ӮЗБЕКИСТОНИ ҲОЗИРА – МАМЛАКАТИ ТАКЛИФҲОИ ПЕШҚАДАМ, ИННОВАТСИЯҲО ВА БАҲАМОИҲОИ ЗАМОНАВӢ

Соли 2018 дар қафо монд.

Аз тақвим саҳифаи моҳи аввал канда шуд. Одатан моҳи январи пурмағал, сердавуғеҷ, аммо бе натиҷаҳои ғайриоддӣ, ки паси сар шуд, аз фаровонҳолӣ дарак медиҳад.

Нигоҳ

Пештар дар воситаҳои ахбори оммавӣ ба локомотивҳои тезгард монанд карда шудани мамлакатамон расм гашта буд. Ҳоло бошад Ӯзбекистони навшударо бештар ба автомобили замонавӣ қиёс мекунанд. Он вазнин ва калонҳаҷм нест, балки автомобили сабук, муҷаз ва тезҳаракат аст. Овозаш баланд не, аммо қудратнок, бо ақлу заковат мусаллаҳ, шакл ва сохташ пурра фикркардашуда, намуди зоҳириаш низ ба худ ҷалб месозад. Ин мошин зуд гирон мешавад, мотораш ба ҳаракат андохта шуда ва самташ муайян мебошад. Мухтасар гӯем, дар ҳаракати бодвори мегаавто хатҳои муайян равшан ба чашм мерасанд. Биёед, барои идроки онҳо аз таҳти дил ҳаракат карда мебинем.

Баъди понздаҳ сол

Гӯед, ки фарқи корхонаи пешқадам аз корхонае, ки ба буҳрон дучор шудааст, дар чист? Онҳое, ки соҳаи идоракуниро медонанд, дар он мавҷуд будани ду омили ҳалкунандаро таъкид месозанд. Он ҳам бошад маҳорати банақшадарорӣ ва дар вақташ ба амал баровардани вазифаи муайяншуда. Чӣ тавре ба назар мерасад, башорат карда тавонистани рушди воқеаҳои оянда аз қобилияти муттасил кор карда ба самаранокӣ ноил шудан дарак медиҳад. Охир кордиҳанда аснои ба корхона қабул кардани ходим ба ӯ «Баъди панҷ, баъди даҳ сол худро ба сифати кӣ тасаввур мекунед?» гӯён беҳуда савол намедиҳад. Ба ҷавоб нигариста, ба хулоса меояд. 
Бинобар ҳамин, яке аз дигаргуниҳои амиқ эҳсосшаванда ҷараёни барномавӣ ва мақсадноки ба дигаргунсозиҳо ҳамоҳанг қарор гирифт. Асоси ин дар куҷо, гӯён мутаваҷҷеҳ шавед, марҳамат: «Ба барномаи пешазинтихоботии Шавкат Мирзиёев – Стратегияи амалиёти то соли 2021 ба нақша даромада» эътибор нигаронед. «Харитаи роҳ» аввалин орзую умедҳои одамонро акс намояд, дуввумаш ба сифати инъикоси ягонагии давлат ва халқ ифодаи худ ёфт.
Ин тавр, ки будааст, муттасилӣ ва мантиқӣ будани давоми он маълум. Зеро лоиҳаи Консепсияи Стратегияи рушди дарозмуддати Ӯзбекистон то соли 2035 ба муҳокима гузошта шуд. Дар кор карда баровардани он муаллифон дар доираи хеле васеъ иштирок менамоянд, яъне нуқтаи назар, таклиф, фикру мулоҳизоти олимон ва экспертҳо дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба ҳисоб гирифта мешавад.
То ба амал баровардани барномаи Ӯзбекистон – 2035 барои он пойдевор омода мегардад. Дар иҷрои ин вазифа ислоҳоте, ки айнан имрӯзҳо ба амал бароварда мешаванд ва дигаргунсозиҳое, ки ба таъмини кушодии иқтисодиёт, кафолати сармояҳо ва шаффофии сохтори сиёсӣ нигаронида шудаанд, мавқеи муҳим доранд.

Аз тилло ҳам қимат

Дар замони ҳозира чиро капитали аз ҳама гаронбаҳо номидан мумкин? Чӣ аз тилло ё худ аз дур, аз бойигариҳои нодири зеризаминӣ ҳам қимат аст? Ғояҳо. Ғояҳои пешқадам. Ғояе, ки решаи ҳар гуна ҷараёнҳост – моле, ки имрӯз аз ҳама бебаҳо ва ба талаби аз ҳама калон соҳиб.
Ғояҳои креативӣ ва новаторӣ ба қувваи муҳимтарини пешбар табдил ёфта, инсониятро ба тараққиёт ҳидоят месозанд. Моли гаронбаҳо, ки ҳаст, барои мубодилаи он имконият низ ба дараҷаи даркорӣ мавҷуд. Пурзӯрнамоӣ ва паҳнсозии ғояҳои муайян, ҷараёни қабулнамоии ғояҳои дигар, ба амалиёт ҷорӣ намудани онҳо дар таърих ҳамеша давом кардааст. Ғояҳо ба офаридани технологияҳои пешқадам асос шудаанд, онҳо дар ҳудуди муайян пайдо шуда, баъд ба ҳудудҳои дигар паҳн гаштаанд. Сангро сайқал дода, ашёи зебо омода сохтан, металлро об кардан, рамз ва алифбои гуногун офаридан, тақвим мураттаб сохтан, назарияи ҳарбӣ ё худ сиёсӣ, хуллас, шумурдан гирем беохир ин гуна ихтироъҳо ба тарзи ҳосилаи тафаккури инсон рӯи кор омада, баъдтар ба воқеияти ҳаётӣ табдил ёфтаанд. Ин гуна ҷараёни мубодилаи бисёрзинаро кашондани ғояҳо, ҳаракати ғояҳо низ номидан мумкин. Аҳамияти ин ҷараён ҳамин қадар калон, ки муқоисаи он кори мушкил.
Акнун оиди қадамгузории Ӯзбекистони замонавӣ сӯи сарчашмаи ғояҳо ё худ барои кашондани ғояҳо ба маркази қулай табдил ёфтани он чанд сухан гӯем.
Дар ин ҷо вохӯриҳои дараҷаи олии роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар Ҳиндустон ва Олмонро ёд овардан кофист, ки ба наздикӣ рӯи кор омад. Онҳо дар хусуси мушоҳидаҳоямон, ки дар боло зикр кардем, тасаввуроти пурра медиҳанд. 
Масалан, дар Ҳиндустон мо ба чӣ шавқу рағбат дорем? Мешуморем: якум – таҷрибаи ташкил ва рушди технологияҳо, дуввум – ҳамкорӣ дар соҳаи ҳукумати электронӣ, саввум – тадқиқи кайҳони осуда, чаҳорум – кушодани филиалҳои муассисаҳои таълими олии пешбар, панҷум – барпои минтақаҳои сармоявии муштарак, ки пешқадамтарин корхонаҳо ҷой дода мешаванд. Ҷониби Ҳиндустон низ зарар намебинад, баръакс: назар ба фикри шореҳони рӯзномаи калони иқтисодии «The Economic Times», Ӯзбекистон барои Ҳиндустон сӯи Осиёи Марказӣ чун дарвоза хидмат менамояд. Ҳиндҳо ба мо бовар карда ва сармоя ворид сохта, тавассути мамлакатамон ба бозори калони тамоми минтақа даромаданро ба нақша гирифтаанд.
Ташриф ба Олмон, ки дар Аврупо аз ҷиҳати иқтисодию технологӣ байрақдор ҳисоб меёбад, ба ҳамин гуна натиҷаҳо овард. Як худи шумораи мутасаддиёни ширкатҳое, ки бо Президенти мо вохӯрданд, дар ин хусус тасаввур ҳосил менамоянд. Охир «Сименс», «ТиссенКрупп», «Фолкксваген», «Кнауф», «Класс», «МАН» ном брендҳо нафақат дар «қитъаи кӯҳна», балки дар бозори ҷаҳонӣ пешсаф, ки ин ба ҳама маълум. Бешубҳа, муваффақияти онҳо ба фан ва индустрияи пешқадам асос меёбад. Ин гуна хазинаи технологӣ барои мо хеле фоидабахш. Мисле, ки барои Олмон таҷрибаи Ӯзбекистон оиди алайҳи таҳдидҳои замонавӣ ва барқарорсозии сулҳ дар Афғонистон ҳамкорӣ манфиатбахш.
Боз як ҷиҳате ҳаст, ки эътибори намояндагони ВАО-и хориҷиро ба худ мекашад. Вақте роҳбари давлати мо дар Берлин шуд, ҷавонони ӯзбекистонӣ, яъне донишҷӯён, олимон ӯро бо мамнунии том пазируфтанд. Дар вохӯрӣ, чӣ тавре ки Шавкат Мирзиёев қайд кард, давлатҳои рушдёфта ба ҳама соҳаҳо аз ҷиҳати илмӣ наздик шуда, ба натиҷа ноил шудаанд. Мо низ дар роҳи ҷустуҷӯҳои калон қарор дорем. Тамоми ҳаракатҳоямон ба муносиб ҳаёт гузарондани халқи мо нигаронида шудаанд. Ислоҳотро бо ҷавонони пешқадаме чун шумо ба амал мебарорем. Тамоми соҳаҳои Ӯзбекистон дониш ва ноу-хауҳои омӯхтаатонро бо бесабрӣ интизор аст. Донишамон ҳар қадар зиёд бошад, ҳамон қадар қудратнок мешавем.
Дар Ғарб муттасилӣ, дар Шарқ омилкорӣ

Дар фикри илмӣ ва мубодилаи технологияҳо ба ҷавонон бо умеди калон нигаристани давлати мо беҳуда нест. Ҷараёни кашондани ғояҳо ба решаҳои таърихӣ ва моҳияти худ соҳиб аст.
Чанд садсола муқаддам ифтихори Олмон – Гёте дар осори худ Самарқанд ва Бухороро ба забон гирифта, ба Шарқ мафтунии худро ба хотир оварда буд. Назар ба қайди адабиётшиносон, вай аз мазмуннокӣ, равонӣ ва оҳанги Қуръон ба ҳайрат афтода, дар эҷоди худ чанд бор ба ислом муроҷиат кардааст. Аз ин мебарояд, аз ин қариб се аср муқаддам ҳам файласуф ва шоири машҳур ғояи муттаҳидсозии тамаддуни Ғарб ва Шарқро пеш гузошта буд.
Аз он вақт обҳои зиёд ҷорӣ шуданд, дар таърихи Олмон саҳифаҳои сафед ва сиёҳ навишта шуданд. Вале дар «қитъаи кӯҳна» имконияти яке аз марказҳои бузург қарор гирифтани Олмон, фикри халқ дар бораи танҳо бо муттаҳидӣ даст ёфтан ба идроки олам нигоҳ дошта шуд. Дар асри XXI дар Аврупо ватани Гёте мавқеи пешбарӣ ишғол намуд ва ҳамон мақсадҳо ифодаи ҳаётии худ дарёфт.
Дар ҷараёни мазкур боз як арбоби шинохта Уинстон Черчилл соли 1946 дар нутқи худ «Фоҷиаи Аврупо» аврупоиёнро ба бас кардани низоъҳои миллӣ, ба ҷои он ба ҳал кардани муаммоҳои баъдиҷангӣ даъват намуд. Саҳл кам се сол гузашт, Шӯрои Аврупо ташкил гардид. Фаъолияти он ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, рушди иҷтимоӣ, маданият, қонунгузорӣ, фан ва техника нигаронида шуд. Баъдтар дар доираи Иттиҳоди Аврупо натиҷаи муттаҳидсозии саъю ҳаракатҳо ба ҳамаамон маълум.
Бе ҳеҷ шубҳа, ғояи «Осиёи Марказӣ – самти устувори сиёсати хориҷии Ӯзбекистон» дар тақдири минтақаамон ҳамин гуна аҳамият касб менамояд. Суръати рӯиоббароии ин ғояро мушоҳида карда, дигарбора амин гаштем ҳоҷат нест, ки даҳсолаҳои зиёд мунтазир истем.
Саҳл кам як сол пештар барои мулоқоти ба боварии якдигар асосёфта шароит офарида шуд. Яъне баҳори соли гузашта нахустин вохӯрии маслиҳатии сарони мамолики кишвар баргузор гардид. Назар ба таъкиди Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, нахустин вохӯрии машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти ташаббуси Шавкат Мирзиёев, ҷиҳати ҳамкорӣ дар кулли соҳоти кишварҳои минтақа мавқеи муҳим ишғол намуд.
Минтақаи ҷонаҷони мо натанҳо бо ҷиҳатҳои ҷуғрофию геосиёсӣ, балки дар рушди фарҳангӣ ҳамеша макони ягона шуда омадааст. Нигаред, солҳои охир воқеияти мазкур мисле аз хотир баромада буд. Ғояи роҳбари Ӯзбекистон ин ҳақиқати муҳимро ба ҷунбиш овард. Ин ғоя, албатта, барпои кадом як иттиҳодияи сунъии «нақши асосӣ бозанда»-ро мавриди назар қарор надода, фақат ба муносибатҳо равшанӣ меандозад: модоме мамлакатамон ба салоҳияти бузург молик, аз он дар роҳи манфиатҳои халқамон зарурияти истифодабариашонро мефаҳмонад. Назар ба баҳои экспертҳо, давлатҳои Осиёи Марказӣ дар нуқтаҳои гуногуни иқтисодиёт ҳамкориро васеъ ба роҳ гузоранд, дар 10 соли наздик маҳсулоти умумии дохила дар минтақа камаш ду баробар меафзояд. Суръати ин гуна афзоиш ҳатто дар Аврупо мушоҳида нашудааст.

Мизони инсонигарӣ

Фаъолшавии робитаҳои дохилиминтақавӣ боз чӣ нафъ меорад? Фоидаи аз амалиётҳои тиҷоратию транзитии бисёрмиллиона афтода як тарафу мизонҳои инсонигарии оддӣ ва самимӣ як тараф.
Як мисол. Ҷамъбасти соли 2018-ро сарҳисоб карда, Президенти Тоҷикистон баимзорасии шартнома оиди Шарикии стратегӣ ва рушди муносибатҳо бо Ӯзбекистонро воқеаи таърихӣ номид. Ва рақамҳоро низ овард, яъне дар муддати кӯтоҳ аз ду ҷониб равуои зиёда аз 2,5 миллион нафар одамон қайд шудааст.
Экспертҳо ба воқеаи дигар низ эътибор нигарондаанд. Назар ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар Душанбе намояндагон оиди демаркатсияи сарҳади ӯзбек-тоҷики ҳар ду мамлакат вохӯрии навбатиро ҷамъбаст намуданд. Дар натиҷа лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ омода ва дар асоси он акнун ҷонибҳо оиди аниқгардонии хатҳои Сарҳади давлатӣ барои иҷрои корҳои демаркатсионӣ музокираро оғоз менамоянд.
– Айни замон он чӣ мушоҳида мекунем аз ҷиҳати иҷтимоӣ воқеаи хеле мусбат аст, зеро, ҳаракат доири демаркатсия ва делимитатсия сохтани сарҳад дар ҳудуди наздисарҳадӣ барои пурзӯрсозии ҳамкориҳо имкониятро васеъ мегардонад, – мегӯяд роҳбари шуъбаи Осиёи Марказии Институти мамолики ИДМ Андрей Грозин дар мусоҳиба ба агентии хабарии «Sputnik».  – Баъди ташрифи Шавкат Мирзиёев  ба Душанбе бобати беҳгардонии робитаҳои иқтисодӣ болоравӣ ҳис карда шуд. Ҳол он ки ду сол муқаддам ҳамкорӣ умуман вуҷуд надошт, гӯем хато намекунем. Мубодилаи тиҷорати берунии тоҷик-ӯзбек якчанд миллион долларро ташкил менамуду халос. Худи ҳамин рақамҳо аз амалан яхбастагии ҳамкориҳо дарак медиҳад.
Назар ба фикри А.Грозин, ду сол қабл аз ин дар чунин муддати кӯтоҳ, пайдо шудани муносибатҳои нармро ҳатто тасаввур кардан душвор буд. Эксперти Институти тадқиқотҳои стратегии Русия Дмитрий Попов низ бо ҳамкасбаш ҳамфикр аст. Яъне вай ҳам чунин меҳисобад,ки Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ба тартибандозии носозиҳо бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя барин вазифаи аниқро назди худ гузошт ва онро муттасил ба иҷро мерасонад.
Ғояи офаридани макони тинҷ ва осудаи ягона аз Қустанай то Тирмиз, аз Туркманбошӣ то Иркиштом ба манфиати тамоми мамлакатҳо мувофиқ аст. Ғоя оиди мустаҳкамсозии ҳамкориҳо барои барқарорӣ ва тараққиёти Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Шавкат Мирзиёев сентябри соли 2017 дар минбари Сарассамблеяи СММ пеш гузошта шуд, дар тамоми сайёраамон болу пар кушод ва тобистони соли гузашта дар Ню-Йорк акси садо дод. Ин акси садо қабул гардидани резолютсия мебошад.
Дуруст, дар муносибатҳои байниякдигарӣ миёни ҳар гуна мамлакатҳо кадоме аз муаммоҳо ҳал нашуданаш мумкин, ки инро экспертҳо низ инкор намекунанд. Лекин имрӯз дар Ӯзбекистон фикр ва ташаббусҳои тоза ҳаст, онҳо ҳатто ба ҳалли ихтилофҳои тезутунд қодир.
Шубҳае нест, ҷараёни ивазшавии ғояҳои Ӯзбекистон дар миқёси минтақавию байналхалқӣ давом мекунад. Тавре ба наздикӣ хабар доданд, Президентамон даҳҳо ташрифи хориҷиро дар давоми сол ба нақша даровардааст. Дар байни онҳо Белгия, Швейтсария, Канада, Ҷопон, Булғория ва Белорус ҷой гирифтаанд. Аз ин мебарояд, технологияҳои нав, фикрҳои судбахш, ғояҳои бунёдкорӣ баъд аз ин ҳам иваз мешаванд. Муҳимаш, Ӯзбекистони замонавӣ ба дунё рӯ кушод. Ҳамту худро намоиш надода, яъне худнамоӣ нанамуда, бо таклифҳои ҳамкорӣ ва шарикии аниқу пухта, ташаббусҳои володараҷа дар муносибатҳои дӯстона, бо муносибатҳои байниякдигарии худ дар майдони сармоявии фаъол ба якҷоя ҳаракати самаранок намудан даъват менамояд.
Зеро, халқи меҳмондӯст, олиҷаноб, меҳнаткаши ӯзбек, роҳбари давлати креативи он, тадбиркорони оқил ва коршиносаш агар гӯем, ки қалъаҳои мустаҳками комёбӣ ва муваффақиятҳо мебошанд, асло муболиға нахоҳад шуд.

Ӯткир РАҲМАТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: