ТАҶАССУМИ ЯГОНАГӢ ВА ВАҲДАТ

26 январ дар мамлакат бори аввал ҳашари хайрияи умумихалқии экологӣ гузашт.

Маблағе, ки аз ҳашар ҷамъ меояд, барои бунёди ҷангалҳои ҳифозатии баҳри Арал, беҳтар намудани вазъияти экологӣ ва шароити ҳаёти аҳолӣ, дастгирии моддиву маънавии оилаҳои камтаъмин, бесаробон ва ниёзманди ҳифзи иҷтимоии минтақаи ҳавзаи Арал равона карда хоҳад шуд. 
Роҳбари  давлати мо ҳангоми сафарҳояш ба минтақа ба масъалаҳои таъмин кардани эътидоли экологӣ, муҳофизати эҳтиёткоронаи неъматҳои бебаҳои табиат, нарм кардани оқибатҳои фоҷиаи экологӣ дар минтақаи Ҳавзаи Арал эътибори махсус медиҳад. Саъю кӯшишҳои амалии самти мазкур дар корҳои васеъмиқёси созандагие, ки дар ноҳияву шаҳрҳои Қароқалпоқистон татбиқ мешаванд, беҳтар намудани инфрасохтори мавҷуда ва ҳаёту маишати одамон акси худро пайдо мекунанд. 
Мувофиқи фармоишоти дахлдори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 январи соли 2019 таклифи Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон, Бунёди хайрияи ҷамоатии «Маҳалла», Бунёди «Нуроний», Кумитаи давлатӣ оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф, Иттифоқи ҷавонон, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бобати гузаронидани ҳашари умумихалқии хайриявӣ дастгирӣ карда шуд. Ба мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин иқдоми васеъмиқёси умумимиллӣ аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳо, кумитаҳо, сохторҳои дахлдори ҷамъиятӣ гурӯҳи корӣ созмон ёфт.
Дар ин рӯз тамоми гӯшаву канори мамлакат симои зебову тоза гирифт. Агар гӯем, ки шиори ҳашар «Кишварамонро беш аз пеш обод мекунем!» ба ҳаёт татбиқ гардид, муболиға намешавад. Тамоми маҳаллаҳо, нуқтаҳои аҳолинишин, хонаҳо ва биноҳои бисёрошёна, кӯчаву роҳҳо, гузарҳо, боғҳо, зиёратгоҳ ва қабристонҳо, ҷӯйҳо ва майдончаҳои бачагона ба тартиб оварда шуданд. 
Мувофиқи маълумот дар ҷараёни ҳашари умумихалқии экологӣ зиёда аз 27 ҳазор гектар майдон тозаву обод ва беш аз 39 ҳазору 689 тонна партов хориҷ гардиданд, ҷӯю заҳбурҳо ба дарозии зиёда аз 23 ҳазор метр тоза карда шуданд. Қабристон ва зиёратгоҳҳо ободу мураттаб гардиданд. Барои татбиқ намудани ин чорабиниҳо беш аз 12 ҳазору 332 техника ҷалб карда шуд. 
Хонаҳои оилаҳои камтаъмин аз тариқи ҳашар таъмир карда, ба зиёда аз 13 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Беш аз 6 ҳазор нафари онҳо шахсони ногиро ва пирони танҳо мебошанд. 
Аксарияти кулли сокиноне, ки дар ҳашар иштирок карданд, ҷавонон буданд, ки ин шаҳодати ба мушкилоти экологӣ бетараф набудан ва ба бунёдкориву созандагӣ саъй доштани онҳост.

Назокат УСМОНОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: