САРОЯНДАИ ИШҚ ВА ЗЕБОӢ

Бузургони каломи бадеъ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ... бо ашъори пурмазмуни худ ба инсоният ғизои маънавӣ бахшидаанд ва ин ғизо, бешак, барои насли оянда низ асрҳо хидмат мекунад.

Вақте хонанда, хоҳ бузургсол, хоҳ миёнсол ва хоҳ ҷавон аст, ашъори Камоли Хуҷандиро варақ мезанад, дар олами ишқ, муҳаббат ва зебоӣ сайр мекунад ва ба ҳаёт бо дилгармӣ, шодию сурур дида медӯзад. 
Бо ташаббуси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони кишвар дар маҷлисгоҳи Кумитаи  оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони ҷумҳурӣ бахшида ба 700 солагии зодрӯзи Камоли Хуҷандӣ таҳти мавзӯи «Шеърият – сафири дӯстӣ» шаби адабию мусиқӣ баргузор шуд.
Дар он намояндагон аз марказҳои миллӣ-мадании миллатҳои дигар, олимон, шоиру нависандагон, санъаткорон ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок карданд.
– Камоли Хуҷандӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шоири лирик шинохта шудааст. Мавзӯи ғазалиёти Камол асосан аз қисматҳои ишқӣ, фалсафӣ, ҳасбиҳолӣ иборат мебошанд. Диққати асосии шоир бештар ба инсон ва ҳаёти маънавии он нигаронда шудааст. Дар шеърҳои ӯ ғами инсон, фидокорӣ нишон додан дар роҳи муҳаббат, умед ба оянда дар маърази аввал гузошта мешавад. «Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ» фармудааст Ҳофизи бузург, – гуфт раиси марказ Ҷаъфар Холмӯъминов.
Барандаи маҳфил Шарофат Эрматова бо чунин байтҳои Камол шабнишиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид:
Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,
Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро.
Гӯиям рӯзе: бирав султони вақти хеш бош!
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро...

Дар шаби шеър ройзани фарҳангии сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон Муҳсин Пурмуҳсинӣ баромад карда, аз ҷумла чунин гуфт:
– Дар маданияти мардуми Шарқ, хусусан тоҷикон, ӯзбекон ва эрониён ҳаёт бо шеър оғоз меёбад ва бо шеър ба итмом мерасад. Ҳамаи орифон ҳунарманданд, вале на ҳамаи  ҳунармандон орифанд. Имрӯз зодрӯзи шахсеро ҷашн мегирем, ки ӯ ҳам ориф, ҳам ҳунарвар ва ҳам шоир аст. Орифон асрори оламро бо суханҳои ширину зебои худ ба матои ҳарири бофтаву печонда ба мо тақдим кардаанд. Камоли Хуҷандӣ, ки дар асри XIV умр ба сар бурдааст, ҳамзамони яке аз гавҳаршиносони сухан, машҳур бо номи «лисон ул-ғайб» Ҳофизи Шерозӣ будааст. Назар ба маълумотҳо Камоли Хуҷандӣ ҳангоми дар шаҳри Табрез зиндагӣ кардан ба Ҳофизи Шерозӣ чунин ғазали худро ирсол намудааст: 
Ёр гуфт: аз ғайри мо пӯшон назар, гуфтам: ба чашм!
В-он гаҳе дуздида дар мо менигар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба миҷгонат бирӯб он хоки дар, гуфтам: ба чашм!

Устод Аслиддин Қамарзода, шоир Бобур Бобомурод ва дигарон аз лаззатбахш ва дарднок будани ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки ҳарчанд дар Хуҷанд таваллуд шуда бошад ҳам, солҳои зиёди умраш дар Бухоро, Тошканд ва Самарқанд гузашта аст.
Ғазалҳои Шайх Камоли Хуҷандӣ бештар ба мусиқиву суруд мувофиқат доранд, аз ин боис ҳунарпешагони шарқ, аз ҷумла тоҷику ӯзбек, ба ғазалиёти ӯ оҳангҳои ҷаззоб баста сароидаанд. Дар чорабинӣ ҳамчунин қайд карда шуд, ки ғазалиёти пурмазмуни Камол аз ҷониби шоир ва тарҷумони моҳир Олимҷон Бӯриев ба забони ӯзбекӣ баргардонда шудааст.
Баромади гурӯҳи мусиқии «Мавригӣ»-и Бухоро бо сарварии Рауф Авезов, рақсҳои миллии духтарони деҳаи Навободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд табъи ҳозиронро болида сохтанд.
Аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳаводорони каломи Камоли Хуҷандӣ дар маҳфил ҳозир буданд ва аз ғазалҳои ӯ қироат карданд.
Маҳфили адабию мусиқие, ки дар фазои дӯстӣ, якдилӣ ва ҳамҷиҳатӣ баргузор шуд, хеле хотирмон ба поён расид.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: