бар илова шӯрои вилоятӣ амал мекунанд, чӣ гуна корҳо иҷро шуданд?
– Бо назардошти вазифаҳое, ки дар фармон муайян шудаанд, то ҳол чор шӯрои маҳаллии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аллакай соҳиби бинои худӣ гардиданд, – мегӯяд директори иҷрогари бахши вилоятии бунёди хайрияи ҷамъиятии «Маҳалла» А. Умаров. – Ҳафт маҳалла дар коллеҷҳо, боз 5 маҳаллаи дигар дар  биноҳои холӣ ҷойгир карда шуданд, 6 маҳаллаи боқимонда дар бинои ҳокимиятҳои минтақавӣ амал мекунанд. 
Дар амалия вазифаҳое, ки дар фармон зикр шудаанд, дар шаҳрҳои Нурафшон, ноҳияҳои Зангиато, Пискент ва Янгийӯли вилоят иҷро гардидаанд. Дар минтақаҳои номбурда биноҳои «Маҳалла маркази» бунёд шудааст, ё худ аз таъмири дахлдор баромадааст. 
Вале ин вазифа, ки барои иҷрои он раисони шӯроҳои минтақавӣ – ҳокимони ноҳияҳо ва вилоят масъул мебошанд, дар 12 ноҳия ва шаҳр аз тариқи ба биноҳои холӣ ва коллеҷҳо ҷойгир кардани идораи маҳаллаҳо ҳаллу фасл гардидааст.
Ин кор дар шаҳрҳои Чирчиқ ва Янгийӯл, ноҳияҳои Паркент, Қибрай, Чирчиқи миёна ва Чиноз ғайриқаноатбахш мебошад. Агар шаҳри Янгийӯлро ба эътибор нагирем, шӯроҳои маҳаллаҳо фаъолияти худро дар пояи иҷора дар бинои ҳокимиятҳо пеш мебаранд. Дар ин ҷо барои сохтмони маркази маҳаллаҳо, ҳатто, саъю кӯшише ба назар намерасад. 
– Дар ҷойи бинои кӯҳнаи маркази ноҳия сохтмони «Маҳалла маркази» бо ҳудуди 10 сотих замин ба нақша гирифта шудааст, – мегӯяд, муовини аввали раиси шӯрои мувофиқсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони ноҳияи Чиноз Б. Рустамов. – Бинобар масъалаи мазхкур қарори ҳокими ноҳия қабул гардид. Ҳамчунин тамоми ҳуҷҷатҳои барои сохтмон зарурӣ омода карда шуданд. Баъд аз ҷудо гардидани маблағ сохтмон оғоз меёбад. 
Вазъият дар бисёр минтақаҳо ҳамчунин аст. Маълум нест, ки чӣ қадар замин, аз куҷо ва маблағҳои зарурӣ кай ҷудо карда мешаванд. Ҳол он ки вақт зудгузар аст.
Мувофиқи маълумот соли 2018 дар вилоят 44 бинои ҷамоати шаҳрвандон сохта, дар 105 бино таъмири ҷорӣ ва умумӣ гузаронида шудааст. Ин санадҳо аз назари аввал хуб менамоянд. Вале дар доираи фармон вусъат додани миқёси корҳо дар самти мазкур тақозо карда мешавад. Муҳлати мушаххаси анҷом додани онҳо муайян аст ва он 1 декабри соли 2021-ум мебошад. Кор бисёр, бояд ҳамаи онҳо саривақт иҷро шаванд. Дар вилоят бинои 370 ҷамоати шаҳрвандон ба таъмир, зиёда аз 70 бинои дигар ба бозсозӣ эҳтиёҷ доранд, 170 ҷамоати шаҳрвандон дар хонаҳои якҳуҷрагӣ, тақрибан 300 ҷамоат дар биноҳои дуҳуҷрагӣ ҷойгиранд.
– Дар низоми маҳалла тӯли солҳои охир мушкилоти зиёде ба миён омадаанд, – мегӯяд муовини раиси шӯрои мувофиқсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони вилоят А. Абдуазимов. – Ҷалби раисони ҷамоатҳои шаҳрвандон ба ҳар як ҷамъомаде, ки дар ҳокимиятҳои маҳаллӣ, яъне барои пур кардани толор мегузашт, хеле рӯзмарра буд. Ин боиси ҷойивазкунии  кадрҳо дар байни раисони маҳаллаҳо гардид, ки дар навбати худ, ба фаъолияти бидуни таҷриба ва анархистӣ мусоидат кард. Соли 2017-ум аз ҷониби Президенти мамлакат ин нуқсон бартараф карда шуд, ба ҷамъомаде, ки ба фаъолияти онҳо дахл надорад, даъват кардани раисони маҳаллаҳо манъ гардид. 
Ба тарзи дигар гӯем, нақш ва аҳамияти маҳаллаҳо дар ҳаёти мо торафт баланд мешавад. Ин гуфтаҳоро он чиз тасдиқ менамояд, ки соли 2018-ум дар беш аз 400 маҳалла (то ҳол миқдори чунин маҳаллаҳо аз 100 зиёд набуд) ягон ҷиноят содир нагардид. 

Аваз ХУДОЙҚУЛОВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: