АХБОР

ВАЗИФАИ МУҲИМИ ПСИХОЛОГ ДАР МАКТАБҲО

Имрӯзҳо дар як қатор масканҳои таълимии пойтахт хониш-тренингҳо ташкил ва дар онҳо баланд бардоштани малакаи касбӣ, дониш ва таҷрибаи амалии психологҳои мактабҳои таълими умумӣ чун яке аз самтҳои муҳими сохтори таълим таъкид меёбанд. 

Дар тадбирҳо, ки бо ташаббуси Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ доир мегарданд, эксперт ва рӯҳшиносҳои шинохта аз хориҷ ширкат меҷӯянд. Мақсад, пешгирии ҳолатҳои ногувори донишандӯз, роҳ нагузоштан ба шикастадилӣ ва рӯҳафтодагии ӯ. Назар ба фикри профессор Лорен Вулф аз ИМА, тазйиқ ба бача ва паст задани шаъни инсониаш ба дамдуздӣ ва инқирози рӯҳии умронаи вай сабаб шуданаш мумкин. Вазъ тақозо дорад дар муассисаҳои таълимӣ устодон дар муносибат ба шогирдон эҳтиёткор бошанд, психологҳо дар мактабҳо дар ин бобат масъулияти том ҳис намоянд.

ӮЗБЕКИСТОН ДАР ЛУВР

Соли 2021 таърих ва маданияти Ӯзбекистон дар яке аз калонтарин музейҳои дунё – Лувр воқеъ дар Фаронса намоиш дода мешавад. 

Дар тадбире, ки аз ҷониби Бунёди рушди маданият ва санъат дар ҳузури Вазорати фарҳанг ба амал омад, масъалаҳои омодагӣ ба намоиш мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд. Чорабиние, ки бахшида ба сивилизатсия ва маданият дар Роҳи бузурги абрешим сурат гирифт, як қатор мутахассисони хориҷӣ иштирок намуданд.

ДАР НАВОР – ПИРОНИ БАРҲАҚ

Дар Кохи санъат ва синамои ба номи Навоии пойтахт нахустнамоиши филмҳои ҳуҷҷатии «Хоҷа Баҳоваддин Нақшбанд» ва «Ӯзбекистон – маркази сивилизатсияи ислом» рӯи кор омад.

Маълум, ки бузургмардони олами илм, маърифат ва фарҳанге, ки аз сарзамини мо баромадаанд, нафақат ба сивилизатсияи исломӣ, балки ба рушди тамаддуни дунё саҳми муносиб гузоштаанд. Фиқҳ, тафсир, калом барин илмҳо дар ҳамин ҷо, хусусан, Бухорои шариф, ки қуввати дини ислом номанд, тараққӣ карданд. Филмҳои ҳуҷҷатии болоӣ – бозгӯкунандаи ҳамин ҳақиқати таърихианд. Муаллифони сенария донишмандони мо Султонмурод Олим, Олимҷон Давлат ва Зоҳидҷон Исломов мебошанд.

КИТОБХОНА ДАР ТЕАТРҲО

Бо мақсади иҷрои қарори Президент оиди баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавию маърифатӣ ва ба давраи нави тараққиёт баровардани соҳа аз 28 июли соли 2017 Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ чораҳои мушаххас меандешад. 

Аз ҷониби Марказ дар Театри миллӣ-драмавии ӯзбек таҳти мавзӯи «Мавқеи санъати театрӣ дар баланд бардоштани олами маънавии халқи мо» анҷуман ташкил гардид. Дар он мазмун ва моҳияти қарори болоии сардори давлат, ҳамчунин «Стратегияи амалиёт», ки муҳимтарин ҳуҷҷат ва дастуруламал барои иҷрои корҳои оянда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Марказ ба Театри миллӣ наздик 1000 дона китоб туҳфа намуд. Ташкил намудани китобхонаҳои маърифат дар театрҳои дигар низ ба нақша даромадааст.

«ЛАЗГӢ» БОЗ ДАР ХИДМАТИ МАРДУМ

Бо қарори роҳбари давлат ташкил шудани Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ва дар таркиби он фаъолияти худро барқарорсозии ансамбли рақсу суруди «Лазгӣ» воқеаи муҳими фарҳангӣ гардид.

Дар Кохи санъати «Туркистон» тамошобинон аз баромадҳои рангин ва дилнишини «Лазгӣ» таассуроти хуб бардоштанд. Суруд, рақс, сувора ва лапару бадеҳаҳои хоразмӣ дилҳоро ба ваҷд овард. «Лазгӣ» ансамбли таърихист, ки ба он Комилҷон Отаниёзов асос гузошта, баъдтар Гавҳар Раҳимова, Ортиқ Отаҷонов ва Равшаной Шарипова роҳбарии бадеии онро дар ӯҳда доштанд. Алъон роҳбари бадеии даста Овозхони шоистаи ҷумҳурӣ Оғобек Собиров. Вай гуфт, барномаҳои мо бидуни фонограмма, яъне куллан зинда иҷро мешаванд, ният дорем ба вилоятҳои ҷумҳурӣ гастролҳо ташкил созем, соле як бор оид кардани консерти ҳисоботиро низ ба нақша гирифтаем.

М.ШОДИЕВ, мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: