МУАРРИФИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ОСТОНА

Чанде қабл дар бинои сафорати Ӯзбекистон дар Қазоқистон бо иштироки намояндагони ҷамъиятию сиёсӣ, доираҳои коршиносию таҳлилӣ бахшида ба рушди кунунии кишвари мо брифинг баргузор шуд.

Дар чорабинӣ диққати асосӣ ба Паёми сарвари давлати мо ба парлумони миллӣ дода шуд. Гирдиҳамомадагон, аз ҷумла, бо мазмуни асосии суханронӣ ва стратегияи ислоҳоти минбаъдаи соҳаҳои иқтисодӣ ва низоми идоракунии давлатӣ ошно гардиданд.
Дар рафти вохӯриҳо доир ба рушди имрӯзаи Ӯзбекистону Қазоқистон, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор ба амал омад.
Баъди муҳокимаҳо баъзе иштирокдорон мулоҳизаҳояшонро доир ба аҳамияти ташаббусҳои сарвари кишвари мо бо ОИ «Дунё» баҳам диданд.
Аз ҷумла, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон А. Дадирова қайд кард:  чорабиниҳое, ки дар Ӯзбекистон доир ба татбиқи барномаҳои «Ҳар оила — соҳибкор» ва «Ҷавонон — ояндаи мо» амалӣ мегарданд, дорои аҳамияти бузурганд. Бино ба ақидаи ӯ, бо назардошти миқдор ва таркиби синну соли аҳолии Ӯзбекистон, бояд татбиқи пайгиронаи ташаббусҳои сарвари мамлакат ба рушди кишвар натиҷаи дилхоҳ диҳанд. 
Корманди маҷмӯи байналхалқии илмии «Остона» С. Коҷирова чунин меҳисобад, ки бо назардошти хусусияти иқлими Ӯзбекистон, татбиқи ташаббусҳои Президент Шавкат Мирзиёев  бобати дар хоҷагии деҳот васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои обсарфакунанда басе муҳим аст.
Дар навбати худ директори Институти тадқиқотии «Афкори ҷамъиятӣ» Б. Ракишева қайд намуд: Фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ  доир ба рушди босуръати сайёҳӣ» аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар пеш мақсади бузург — табдил додани сайёҳӣ ба соҳаи муҳими иқтисодиёти миллӣ, истодааст.
Ба шаҳрвандони 45 кишвари ҷаҳон додани имконияти бевиза омадан ба Ӯзбекистон ба муддати 30 рӯз — аз иқдомҳои амалиест, ки ба афзудани обрӯйи кишвар чун давлати индустрияи сайёҳиаш рушдкарда ва дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ мусоидат менамояд.

ОИ «Дунё», 
ОСТОНА.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: