СОДИРОТИ НАВБАТӢ БА АВРУПО

Корхона хусусии «CHUST TEXTILE»-и ноҳияи Чуст бо маҳсулоти худ нафақат дар ҷумҳуриятамон, ҳатто дар хориҷ мавқеи калон дорад.

Дар ин ҷо аз масолеҳи трикотажӣ барои мардон, занон ва бачагон зиёда 20 номгӯй либосҳо бароварда мешаванд.
Маҳсулоти корхона асосан ба шаҳрҳои федератсияи Русия ба содирот меравад. Соли гузашта ба Амрико низ ба фурӯш бароварда шуд. Соли ҷорӣ оиди маҳсулоти корхонаро ба Аврупо ба фурӯш баровардан шартнома ба имзо расид.
Бо саъю кӯшиши роҳбари корхона Дилшод Исматуллоев, аз минтақаи озоди иқтисодии саноати ноҳия 16 гектар замин ҷудо карда шуд. Дар ин ҷо сехи бофандагӣ қад рост намуда, сол гузашта дар арафаи Иди мустақилӣ ба кор андохта шуд. Ҳоло дар сехи бофандагии аз Италия, Ҳиндустон, Туркия овардашуда рӯзе 6-7 тоннагӣ маҳсулоти трикотажиро ба истеҳсол мебароранд.
– Камина аз рӯзи аввали  ба фаъолият шурӯъ кардани сехи бофандагӣ кор мекунам. Дар ин ҷо нафақат аз шаҳру деҳоти ноҳияи Чуст, ҳатто аз деҳаҳои Санг, Тӯда, Ороми ноҳияи Поп низ занону духтарон меҳнат мекунанд. Барои бо таъби дил меҳнат карданамон дар ин ҷо ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст, – гуфт бофандаи пешсафи корхона аз ноҳияи Поп Наргиза Самиҷонова.
Рӯзҳои наздик сехи рангуборкунии бо ускунаҳои аз хориҷӣ овардашударо ба кор меандозем, – гуфт муовини сардори корхона оиди корҳои истеҳсолот Баҳодур Мирфатуллаев.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: