ОЁ МО МЕТАВОНЕМ НОМ Ё НАСАБАМОНРО ТАҒЙИР ДИҲЕМ?

Охирҳои соли сипаригардида аз ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Қ. Бозоров ва дертар аз шаҳри Тошканд С. Сулаймонова ба рӯзнома бо чунин суол муроҷиат намуда буданд: «Оё мо метавонем ному насаб (фамилия)-и худ ё пайвандонамонро тағйир диҳем? Барои ин бояд ба куҷо муроҷиат намоем?»

Чунин суолҳо бевосита дар суҳбатҳои давра низ ба миён меоянд.
Мо ба мақсади ба дониши ҳуқуқии аҳолӣ афзудан ва ҷавоб додан ба ин суол аз мутахассиси соҳа, раиси ҚАҲШ (қайди актҳои ҳолати шаҳрвандӣ)-и ноҳияи Яккасаройи пойтахт Шаҳноза КАМОЛОВА хоҳиш кардем, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозад. Вай, аз ҷумла, изҳор дошт:
— Бино ба моддаи рақами 226-уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳрвандони аз 16-сола боло метавонанд доир ба дигар кардани ном ё насаби хеш ба идораи ҚАҲШ-и манзили истиқоматии худ муроҷиат намоянд.
Идораи ҚАҲШ баъди аз тарафи ходимони МКД (мақомоти корҳои дохилӣ) ҳамаҷониба омӯхтани ҳуҷ-ҷатҳои шахси  муроҷиатнамуда, ба як қарор меояд.
Агар шаҳрванд ҳанӯз ба синни 18 нарасида бошад, ному насаби ӯ бояд бо ризоияти падару модараш дигар карда шавад. Барои тағйир додани  ном ё насаб шаҳрвандон ба идораи ҚАҲШ бояд шиноснома ва гувоҳномаи таваллуди худро  пешниҳод намоянд. Баъди пардохти боҷи давлатӣ,  ном ё насаби шахс бо салоҳдиди ӯ, дигар карда мешавад. 
Дар ин хусус дини мубини ислом чӣ мегӯяд?  Вақте ба ноиби имом- хатиби масҷиди ҷомеи Исломотаи пойтахт Фазлиддин ҲУСАНОВ бо ин суол муроҷиат намудем, вай чунин посух дод:
– Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Дар таърихи ислом доир ба дигар кардани ном чанд ривоят мавҷуд аст. Дар яке аз онҳо гуфта мешавад, ки номи яке аз саҳобагони расули Худо — Саҳл ибни Саъд (р. а .) дар асл Ҳазан буд. Расули акрам аз ӯ суол карданд:
– Чӣ ном дорӣ?
 Гуфт:
– Ҳазан.
Гуфтанд:
– Номи туро бояд тағйир дод, Ҳазан маънои ғаму ғусса ва андӯҳро дорад. Бигузор, номи ту Саҳл ва мушкилат осон бошад. 
Ва шурӯъ аз он рӯз  номи ӯ Саҳл гардид. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки мазмуни ном ва ниятҳои инсон дар тӯли ҳаёти ӯ таъсири худро доштаанд.
Дар баъзе китобҳо оварда шудааст, ки ном то калон шудан ва соҳиби илму маърифат гардидани кӯдак рӯҳи ӯро тарбия мекунад. Пас, номи ба наслу зурриётамон додашуда, дар ин дунёю он дунё, барои мақому мартаба пайдо кардани ӯ хидмат мекардааст.  Дар ҳадиси Расули акрам оварда мешавад, ки ба фарзандонатон номи зебо ва пурмаъно гузоред.
Падарону модарон се вазифа доранд:
1.Бояд ба фарзандон номи зебо гузоранд.
2.Баъди ташаккул ёфтани тафаккури фарзанд, ба илму ҳунар омӯхтани ӯ кӯмак расонанд. Фарзанд бо кӯмаки падару модар метавонад соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунаре гардад. 
3. Вақте ба балоғат расиданд, духтарро ба шавҳари муносиб диҳанд, ба писар арӯсе гирифта диҳанд, ки сазовори ӯст.    
Ривоят мекунанд, ба назди расули Худо нафаре омада шикоят кард, ки писараш одобу ахлоқи нек надорад, ба ҳоли низори ӯ эътибор намедиҳад.
Расули акрам аз писари ӯ суол карданд:
–Чаро нисбати падар беодобӣ мекунӣ?
Писар гуфт:
– Ё расулуллоҳ, падарам баъди таваллуд ба ман номи дуруст нагузошта будааст. Номи ман Ҷуҳал аст, ки маънои кӯршабпаракро дорад. Сониян, ба ман илму  ҳунаре наомӯхтааст. Инак, ба балоғат расидаам, вале ёду хаёли хонадоркунии манро надорад. 
 Расули акрам ба падар гуфтанд:
– Ту худ дар назди фарзанд вазифаҳоятро иҷро накарда будаӣ. Аввал вазифаҳоятро иҷро кун, сипас талаб намо.
Хулоса, ривоятҳои динӣ бар онанд, ки агар номи инсон зебою маънодор набошад,  онро метавонад иваз кунад.

Таҳияи 
С. ВАРОРӮДИ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: