ИМКОНОТИ НАВИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Қарор аст, ки дар Тошканд 19-20 феврали соли ҷорӣ Анҷумани байналхалқии «Вобастагии ҳамдигар дар Осиёи Марказӣ: таҳдидҳо ва имконоти нав» ба вуқӯъ пайвандад.

Ба ин муносибат дар Вазорати корҳои хориҷӣ брифинг баргузор гардид ва дар он вазир Абдулазиз Комилов дар атрофи мавзӯъҳои мадди назари анҷуман ҳарф зад.
Аз тарафи Тошканд зоҳир намудани чунин ташаббусҳо, хусусан дар мавзӯъҳои вобаста ба минтақа радду бадал намудани доираҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва коршиносӣ ба амали оддии анъанавӣ табдил ёфтааст. Зеро роҳбарияти имрӯзаи Ӯзбекистон ҳанӯз пеш аз интихоботи президентӣ мавзӯи минтақа ва бартарияти муносибатро бо кишварҳои он аз самти муҳими сиёсати худ қарор дода буд. Аз ин боис ташрифот дар пояи баланд ба пойтахтҳои ин ҳамсоядавлатҳо на як бору ду бор сурат гирифт.
Дар ин муддати хеле кӯтоҳ маҷмӯи зиёди масъалаҳо ҳал гардиданд. Аммо мисле ки ҳаёт дар як ҷо қарор надорад, ҳаёти сиёсии минтақа, ҳатто дар вобастагӣ бо вазъи ҷаҳонӣ, низ ҳамеша дар таҳаввулот аст.
Бо ин далел дар Тошканд ҷамъ омадани беш аз сад нафар коршиносони касбӣ ва ибрози назарҳои  онҳо барои чашмандозӣ ба ояндаи наздику дури минтақа ва вобаста ба он корбаст намудани сиёсат дар дохил ва берун аз мамлакат хеле молики аҳамият аст. Гузашта аз ин Осиёи Марказӣ бо назардошти мавзӯи Афғонистони  ҳамсоя ва дигар масъалаҳои ҷаҳонӣ имрӯз дар меҳвари сиёсати ҷаҳон аз назарҳо чандон дур нест ва ҳамин далел низ бозгӯкунандаи аҳамияти ин анҷуман аст.

Т. ИКРОМОВ, 
шореҳи сиёсии «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: