«ТАРҒИБИ САВТУ СУРУДИ БУХОРО – МАҚСАДИ МО»,

– мегӯяд директори шуъбаи вилоятии филармонияи давлатии Бухоро Рауф Авезов

Филармония дар гузари Говкушони Бухорои шариф, дар самти шаҳри кӯҳна, паҳлӯи ҳавлии Шарифҷон махдуми Садри Зиё воқеъ гардидааст. Ин маскани назарногир тайи даҳсолаҳо бобати рушди савту суруд дар вилоят ва тарғиби фолклору ҳунарҳои зебои Бухоро дар мамлакат ва хориҷи он саҳми арзанда дорад. Мо бори охир баҳори соли гузашта ба ин ҷо омада, аз хусуси фаъолияти онҳо ба рӯзномахонон мақолае ҳавола карда будем. Инак, бо мурури вақт боз ёди дӯстони дерина кардем.
Дар қабулгоҳ корманди идора Ситорабону чун ҳамеша серкор буд, бо самимияти ба худ хос моро қабул карда гуфт:
– Даромадан гиред, сардор бо ҳамкори худ мулоқот дорад.
Баъди лаҳзае Рауф Расулович берун омада, каминаро ба дафтари кориаш хонд.
Чанд сол муқаддам дар ин ҷо мулоқоти мо бо санъаткор ва оҳангсози бухорӣ, ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Ориф Атоев сурат гирифта буд. Он гоҳ мизбонон, бехабар аз тӯл кашидани суҳбат ва дар хонаи шафат будани мо, дарвозаро аз болоямон қулф карда рафта буданд. Баъди чораҷӯиҳои зиёд ниҳоят болои бом баромада, бо кӯмаки нардбони ҳамсоя берун баромада будем.
Баъди ҳолпурсӣ суҳбати мо бо вай (Р.Авезов) ва ҳамкораш – роҳбари бадеии дастаи рақсу суруди «Бухоро гӯзаллари» Ботир Рустамов қӯр гирифт.
– Болои хурсандӣ омадед, – хушҳолона ба диплом ва туҳфаи хотиравии болои миз ишора намуд Рауф Авезов. 
Рӯзномахонон ӯро, ки ҳоло директори филармонияи давлатии Бухоро асту бештар аз ду даҳсола ин ҷониб ҳамчун сарвари иттиҳодияи дастаҳои ҳунарии вилоят ва роҳбари бадеии ансамбли «Мавригӣ» фаъолият дошту дорад, шояд хуб медонанд.
Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки Вазорати фарҳанг ҳар сол дар миқёси мамлакат ҷамоаи фаъолтарини эҷодиро муайян мекунад. Бинобар ҷамъбасти соли гузашта дастаи рақсу суруди «Бухоро мавҷлари» сазовори чунин эътироф гардида, бо дипломи «Эҳтиром-2018» ва туҳфаи хотиравии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ тақдиронида шудааст.
Ҳоло шуъбаи вилоятии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ҷамоаҳои эҷодии «Бухорча», «Бухоро гӯзаллари», «Бухоро мавҷлари», «Мавригӣ» ва дастаи скрипканавозони «Лира»-ро дар худ муттаҳид намудааст.
– Соли гузашта барои дастаҳои эҷодиамон барорнок омад. Ду ҷамоаамон: «Бухорча» ва «Бухоро мавҷлари» бо ансамбли «Шашмақом»-и вилоят якҷоя дар Анҷумани байналхалқии санъати мақом дар Шаҳрисабз иштирок кард. 
Моҳи май бошад, дастаи «Бухоро гӯзаллари» дар фестивали байналхалқии Нурато – «Нурли наволар», моҳи сентябр дастаи «Бухоро мавҷлари» дар чорабинии байналхалқии Хоразм «Рақс сеҳри» ҳунарнамоӣ намуданд. Дар Хоразм ба дастаи «Бухоро мавҷлари» ғолибӣ аз рӯйи номинатсияи «Ҷамоаи беҳтарини рақсӣ», ба балетмейстери он, Ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ӯзбекистон Саломат Раҳмонова унвони «Беҳтарин балетмейстер» насиб гардид, – изҳори қаноатмандӣ намуд директор.
Вақте ки дипломҳои дастраснамудаи ҷамоаро аз назар мегузарондам, дар яке аз онҳо номи Рауф Авезовро дида ба вай таваҷҷуҳ кардам. Моҳи ноябри соли 2018 ба директори филармония аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба миқдори 50 баробари ҳадди ақалли музди меҳнати моҳона мукофоти пулӣ инъом гардида буд.
– Шумо тақрибан як сол пештар роҳбари иттиҳодияи ҷамоаҳои ҳунарӣ будед, ҳоло сарвари филармония. Байни иттиҳодияю филармония фарқ дар чист? – суол кардам аз ӯ.
– Филармония дар миқёси олам ҳамчун соҳаи касбии ягона дорои мафҳуми умумист. Он дар алоқаҳои эҷодӣ, таҷрибаивазкунӣ ва фаъолияташ бино ба нақша ва тақвим бартарӣ дорад.
– Дар соли нав чӣ нақшаҳо доред?
– Сафарҳои эҷодии мо дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойҳои дигар бояд ба амал оянд. Инчунин, ҳамкории дастаи ҳунарии «Мавригӣ» бо ансамбли «Суғдиёна»-и Консерваторияи давлатии Тошканд бобати иҷро бо усули оркестр пешбинӣ шудааст.
Боиси хушнудист, ки тибқи савту сурудҳои мардумии бухороиён ба мо – санъаткорон бобати аз нав таҳия намудани барномаҳои консертии худ имкониятҳои мусоид фароҳам омад. Аз ин рӯ, баҳри тарғиб ва дастраси умум гардондани санъати волои навозандагӣ ва сарояндагии Бухоро ва тараннуми дӯстӣ хидмат хоҳем кард.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: