ВАЗИФАҲОИ ЗИЁД КАРДАНИ ҲАҶМИ СОДИРОТ ДАР СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЁТ ВА МИНТАҚАҲО МУАЙЯН ШУДАНД

6 феврал таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба вазифаҳои муҳими зиёд кардани ҳаҷми содирот дар соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳо машварати видеоселекторӣ баргузор шуд.

Дар машварат Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони вазорату идораҳо, ҳамчунин роҳбарияти Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва вилоятҳо аз тариқи робитаи видеоиву конфронсӣ намояндагони ширкатҳои бузург ва сафирон иштирок карданд. 
Содирот омили муҳими эътидоли иқтисодиёт аст. Қатъиян афзун сохтани содирот роҳи ягонаи зиёд кардани захираҳои асъор ба шумор меравад,
Дар натиҷаи чораҳо бобати сабук ва дастгирӣ намудани фаъолияти содиротӣ соли гузашта ҳаҷми содирот 14 милларду 258 миллион долларро ташкил дод ва 13,6 фоиз афзуд.
Тӯли ду соли охир ҷуғрофияи содирот бо 50 мамлакат вусъат пайдо кард ва 140 давлатро фаро гирифт. Содироти 120 навъи нави маҳсулот ба роҳ монда шуд. Дар сохтори содирот  саҳми маҳсулоти тайёр 56 фоизро ташкил дод, содироти саноати минтақавӣ тақрибан 1,7 баробар зиёд шуд. 
Вале иқтидори содиротии мамлакат ҳанӯз пурра истифода намешавад. 
Дар машварат Президент зарурияти диверсификатсияи сохтори содирот, ҳадди ақалл ба 60 фоиз расондани саҳми маҳсулоти ғайриашёвиро таъкид намуд. Барои ин мақсад супориш дода шуд, ки стратегияи миллии содиротии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2021 кор карда шавад.
Стратегияи мазкур бояд масъалаҳои нақли хидматҳои содиротии давлатӣ, дастгирии молиявии онҳо, ба рейтинги «Doing Business»-и 50 кишвари нишондиҳандааш баланд оид ба савдои хориҷӣ дохил шуданро пурра дар шакли электронӣ фаро гирад. Бо назардошти таҷрибаи хориҷӣ барои мувофиқсозии фаъолияти содиргарон ва ба онҳо ҳамаҷониба кӯмак расонидан Ассамблеяи содиргарони Ӯзбекистон ташкил карда мешавад. 
Масъалаҳои аз байн бардоштани камбудиҳои роҳ додашуда дар зиёд кардани содирот, фаъол кардани ин кор муҳокима гардиданд.
Қайд шуд, ки соли гузашта пешбиниҳо оид ба содироти минтақавӣ иҷро нашуданд, нишондиҳандаҳо, ба хусус дар вилоятҳои Қашқадарё, Сурхондарё, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон ва шаҳри Тошканд ғайриқаноатбахш буданд.
Он санад танқид шуд, ки нишондиҳандаҳои содиротии маҳсулоти меваву сабзавот аз минтақаҳо нисбат ба пешбинишуда хеле камтар буда, нақшаи дахлдор дар ягон минтақа иҷро нагардидааст.
Табиист, ки содирот аз конюнктура дар бозори ҷаҳон вобаста мебошад. Содиргарони хориҷӣ пешбинӣ менамоянд, ки нархҳои ҷаҳонӣ барои маҳсулоти асосии ашёвӣ соли равон низ пасттар мешаванд. Вобаста ба ин пешбинии содирот барои соли 2019-ум дар ҳаҷми нисбат ба соли гузашта 30 фоиз бештар муайян карда шуд.
Роҳбари давлат зарурияти иҷрои пешбиниҳои содиротиро дар пояи ҳисобу китобҳои дақиқ таъкид кард ва дар соҳаи мазкур ҷорӣ намудани низоми навро пешниҳод намуд.
Чунончи, пеш аз ҳама, фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба содирот куллан такмил дода мешавад. Намояндагони ситод ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо вобаста карда мешаванд.
Ҳамчунин муовинон ва мушовирони Сарвазир барои иҷрои содироти пешбинишуда дар вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳои хоҷагие, ки таҳти назорати онҳо қарор доранд, ҷавобгар хоҳанд шуд. 
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба содирот, муовини Сарвазир ва Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ ҷадвали даҳрӯзаи содиротро бинобар соҳаҳо ва минтақаҳо кор карда мебароянд, бобати таъмин кардани иҷрои бечуну чарои муоҳидаҳои содиротии ба  имзо расида ва имзои шартномаҳои иловагӣ чораҳо меандешанд. 
Дуюм, дар ҳар кадом вилоят, ноҳия ва шаҳр ситодҳои доимоамалкунанда оид ба содирот ташкил карда хоҳанд шуд. Таҳти роҳбарии онҳо низоми ягонае ташаккул дода мешавад, ки ҷараёнҳои аз ҷойгузинкунии  муътадили зироатҳои содиротӣ, бо тухмиҳои босифат ва ниҳолҳо таъмин кардани хоҷагиҳо, ҷамъоварии беталафи ҳосил, ба навъҳо ҷудокунии он, борбандӣ, нигаҳдорӣ ва коркард, то ба бозорҳои хориҷӣ расонда додани маҳсулотро фаро мегирад. Баробари ин ситодҳои мазкур барои ҳаллу фасли мушкилоти дохилӣ ва хориҷии логистика, сертификат, зиёд кардани содироти тиҷорати хурд ва дар зарурат, ҷудо кардани вомҳо барои сарпур сохтани маблағҳои муомилавӣ кӯмак мерасонанд. 
Мувофиқи вазифаҳои номбурда дар ҳайати ситодҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ намояндагони идораҳои ҳудудӣ ва шуъбаи идораҳои ҷумҳуриявӣ оид ба иқтисодиёт, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, энергетика, гумрук, стандарткунонӣ, карантин ва Палатаи савдову саноат, ҳамчунин бонкҳои тиҷоратӣ дохил карда мешаванд. 
Ситодҳои минтақаҳо вазифадоранд бо содиргарон мунтазам кор баранд ва мушкилоти онҳоро ба тарзи таъҷилӣ ҳаллу фасл кунанд, таъкид шуд дар машварат. Натиҷаи корҳои иҷрошуда ба пойгоҳи маълумот дохил ва дар режими онлайн назорат карда мешаванд. 
Сеюм, вазирон ва роҳбарони иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ барои иҷрои пешбинишудаи содиротӣ дар соҳаҳои таҳти назорати онҳо ҷавоб медиҳанд. 
Чунончи, иттиҳодияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат» ба тамоми силсилаи аз истеҳсоли пахта дар кластерҳо то ба содирот баровардани тамоми маҳсулоти бофандагии дар саросари ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ҷавоб медиҳад. 
Зарурияти вусъат додани истеҳсоли молҳои дорои арзиши иловагӣ дар соҳаҳо бо истифода аз технологияҳои замонавӣ таъкид шуд.
Чаҳорум, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ низоми миллии дастгирии содиротро самарабахш  ба роҳ монда, барои ба бозорҳои хориҷӣ баромадани корхонаҳо кӯмак мерасонад, барои дастгирии молиявии онҳо ва суғуртаи хавфу хатарҳо чораҳо меандешад. Зикр шуд, ки ин низом бояд бо ситодҳои оид ба содирот аз наздик ҳамкорӣ кунад, аз ҳама муҳимаш, корхона бояд самарабахшии фаъолияти онро эҳсос намояд. 
Панҷум, дар таъмин сохтани содирот тамоми вазорату идораҳо бевосита иштирок мекунанд. 
Аз ҷумла, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сармояҳо ва савдои хориҷӣ якҷо бо сафирон талабот ва супоришгаронро дар кишварҳои хориҷӣ ошкор мекунанд ва аз ин хусус ба ситодҳои оид ба содирот мунтазам маълумот медиҳанд.
Сафироне, ки ба минтақаҳо вобаста карда шудаанд, дар ҷустуҷӯйи харидорон барои бозорҳои хориҷӣ ва иштироки корхонаҳои ватанӣ дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ба ҳокимиятҳо кӯмак мерасонанд. 
Шашум, ба беҳтар кардани хидматрасонии нақлиётӣ ва логистикӣ эътибори зиёд дода мешавад.
Тавре ки маълум аст, беш аз 20 гузаргоҳ ва хатсайрҳои байналхалқии нақлиётӣ аз тариқи кишвари мо мегузаранд, бо 30 давлат дар соҳаҳои боркашонии байналхалқии автомобилӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Вале логистика ва инфрасохтори роҳ, иқтидори нуқтаҳои сарҳадии гумрук ба талаботи рӯзафзуни транзит пурра ҷавоб дода наметавонанд.
Вобаста ба ин ба шахсони масъул бобати рушди минбаъдаи марказҳои логистикӣ ва инфрасохтори шафати роҳҳо, беҳтар намудани ҳолати техникӣ ва имконияти гузаргоҳии нуқтаҳои сарҳадии гумрук, фаъолона ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ба ҷараёни расмикунонии восита ва борҳои нақлиётӣ супоришот дода шуданд.
Бобати мувофиқсозии сиёсати тарифӣ оид ба мусофиркашонӣ ва молҳои нақлиёти ҳавоӣ, кӯмакрасонӣ ба операторони хусусӣ дар ташкил намудани хиёбони вагонҳо, мувафақ шудан ба гузаштҳо аз кишварҳои транзитӣ барои содиргарони ватанӣ вазифаҳо гузошта шуданд, 
Ҳафтум, стандарткунонӣ ва сертификати молҳои содиротӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд, аксар стандартҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқат намекунанд ва ҳангоми содирот мушкилиҳои ҷиддӣ фароҳам меоваранд. Ба ин муносибат ба Оҷонсии «Ӯзстандарт» супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор камбудиҳои дар соҳаи сертификат ва стандарткунонӣ мавҷудбударо бартараф кунад.
Дар машварат ҳамчунин масъалаҳои пурсамар ба роҳ мондани содироти маҳсулоти меваву сабзавот баррасӣ шуданд. Зарурияти тақсимоти муътадили зироати хоҷагии қишлоқ ба 67 ноҳияи ба парвариши меваву сабзавот махсусонидашуда, ба содирот баровардани ҳадди ақалл 25 фоизи маҳсулоти расондашуда таъкид гардид.
Тавсия дода шуд, ки дар ноҳияҳои мазкур кластерҳои меваву сабзавотпарварӣ ташкил ва миқдори корхонаҳои замонавии коркард зиёд карда шаванд. 
Бояд дақиқ дарк кард: бидуни парвариши меваву сабзавоти босифати содиротӣ, дар давоми сол ба хориҷа расонда додани он қатъиян зиёд намудани содироти онҳо имконнопазир аст, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Бобати кушодани «гузаргоҳҳои сабз» бо Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва кишварҳои Наздибалтика барои фароҳам овардани мусоидат ба содиргарони маҳсулоти меваву сабзавот, ворид шудан ба бозорҳои Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳиндустон, ИМА ва Аврупо бо дар тартиби муқарраршуда гирифтани рухсатномаи хидматҳои карантинӣ супоришҳо дода шуданд. 
Дар машварат боз як вазифаи муҳим, вусъат додани содироти хидматҳо, ба хусус рушди сайёҳӣ муҳокима гардид.
Таъкид шуд, ки эътидоли макроиқтисодӣ аз бисёр ҷиҳат ба танзими содирот вобаста мебошад, ба масъалаҳои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ, такмил додани сиёсати тарифӣ ва танзими ғайритарифӣ эътибор дода шуд. 
Бинобар масъалаҳои дар машварат баррасигардида ҳисоботи роҳбарони масъул шунида шуданд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: