САДОИ МУСИҚИИ ҒАРБ ДАР ШАРҚ

Дар тадбири мадание, ки бо унвони «Асарҳои мусиқии классикони немис» дар толори Консерваторияи давлатӣ ташкил гардид, аз дурдонаҳои мусиқии аврупоӣ намунаҳо шунавонида шуданд.

Овозхони мардумӣ Муноҷот Йӯлчиева таъкид кард, Вебер, Бах, Бетховен, Шубер барин мусиқорҳои немис, ки ҳар яке мактабҳои ба худ хос офаридаанд, ба қалби шунавандаи ӯзбек наздик. Донишҷӯён бо фортепиано ва скрипка аз осори классикони мусиқии Ғарб намунаҳо иҷро ва барҳаётии оҳангҳои мумтозро ба исбот расонданд. Иштирокдорон гуфтанд, ин гуна тадбирҳо аз наздикшавии халқҳо, дар тарбияи эстетикию рӯҳӣ эҳсосшавии нақши санъат гувоҳӣ медиҳанд.

М. ШОДИЕВ, мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: