НАМОИШИ ШАХСИИ РАССОМ ВА ПАЙКАРАСОЗ

Дар толори марказии Мудирияти намоишҳои бадеӣ воқеъ дар Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон маросими кушоиши намоиши шахсии Рассоми мардумии Ӯзбекистон, пайкарасоз Абдумӯъмин Бойматов баргузор гардид.

Раиси Фарҳангистони бадеӣ, академик А.Нуриддинов доири фаъолияти самараноки А.Бойматов дар риштаи санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ сухан ронд. Мудири шуъбаи ҳайкалтарошӣ Т.Тоҷихӯҷаев ва дигарон хидмати шоёни А.Бойматов дар рушди пайкарасозии миллиро қайд карда гузаштанд. Муҷассамаҳои Берунӣ, Сино, Ал-Хоразмӣ, портретҳои ҳамзамонон, корҳо дар жанри анималистикӣ, асарҳо бахшида ба хотираи ҷанговарони шуҷоъ, ки дар экспозитсияҳо ҷой доранд, диққати тамошобинонро ба худ мекашанд. Дар вернисаж, ҳамчунин, намунаи осори беҳтарин шогирдони А.Бойматов, аз қабили Т.Эсонов, С.Қодиров ва М.Мӯйдинов ҷой гирифтаанд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: