ДАР БОРАИ ТАШКИЛ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ОҶОНСИИ ИТТИЛООТ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ОММАВИИ НАЗДИ МАЪМУРИЯТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Бино бар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 феврали соли 2019 №ФП-5653 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба рушди минбаъдаи муҳити иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ»:

1. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
сохтори ташкилии Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар иловаи №1;
сохтори дастгоҳи марказии Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар иловаи №2;
сохтори намунавии идораи иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бино бар иловаи №3;
Низом дар бораи Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар иловаи №4;
Барнома оид ба рушди минбаъдаи муҳити иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2019-2020 бино бар иловаи №5;
«Харитаи роҳ» оид ба татбиқи лоиҳаи «Ko’ngil ko’zi», ки ба такомули таҷҳизоти ноширӣ, таъмири бино ва иншооти истеҳсолӣ, мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддиву техникии корхонаҳои «Типографияи нобиноён» нигаронда шудааст, бино бар иловаи №6.
2. Миқдори таркиби идораи низоми Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Оҷонсӣ) ба теъдоди 127 воҳид, аз он ҷумла дастгоҳи марказӣ – 81 воҳид ва қисмҳои ҳудудӣ – 46 воҳид муқаррар карда шавад. Ҳамзамон 101 воҳид, аз он ҷумла 55 воҳиди дастгоҳи марказӣ ва 46 воҳиди қисмҳои ҳудудӣ аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин карда шуда, 26 воҳиди дастгоҳи марказӣ аз ҳисоби маблағи Фонди дастгирии рушди муҳити иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Бунёд) таъмин карда мешавад.
3. Ба директори Оҷонсӣ чунин ҳуқуқҳо дода шавад:
зимни ногузирӣ дар ҳудуди миқдори муқарраргардидаи таркиби ашхоси идоракунанда ва Фонди музди меҳнат пешниҳод намудани тағйирот ба сохтори ташкиливу штатии Оҷонсӣ ва қисмҳои он;
тасдиқ намудани низом дар бораи қисмҳои ҳудудӣ ва ҳамчунин низом ва сохтори ташкилотҳои тобеи Оҷонсӣ;
дар асоси қарордод ба сифати мушовир, дар доираи иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаи Оҷонсӣ гузошташуда, ҷалб намудани кормандони баландмалакаи мақомоти давлатӣ, мақомоти идораҷоти хоҷагидорӣ, корхона ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд – мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар), ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ, ташкилотҳои саршиноси байналхалқӣ ва ширкатҳои хориҷӣ ва ҳамчунин мутахассисон, аз он ҷумла мутахассисони хориҷӣ;
ба ходимон муқаррар намудани музди иловагӣ ва дигар пардохтҳои рағбатноккунанда ба маошҳои лавозимӣ аз рӯйи вазифаи асосии ишғолнамуда, сарфи назар аз дигар пардохтҳо, ки қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд, аз ҳисоби маблағи Бунёд, аммо на бештар аз 300 фоизи Фонди музди меҳнати моҳона.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
Оҷонсӣ дар соҳаи таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи иттилооти давлатӣ ва ҳамчунин дастгирии рушди воситаҳои ахбори оммавӣ, матбуот, фаъолияти ношириву полиграфӣ ва иттилоотиву китобдорӣ мақомоти ваколатдор ба шумор меравад;
Оҷонсӣ аз ҷониби директор роҳбарӣ мегардад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад;
директори Оҷонсӣ се нафар муовин дорад, аз он ҷумла як нафар муовини аввал, ки ба вазифа аз ҷониби Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар ҳамоҳангӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин ва озод карда мешавад;
директори Оҷонсӣ аз рӯи мақом, шарти пардохти музди меҳнат, рағбатноксозии моддӣ, хидматрасонии тиббӣ ва нақлиётӣ ба муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовинони вай ба муовинони мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баробар карда мешаванд;
қарорҳои Оҷонсӣ, ки дар доираи ваколати он қабул гаштаанд, барои иҷро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ ва идораҳои хоҷагидорӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, аз ҷониби дигар ташкилот ва идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, ки дар доираи иттилоот фаъолияти худро роҳандозӣ намудаанд, ҳатмианд.
5. Ба пешниҳодоти Оҷонсӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷа, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсиси Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир ба татбиқи вазифаҳои PR-марказ дар ҳайати бино бар иловаи №7 ризоият дода шавад.
Вазифаҳои асосии Гурӯҳи кории байниидоравӣ инҳо муайян карда шаванд:
таҳияи вазифа ва самтҳои афзалиятнок, аз ҷониби Оҷонсӣ  ташкил намудани асосҳои консептуалии фаъолияти PR, роҳандозии танзими босамари байниидоравӣ дар соҳаи мазкур;
ҷамъоварии маълумот дар бораи талаботи сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои потенсиалӣ дар ҷанбаҳои мухталифи иқтисодиёт, ба таври доимӣ таҳия намудани матолиби иттилоотӣ барои роҳандозии PR дар ҷараёни ҷалби сармояи хориҷӣ ва бизнес-форумҳо;
ҳамдастӣ бо воҳидҳои соҳибкорӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар заминаи ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи зарфияти сармоягузории мамлакат, ташаккули рӯихати пешниҳодоти истиқболноки сармоягузорӣ, маълумот барои таҳияи матолиби тақдимотии ногузир барои сармоягузорони хориҷӣ;
баррасии масъалаҳое, ки бо ташаккул ва пеш бурдани обрӯйи мусбии Ӯзбекистон, фазои сармоягузорӣ ва потенсиали сайёҳии мамлакат дар фазои иттилоотии ҷаҳон алоқаманданд.
6. Муқаррар карда шавад, ки:
таъмини молиявии фаъолияти Оҷонсӣ ва қисмҳои ҳудудии он аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бунёд ва дигар маблағҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба амал татбиқ мегардад;
Оҷонсӣ ва қисмҳои ҳудудии он аз рӯи қарордодҳо ва ӯҳдадориҳои Оҷонсии матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон, мувофиқан Оҷонсии матбуот ва иттилооти Қароқалпоқистон, садоратҳои вилоятӣ ва шаҳри Тошканд оид ба матбуот ва иттилоот меросдор мебошанд;
Марказ оид ба масъалаҳои коммуникатсияи оммавии Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи қарордод ва ӯҳдадориҳо меросдори Маркази мониторинг дар ҷанбаи коммуникатсияҳои оммавии Оҷонсии матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон ба шумор меравад;
лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳое, ки мутааллиқ ба соҳаи фаъолияти Оҷонсӣ мебошанд, ба таври ҳатмӣ бояд бо он ҳамоҳанг карда шавад;
Оҷонсӣ танзими корро доир ба таҳияи ролик ва эълонҳои иҷтимоӣ татбиқ менамояд, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо барои минбаъд нашр намудани онҳо аз тариқи шабакаҳои телерадио, аз он ҷумла аз тариқи шабакаҳои ғайридавлатӣ таҳия мегарданд.
7. Вазорати таълими халқ якҷоя  бо Вазорати молия ҳар сол то 1 март, ба тариқи истисно, ба Оҷонсӣ дар асоси ҳисобу китоби дақиқи он маблағи пешакӣ барои хариди ашёи хом ва маводи сарфшавандае, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намегарданд ва барои нашр ва пахши адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таълими миёнаи ҳамагонӣ барои соли хониши дахлдор заруранд, дар ҳудуди миқдори маблағҳои барои мақсадҳои мазкур пешбинигардидаи Фонди ҷумҳурии мақсадноки китоби назди Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо менамоянд.
Оҷонсӣ якҷоя бо Вазорати таълими халқ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муддати як моҳ тартиби ҷудо намудани маблағи пешакиро ба Оҷонсӣ барои хариди ашё ва маводи сарфшаванда, харид ва паҳн намудани онҳо байни корхонаҳои ношириву полиграфӣ ва ҳамчунин ба назар гирифтани маблағи мазкур зимни таъмини молиявии харҷ барои нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таълими миёнаи ҳамагонӣ тасдиқ намояд.
8. Ба зиммаи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо масъулияти шахсӣ барои фаъолияти босифати хидматҳои матбуотии идораҳо (шуъба оид ба кор бо ҷамъият), босамар иҷро намудани вазифаҳои дар пешашон гузошташуда ва ҳамчунин бо мутахассисони баландмалака мукаммал сохтани онҳо гузошта шавад.
9. Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Оҷонсӣ соли 2019 аз ҳисоби бахшҳои кредитии институтҳои молиявии байналхалқӣ ва ташкилотҳои молиявии ҳукуматҳои хориҷӣ ҷалб намудани маблағро барои такомул ва мустаҳкамсозии пойгоҳи моддиву техникии мағозаҳои махсуси замонавии китоб, корхонаҳои ношириву полиграфӣ, сарпур намудани воридоти моддии онҳо, сохтмони мағозаҳои нави китоб ва ҳамчунин таҳияи китобҳои дарсӣ ва дигар маҳсулоти чопӣ таъмин намоянд.
12. Оҷонсӣ якҷоя бо Оҷонсӣ доир ба идораи маблағи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муддати то 1 июни соли 2019 тамоми таҷҳизот ва объектҳои низоми Оҷонсиро аз рӯихат гузаронда, Барномаи маҷмӯии рушди соҳаи ношириву полиграфии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла чорабиниҳои хусусигардонии корхонаҳои пешбинигардидаи зердасти Оҷонсӣ, татбиқ намудани шарикии давлативу хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи мазкур тасдиқ намояд.
13. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бино бар аризаҳои Оҷонсӣ ва қисмҳои ҳудудии он дар асоси ройгон пешниҳод намудани қитъаҳои холии заминро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (кӯчаҳои марказӣ, ҳудуди боғҳои истироҳат, бозор, вокзалҳои роҳи оҳан, дар даромадгоҳи истгоҳҳои метрополитен ва ғайра) барои ҷойгир намудани дӯконҳои сайёри китоб барои фурӯши китоби дохилӣ ва дигар маҳсулоти чопӣ таъмин намоянд.
14. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муддати як моҳ:
лоиҳаи қарори ҳукуматиро, ки фаъолиятро дар мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо, аз он ҷумла дар қисмҳои ҳарбӣ, китобхонаҳои идоравиро бо шарти ҳар сол нав сохтани фонди онҳо дар асоси пешниҳодоти Оҷонсӣ пешбинӣ менамояд, таҳия ва қабул намояд;
тартиби тақсими ҳатмии бепули нусхаҳои маҳсулоти чопӣ ва нашрияҳои чопии давриро бо назардошти кам кардани рӯихати ташкилотҳо барои паҳнкунӣ, таҷдиди назар намояд.
15. Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси пешниҳодоти Оҷонсӣ рӯихати адабиёти бадеиро барои сарпур намудани китобхонаҳои муассисаҳои таълимии махсуси миёна ва олии ҷумҳурӣ тартиб диҳад ва ҳар сол маблағи ногузирро барои хариди он ҷудо намояд.
16. Вазорати рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муддати як моҳ Оҷонсиро бо василаҳои алоқа, аз ҷумла ҳукуматӣ ва ҳамчунин дастрасӣ ба шабакаи Интернет таъмин намояд.
17. Оҷонсӣ аз рӯи манзили: шаҳри Тошканд, ноҳияи Шайхонтаҳур, кӯчаи Навоӣ, бинои 30 дар асоси истифодаи ройгон ҷойгир карда шавад.
18. Ба Оҷонсӣ лимит барои харид ва нигоҳ доштани автомобилҳои хидматии сабукрав дар миқдори панҷ воҳид, аз он ҷумла чор мошини вобаста ва як мошини навбатдор аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар карда шавад.
19. Ба рӯихати амвол (кор, хидматрасонӣ), ки хариди онҳо аз ҷониби фармоишгарони давлатӣ бо қарордодҳои мустақим, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 сентябри соли 2018 №ҚП-3953, банди 30 бо мазмуни зерин тасдиқ гаштааст, изофа карда шавад:
«30. Коғаз ва дигар маводи харҷе, ки барои нашр (нашри такрорӣ)-и китобҳои дарсӣ ва маҷмӯаҳои таълимиву методии муассисаҳои таълимӣ муқаррар гаштаанд».
20. Оҷонсӣ якҷоя бо Вазорати адлия ва дигар идораҳои манфиатдор дар муддати як моҳ:
ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳодотро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз ин қарор бармеояд, тақдим намоянд;
ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии қабулнамудаи онҳоро ба қарори мазкур мутобиқ созанд.
21. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон  А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  З. Ш. Низомиддинов ва муовини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ф. Ш. Маҳмудов  гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
2 феврали соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: