ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ТАЪХИРНОПАЗИР БОБАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ТАТБИҚИ САМАРАБАХШИ ВАЗИФАҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ МАМЛАКАТ

Дар тӯли ду соли сипаришуда аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар иҷрои вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд, чораҳои маҷмӯӣ татбиқ гардиданд.

 Ислоҳсозии куллии низоми мақомоти идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, баланд бардоштани масъулиятнокии онҳо барои амиқсозии ислоҳот, нигоҳ доштани эътидоли макроиқтисодӣ, иҷрои ҷиҳатҳои асосии иҷтимоиву иқтисодӣ ва Буҷаи давлатӣ таъмин мешаванд.
Як қатор барномаҳои маҷмӯӣ, ки ба коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт, рушди равандҳои шарикии давлативу хусусӣ, фаъолтар кардани сиёсати сармоявӣ, вусъат додани иқтидори содиротӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, аз байн бардоштани монеаҳои бюрократӣ дар роҳи рушди соҳибкории озод нигаронида шудаанд, татбиқ мегарданд.
Тағйироти соҳаи иҷтимоӣ дар меҳвари эътибор қарор дорад. Иҷрои қарорҳои қабулшуда оид ба беҳтар кардани шароитҳои манзиливу маишати аҳолӣ, бахусус дар деҳот ва маҳалҳои дурдаст, рушди инфрасохтори маҷмӯӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ таъмин карда мешаванд. Чораҳои қабулшуда аз бисёр ҷиҳат ба боло рафтани фаровонҳолии моддӣ, сатҳ ва сифати ҳаёти табақаҳои гуногуни аҳолии ҷумҳурӣ мусоидат намуданд.
Баробари ин минбаъд тезондани рушди мамлакат ба зарурияти баррасии муносибат ва усулҳои дарамали кори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷорӣ намудани воситаҳои сифатан нав ва инноватсионии ташкили фаъолияти он, баланд бардоштани мустақилии роҳбарони идораҳо барои татбиқ намудани сиёсати давлат ва муваффақ шудан ба натиҷаҳои мушаххас дар соҳаҳои вазифадор вобаста мебошад.
Сохтори  ташкиливу таркибии Ҳукумат бояд куллан таҷдиди назар шавад, тартиботи экспертизаи ҳуҷҷатҳо қатъиян соддатар гардида, зудамалӣ ва оҷилии қабул кардани қарорҳо таъмин карда шаванд, низоми баҳодиҳӣ ба фаъолияти роҳбарони вазоратҳо, кумита ва идораҳои давлатӣ, ки дар хориҷа васеъ ҷорӣ шудаасту ба муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мушаххасу индикаторҳои мақсаднок такя мекунад, ҷорӣ карда шавад.
Ба мақсади куллан такмил додани корҳои ташкилии Ҳукумат, ташаккул додани низоми сифатан нави мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ мебошанд, таъмин намудани татбиқи саривақтӣ ва пурраи ҳаҷми вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 декабри соли 2018-ум муайян шудаанд, ҳамчунин мувофиқи Консепсияи ислоҳоти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
1. Эътибори ҳар кадом узви Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони мақомоти идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, ҳамчунин Раиси Шӯрои  Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ба зарурияти қатъиян аз байн бардоштани камбудиҳои мавҷуда, ҳамчунин сари вақт, дақиқ ва дар ҳаҷми пурра татбиқ гардидани раванди асосии «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд барои халқ хидмат кунанд» нигаронида шавад.
2. Инҳо самтҳои  асосии куллан такмил додани фаъолияти Девони  Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Девони Вазирон/Ҳукумат) муайян карда шаванд:
баланд бардоштани нақши шахсӣ ва масъулияти аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дигари ҳокимияти иҷроия, ҳокимони тамоми дараҷаҳо барои иҷрои самарабахш ва натиҷаноки вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда;
пурзӯр кардани мустақилии вазоратҳо, кумита ва идораҳои давлатӣ бобати самарабахш ва босифат татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи вобастакардашудаи онҳо, аз ҷумла дар масъалаҳои идораи захираҳои молиявӣ, аз тариқи ҷорӣ намудани низоми дақиқи ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти созмонҳои зеридоравӣ;
ҷорӣ намудани низоми куллан нави баҳодиҳӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи тамоми дараҷаҳо ва роҳбарони онҳо, ки ба муваффақияти нишондиҳандаҳои мушаххасу индикаторҳои мақсаднок, таъмин гардидани сифат ва самаранокии иҷрои барномаҳои рушди стратегии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои пешомади наздик, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат такя мекунанд;
таъмин сохтани кори ҳамоҳанги мақомоти идораҳои давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо бино бар ҳаллу фасли самарабахши вазифаҳои пешомадноки рушди ҳудудҳо, пеш аз ҳама ҳудудҳои аз ҷиҳати пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ақибмондаи ноҳия ва шаҳрҳои деҳотӣ, такмил додани назорати мунтазам ва муассири иҷрои супориш ва ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирон;
минбаъд коҳиш додани таъсири маъмурӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва вусъат додани механизмҳои бозаргонии идора аз тариқи низоми дақиқи тартибот ва дараҷаи иштироки давлат дар фаъолияти иқтисодӣ, татбиқ намудани чораҳои маҷмӯӣ оид ба пешгирӣ, коҳиш додан ва аксуламали мунтазам ба «иқтисодиёти пинҳонӣ»;
такмил додан ва мувофиқ сохтани сохтори  маҷмӯъҳо, муовинони Сарвазир ва дастгоҳи Девони Вазирон, пеш аз ҳама, зинаҳои асосии он – департаментҳои иттилоотиву таҳлилӣ. Беҳтар намудани сифати экспертизаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва қонунии ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, баланд бардоштани дараҷаи интизоми иҷро, аз байн бурдани амалиёти ҷамъомадҳои сершумор, навиштаҷоти изофавӣ ва сафарҳои бесамар;
коҳиш додани танзими изофавии маъмурӣ аз тариқи ба субъектҳои хусусӣ додани баъзе вазифаҳои давлатӣ бо мақсади мувофиқ сохтани фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва аз байн бардоштани сабабу шароити мушкилоти мавҷуда, коркард ва татбиқ намудани чораҳои маҷмӯӣ оид ба ҷорӣ кардани усулҳои замонавии ташкили кор;
такмил додани механизмҳои низоми уфуқии идора ва ҳамкории тарафайни мақомоти ҳокимияти иҷроия аз тариқи марказонидани идораи давлатӣ, вусъат додани имкониятҳои молиявӣ, нақш ва масъулияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, мувофиқсозии миқдори  кормандони идоравии зинаҳои марказӣ ва миёна.
3. Аз 1 апрели соли 2019 тартиботи зерин ҷорӣ карда шаванд:
аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъқул донистани номзадҳо ба вазифаи муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ;
баҳодиҳӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи тамоми дараҷаҳо ва роҳбарони онҳо, ки ба дастоварди нишондиҳандаҳои мушаххасу индикаторҳои мақсаднок, сифат ва самаранокии татбиқшавии барномаҳои рушди стратегии соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ҷанбаҳои дигар барои пешомади наздик, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат такя мекунанд;
мунтазам баргузор намудани ҷамъомадҳои мавзӯии сайёр (ошкоро)-и Ҳукумат дар минтақаҳо бо иштироки роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, мақомоти ҳудудии идораи давлатӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ба мақсади омӯхтани ҷараёни татбиқшавии ислоҳоти амалӣ дар соҳа ва самтҳои мушаххас.
Муқаррар карда шавад, ки аз 1 апрели соли 2019:
номзадҳо ба вазифаи муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ ҳангоми баррасӣ ва маъқулёбии номзадиашон ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дурнамои амалиёташонро, ки робитаи тарафайнро бо барномаи амалиёти Девони Вазирон чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ҷамъиятӣ, ташкиливу техникиро оид ба дастоварди нишондиҳандаҳои мақсаднок ва вазифаҳо барои минбаъд пешбинӣ менамоянд, пешниҳод мекунанд;
Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо аъзои Ҳукумат дар ҳар семоҳа ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳисоботро дар бораи ҷараёни татбиқшавии барномаҳои давлатӣ барои соли дахлдор, ки аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бармеоянд, пешниҳод мекунад.
4. Ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 марти соли 2019 ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифи мушаххасро бино бар тартиб ва механизми:
таъин кардани муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатиро танҳо баъди аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъқул ёфтани онҳо пешниҳод кунад;
дар ҳар семоҳа аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо аъзои Ҳукумат пешниҳод намудани ҳисоботи ҷараёни татбиқшавии барномаҳои давлатӣ барои соли дахлдорро, ки аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бармеоянд;
баҳодиҳӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи тамоми дараҷаҳо ва роҳбарони онҳо, ки ба муваффақияти нишондиҳандаҳои мушаххас ва индикаторҳои мақсадноки сифат ва самаранокии татбиқшавии барномаҳои рушди стратегии соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ғайра барои пешомади наздик, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат такя мекунанд, ҳамаҷониба кор карда барояд ва пешниҳод намояд.
5. Муайян карда шавад, ки Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мушовирони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, ҳамчунин Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аъзои Президиуми Девони Вазирон маҳсуб меёбанд.
6. Ба маълумот гирифта шавад, ки дар доираи татбиқ кардани Консепсияи ислоҳоти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8 сентябри соли 2017-ум №ФП-5185 тасдиқ гардид, 93 мақомоти идораи давлатӣ, аз ҷумла 77 вазорату идора ислоҳ ва бозсозӣ, 7 ададаш аз байн бардошта ва 9 идораи нав созмон дода шуданд.
Ба Раиси Комиссияи оид ба татбиқсозии Консепсияи ислоҳоти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 майи соли 2019-ум таклифро, ки барномаи маҷмӯии чораҳо оид ба минбаъд мувофиқсозӣ ва такмил додани фаъолияти вазоратҳо, кумита ва идораҳои давлатие, ки ба сохтори  ҳукумат дохил мешаванд, ҳамчунин мақомоти идораҳои хоҷагидориро тайёр кунад ва ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намояд, дар ин маврид ба ҷиҳатҳои зерин эътибори махсус диҳад:
такмил додани асосҳои идоравӣ ва ташкилии фаъолияти вазоратҳо, кумита ва идораҳои давлатӣ, дақиқ ва аниқ муайян намудани вазифа, кор ва ваколатҳояшон, механизмҳои татбиқсозии онҳо ва соҳаҳои масъули шахсони ваколатдор, мақомоти идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, ҳамчунин ҳокимиятҳо, таъмин кардани ҷараёни ҳамоҳангсозӣ ва кори тарафайни онҳо;
ба низоми идораи давлатӣ ҷорӣ намудани шакл, усул ва равандҳои замонавӣ, аз ҷумла «иқтисодиёти рақамӣ», банақшагирӣ ва пешбинии стратегӣ, ғояҳои инноватсионӣ, кашфиёт ва технологияҳо;
такмил додани механизмҳои ҳамкории мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия ва тиҷорат дар маҳалҳо, фаъолтар ҷорӣ намудани асосҳои шарикии давлатӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар самти мазкур;
ташаккул додани низоми самарабахши хидмати касбии давлатӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои муассири аз байн бардоштани бюрократия, коғазбозӣ ва ҷамъомадҳои зиёд, ҳамчунин аксуламал ба санадҳои сӯиистифода, ҳамчунин дигар ҳодисаҳои манфӣ.
7. Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки якҷо бо Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи се моҳ:
а) лоиҳаи Қонун «Дар бораи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро дар таҳрири нав пешниҳод кунад, ки дар он аз ҷумла инҳо пешбинӣ карда шаванд:
дақиқ муайян кардани ваколатҳои Ҳукумат, механизмҳои татбиқсозии онҳо ва баланд бардоштани масъулияти он барои татбиқи тағйиротҳои амиқу сохторӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, молия, пулу вом, сармоя, иҷтимоиёт, маданиву инсонпарварӣ, дар ҷанбаҳои таълим, илм, нигаҳдории тандурустӣ, экология ва ғайра, ҳамчунин дар фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва сиёсати хориҷӣ дар пояи таҳлили маҷмӯии вазъияти ҷорӣ ва коркарди моделҳои рушди стратегии онҳо барои пешомади наздик, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат;
мушаххас кардани ваколатҳо ва масъулияти аъзои Девони Вазирон;
масъалаҳои ҳамкории тарафайни Ҳукумат бо палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маъмурияти Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, судҳо, сохторҳои ҳуқуқу тартибот ва нирӯӣ, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ;
низоми баргузор кардани ҷамъомадҳои Девони Вазирон ва Президиуми он, қабул намудани қарорҳо бино бар натиҷаи онҳо, ҳамчунин мушаххас кардани номгӯйи масъалаҳои муайяне, ки дар ҷараёни баргузории онҳо муҳокима мешаванд;
масъалаҳои таъминоти моддӣ ва ҷамъиятии аъзои ҳукумат ва кормандони дастгоҳи Девони Вазирон;
б) лоиҳаи Қонун «Дар бораи планкашии стратегӣ», ки аз ҷумла инҳоро пешбинӣ менамояд:
механизмҳо ва тартиби коркарди барномаҳои маҷмӯӣ барои пешомади наздик, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, ки рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт (минбаъд – барномаи маҷмӯии рушд)-ро дар назар дорад;
иштирок ва ҳамкории тарафайни мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар дар коркарди барномаҳои маҷмӯии рушд, ба роҳ мондани таҳлили онҳо, мониторинг ва иҷрои ниҳоӣ;
ҷорӣ намудани механизми ихчами таҳлили барномаҳои қабулшудаи маҷмӯии рушд, ки ҳар сол дар пояи барномаҳои зикршуда бо тасҳеҳи минбаъда бо назардошти тағйиротҳои ҷаҳонӣ ва ҷараёнҳои иҷтимоиву иқтисодии минтақавӣ қабул шудаанд;
в) таклифҳое, ки:
минбаъд мувофиқсозии низоми мақомоти идораи давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия;
тасдиқ намудани номгӯйи мушаххаси вазифаҳои мақомоти  давлатӣ, ки ба сектори хусусӣ дода мешаванд, дар пояи инвентаризатсиякунонии дақиқи аҳволи кор дар соҳаи мазкур ва ҷорӣ намудани механизмҳои назорати давлатӣ барои мувофиқи мақсад иҷро шудани вазифаҳои супурдашуда;
куллан коҳиш додани иштироки давлат дар ҷараёнҳои иқтисодиро пешбинӣ мекунанд;
г) лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки такмил додани низоми пардохти меҳнати кормандони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идораи давлатиро дар робитаи қарини миқдори пардохти меҳнат бино бар натиҷанокии он, душворӣ ва масъулияти вазифаҳои кори иҷрошаванда бо назардошти меъёр ва нормаҳои байналхалқӣ пешбинӣ менамояд.
8. Ба маълумот гирифта шавад, ки аз ҷониби муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон чораҳои маҷмӯӣ оид ба таъмин сохтани иҷрои самарабахши супоришҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 декабри соли 2018-ум ифода ёфтаанд ва татбиқ намудани консепсияҳо, барнома ва «харитаи амалиёт» бино бар самтҳои муҳим ва бартариноки рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ки ба пешомади наздик, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат пешбинӣ шудаанд, коркард ва тасдиқ гардидаанд.
Ба муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми татбиқсозии Барномаи давлатӣ оид ба иҷрои Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ» ба ҷиҳатҳои зерин эътибори махсус диҳанд:
якум, коркарди Консепсияи рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030, барномаҳои дахлдори маҷмӯии соҳавӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин самарабахш татбиқ намудани барномаҳои афзалиятноке, ки бо ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирон тасдиқ шудаанд;
дуюм, коркард ва татбиқ намудани  чораҳои маҷмӯӣ дар соҳаи баланд бардоштани самаранокии кори Ҳукумат, мақомоти идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ бобати беҳтар намудани  мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтинг ва индексҳои асосии байналхалқӣ;
сеюм, тайёрии ҷиддиву ҳамаҷониба асосноки Стратегияи сиёсати сармоявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пешомади миёнамуҳлат, минбаъд такмил додани сармоягузорӣ ва пеш аз ҳама сармояҳои бевосита, коркарди «маҷмӯи сармоявӣ» барои ба сармоягузорони хориҷиву ватанӣ пешниҳод кардани он, ташкили «хабҳои сармоявӣ» ва фароҳам овардани шароити беш аз пеш мусоид барои кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои  кӯчаки саноатӣ дар ҷумҳурӣ;
чаҳорум, дар пояи такмил додани таҷрибаи «мулоқот бо халқ» ва вохӯриҳои шахсии роҳбарияти Девони Вазирон ва аъзои Ҳукумат дар маҳалҳо кор карда баромадан ва татбиқ намудани чораҳои маҷмӯӣ, ки:
ба рушди минбаъдаи соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла  таъминот бо шуғл ва баланд бардоштани даромади воқеии аҳолӣ, куллан такмил додани низоми нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи модару кӯдак, рушди минбаъдаи низоми таълим ва илм дар пояи ғоя ва технологияҳои пешқадами инноватсионӣ кафолат медиҳанд;
фаъолтар кардани чораҳои мушаххас дар соҳаҳои маданият, варзиш ва сайёҳӣ, дохил кардани таҳрир ба татбиқсозии барномаҳои давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон;
таъмин намудани аҳолӣ бо манзили замонавиву арзон, аз ҷумла дар асоси реноватсия, ҳамчунин кори муътамади инфрасохтори нақлиёт, муҳандисиву коммуникатсионӣ ва иҷтимоӣ, коркарди Стратегияи ҳифзи муҳити атроф;
панҷум, такмил додани низоми назорат барои татбиқшавии «харитаи амалиёт», ки бино бар натиҷаи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд ба кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин мувофиқи муоҳидаҳо дар идораҳои байналхалқии иқтисодӣ ва молиявӣ тасдиқ гардидаанд.
9. Эътибори муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба пешгирӣ кардани сустшавии кори кадрҳо бино бар интихоби номзадҳои сазовору аз ҷиҳати касбӣ босавод ва  тозафикр ба вазифаҳои роҳбарони аввал ва муовинони онҳо ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти дигари идораҳои давлативу хоҷагидорӣ ҷалб карда шавад.
Ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов супурда шавад, ки якҷо бо Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 марти соли 2019:
захираи номзадҳоро барои ҷойгузинии вазифаҳои холии роҳбарони мақомоти дахлдори идораҳои давлатӣ ҳамаҷониба кор карда барояд, асоснок кунад ва барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кунад, дар ин маврид ба масъалаи ба ин мансабҳо пешниҳод кардани занон эътибори махсус диҳад;
амалиёти ба мансабҳои масъул таъин кардани менеҷерҳои ботаҷриба аз ҷумлаи ҳамватаноне, ки дар хориҷа зисту зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин мутахассисони хориҷӣ васеъ истифода бурда шавад.
10. Ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки бино бар сари  вақт, пурра ва босифат иҷро намудани чорабиниҳое, ки дар Фармони мазкур пешбинӣ шудаанд, корҳои муассири мувофиқсозиро амалӣ намояд, ҳамчунин дар бораи ҷараёни татбиқшавии онҳо мунтазам маълумот пешниҳод кунад.
11. Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки дар зарфи як ҳафта лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешниҳод намояд ва дар он аз ҷумла ба роҳ мондани фаъолияти  Ҳукумат, тасдиқ кардани сохтори ташкиливу штатии он, мушаххас намудани самтҳои асосии баланд бардоштани самаранокӣ ва натиҷабахшии кори дастгоҳи Девони Вазиронро пешбинӣ кунад.
Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро оид ба тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод намояд.
12. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
28 январи соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: