ВАКОЛАТИ РАИСОНИ МАҲАЛЛАҲО — 3 СОЛ МУАЙЯН ШУД

Мувофиқи банди 5-уми нақшаи чорабиниҳое, ки бо қарори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 сентябри соли 2018 тасдиқ шудааст, бинобар масъалаҳои равшаннамоии меъёрҳои қонун, ки вобаста ба ташкил ва гузарондани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон қабул гардидааст, барои рӯзноманигорон семинари хониш ташкил гардид.

Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар ҷумҳурии мо бо мақсади роҳандозии ҳаёти ободу осоиштаи аҳолӣ амалӣ карда мешавад, баҳри пешрафти мамлакати мо ва фаровонҳолии халқи он мусоидат мекунад. Имрӯзҳо бо ташаббуси Президенти кишвар ободсозии маҳаллаҳо ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, маъюбон, куҳансолон ва оилаҳои камтаъмин далели ин гуфтаҳост.
Маҳаллаи обод ва осоишта боиси хурсандии сокинони он мегардад. Агар аҳолии он аҳлона зиндагӣ карда, ба ҳар гуна хатокории ҷавонон ва раҳгумзадагон роҳ надиҳанд, зиндагии халқ дар ҳалқаи ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳо бо хушнудӣ  сипарӣ хоҳад шуд. Аммо барои дар маҳалла таъмин кардани осоиштагиву оро-мӣ инсоне лозим аст, ки қобилияти ташкилотчигӣ дошта, ба муаммоҳои ҳалталаби ҷомеа бо ҳисси масъулият муносибат кунад. Имрӯзҳо дар тамоми маҳаллаҳои миқёси кишвар раисони маҳалла ва ёрдамчиёни онҳо дастҷамъона кор мебаранд, барои пешгирии ҳар гуна ҷинояткорӣ мубориза бурда мешавад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар маҳалла ҳар гуна шахсони ғаразнок барои пиёдасозии ҳадафҳояшон муваффақ нашаванд. Аммо бо вуҷуди ин, дар маҳаллаҳо баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд, ки бартараф кардани онҳо шарт ва зарур аст.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки барои ҳифзи осоиши мардум ва ободонии маҳаллаҳо раисони онҳо аз ҷониби халқ интихоб карда мешаванд. Дар интихоботи имсола кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки баъзе қулайиҳо ба вуҷуд оварда шавад. Аввал ин ки барои пешгирии ҳар гуна иштибоҳ интихобкунандагон метавонанд ҳангоми интихоби номзад аз ишораҳои «+», «V», «Х» истифода баранд.
Раисони ҷамоатҳои шаҳрвандон ва мушовирони онҳо қаблан ба муддати 2,5 сол интихоб мешуданд. Дар интихоботи имсола муҳлати ваколати раис (оқсақол) ба 3 сол дароз карда шудааст.
Интихобкунандагон метавонанд номзадҳои муносибро интихоб намоянд. Бинобар ин, номзадҳо ҳадди ақалл аз ду нафар иборат буда, соҳиби таҷрибаи корӣ ва қобилияти роҳбарӣ бошанд ва дар байни халқ онҳоро эҳтиром ва эътироф кунанд.
Дар семинар оиди чӣ гуна баргузоршавии интихобот, дар равшаннамоии он дар матбуоти даврӣ аз чиҳо иборат будани фаъолияти журналистон батафсил сухан рафт. Таъкид гардид, ки журналистон метавонанд барои тайёрии  аҳолӣ ба ин маъракаи муҳим корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, барои баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ саҳми муносиб гузоранд.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: