МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ

Дар Ӯзбекистон Маркази дипломатияи халқии Созмони ҳамкории Шанхай ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар маросими ифтитоҳи он ҷонишини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Сафоев, раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Қурбонов, як гурӯҳ депутатҳо ва сенаторони палатаҳои болоӣ ва поёнии  Олий Маҷлис, намояндагони корпусҳои  дипломатии кишварҳои узви СҲШ ва вакилони воситаҳои ахбори оммавии дохилӣ ва хориҷӣ ширкат карданд.
Директори Маркази дипломатияи халқии Созмони ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон Раҳматулло Назаров дар брифинг гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи июни соли 2017 дар шаҳри Остона роҳандозии фаъолияти Маркази дипломатияи халқиро яке аз омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои байни ин кишварҳо арзёбӣ кард. Бар ин асос маросими тақдимоти ҳамин марказ баргузор мегардад, ки маҳз бар асоси  ташаббуси сарвари давлати мо арзи вуҷуд намудааст, илова кард ӯ. 
Содиқ Сафоев зимни суханронӣ изҳор кард, ки Ӯзбекистон чун ҳамеша барои гуфтугӯҳои доманфароху манфиатбахш  бо кишварҳои минтақа ва берун аз он  омода аст. Ба гуфтаи ӯ Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон мусоидат хоҳад намуд, ки доираи гуфтугӯҳо ва ҳамкориҳо беш аз пеш доман фарох кунад.
– Хушбахтона, фазои СҲШ дар ин шароити ҷаҳоншавӣ ва интегратсияи тамоми олам аз ҳар гуна низоъҳо, даргириҳо ва таҳдидҳо орӣ мебошад. Дар ин самт ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, сайёҳӣ ва варзиш низ ногузир хонда мешаванд, чунки он барои боз ҳам наздикшавии робитаҳои байни кишварҳои ҳамҷавору аз ҳам дур хеле муҳим шумурда мешавад. Ба истилоҳи дигар, дипломатияи халқӣ барои ҳалли масъалаҳои гуногун нақши созанда мебозад. Барои ҳамин онро  «Дипломатияи аз дил – ба дил» низ меноманд, – тазаккур дод Содиқ Сафоев.
Президенти мамлакатамон ҳамеша тақозо менамояд, ки эътимод ва эътибори мардум бештару беҳтар ба даст оварда шавад. Пиёда гардидани чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ низ  дар ин самт аз манфиат ҳаргиз холӣ нест.
– Мустаҳкам кардани дӯстии халқҳо дар меҳвари фаъолияти Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон қарор хоҳад гирифт. Ин марказ аллакай аз 1 январи соли равон ба фаъолият шурӯъ ва чанде чорабиниҳо ва  конфронсҳо  баргузор кардааст. Тавассути ҳамкориҳои раисони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ  ин марказ ба майдони гуфтугӯи тамаддунҳо табдил хоҳад ёфт. Мо талош ба харҷ медиҳем, ки боварии Президенти мамлакатамон ба дар  ин ҷода сазовор гардем ва якҷоя ин кори бузургу манфиатбахшро анҷом диҳем, – гуфт раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ Рустам Қурбонов.
Баъд сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои узви СҲШ-и муқими Тошканд –  Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Хитой, Покистон ва вакилони кишварҳои нозири он ба сухан баромаданд ва таъсиси Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистонро фоли нек арзёбӣ карданд.
Гуфта шуд, ки ғояи Президенти Ӯзбекистон ҷиҳати таъсис додани Маркази дипломатияи халқӣ аз тарафи созмонҳои зиёди ҷамъиятӣ низ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард. Дар пояи он, ғайр аз он ки робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии байни кишварҳои узви СҲШ доман фарохтар мекунанд, ҳамчунин ташкили сафари ҳайатҳо аз ҳисоби намояндагони созмонҳои иҷтимоии занон ва ҷавонон ба қаламрави якдигар пиёда хоҳад шуд. Дар радифи ин, мустаҳкам гардонидани дӯстиву рафоқати байни шаҳрвандони ин кишварҳо, барқарор намудани алоқаҳои байни ходимони воситаҳои ахбори умум ва таҳкими ин ҳамкориҳо маҳз дар заминаи таъсис ёфтани Маркази дипломатияи халқӣ, тарғиби мероси гаронбаҳо ва пуршӯҳрати мардуми Шоҳроҳи бузурги абрешим ва ҳифзу нигаҳдории он, анъанаҳо ва суннатҳои чандасраи мардум аз тарафи журналистон ва амсоли он аз барномаҳое мебошанд, ки дар ин росто амалӣ хоҳанд шуд.
Тибқи нақшаи солонаи Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон ва аз рӯи «Харитаи роҳ»-и ташкили тадбирҳо соли равон сӣ номгӯй чорабиниҳо, ба таври мисол  фестивалҳо, ярмаркаҳо, намоишгоҳҳои рассомӣ, ташкили ҳунарҳои фолклорӣ, ҳунармандӣ, эҷодӣ ва амсоли он баргузор карда мешаванд.   
Дафтари он дар бинои Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон маскан гузидааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: