ЭҲТИРОМ БА ШОИРИ БУЗУРГ

Инсонҳои бузург истеъдоди башоратгӯйӣ низ доранд. Аз ҷумла, Алишер Навоӣ ҳанӯз дар асари «Вақфия» бо ифтихор гуфта буд:

Аз аҳли ҷаҳон киро муқаррар гардид,
Ин мартаба, ки маро муяссар гардид?
Дарвоқеъ, Навоӣ дар давоми асрҳои зиёд мондагор будани қудрати қалам ва шуҳрати осорашро хуб медонист. Ӯ дар «Муҳокамат-ул-луғатайн» дар ин бобат чунин гуфта буд: «Он гуна умед дорам ва дар хаёлам чунон меояд, ки мартабаи сухани ман аз авҷ фуруд наояд ва кавкаби ин тартибам аз дараҷаи аъло ҷойи дигарро маъқул намекунад».
Бале, агар шоир зинда мебуд, аз он эҳтироме, ки ба ӯ дар тамоми дунё, хусусан дар Ӯзбекистон нишон дода мешавад, бидуни шубҳа, ангушти ҳайрат мегазид. Навоӣ ба маънои том ба ифтихори миллат, офтоби адабиёт ва сутуни маънавияти мо табдил ёфт.
Истиқлолияти Ӯзбекистон барои Алишер Навоӣ гӯё ки умри дубора бахшид. Беҳуда нест, ки соли 1991, вақте ки  Ватани мо истиқлолият ба даст овард, Соли Алишер Навоӣ номида шуда, ҳамон сол дар Боғи миллии пойтахт ҳайкали муаззами шоири бузург қад афрохт.  Соли 2001 ба муносибати 560-солагии султони мулки сухан  дар маркази шаҳре, ки ба номи ӯ гузошта шудааст, Боғи Алишер Навоӣ ба таври бошукӯҳ барпо гардида, дар пешгаҳи он пайкараи маҳобатноки шоири бузург гузошта шуд. Аз он баъд дар шаҳри мо ҳар сол чорабиниҳои навоихонӣ аз гулгузорӣ дар пойи ҳамин пайкараи бовиқори шоир шурӯъ мегардад. Чорабиниҳои навоихоние, ки ҳар сол дар саросари мамлакат баргузор мешаванд, охири моҳи январ аз шаҳри Навоӣ оғоз меёбад.
Ҳар касе, ки ба шаҳри мо ташриф меорад,  ба ин маскани зебо Боғи нотакрори Алишер Навоӣ, қасрҳои фарҳанги «Фарҳод» ва «Ширин», манзилҳои зистеро, ки ба қасрҳои мувофиқи чор фасли достони «Фарҳод ва Ширин» монанд бунёд гардидаанд, чун холи зебанда дида, дарҳақиқат, худро дар як олами аҷибу ғароибе ҳис мекунад, ки ба номи Алишер Навоӣ иртибот дорад. 
Чунонки тухмии бо нияти нек кошташуда аввал ба ниҳол, баъд нумӯ карда ба дарахти побарҷо табдил меёбад, доираи чорабиниҳои мазкур низ торафт васеъ гардида, салоҳияташ афзуд ва аввал ба анҷумани миқёси ҷумҳурӣ, баъд байналхалқӣ табдил ёфт.
Бинобар супоришҳои Президенти кишвар, ки охири соли 2016 ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагони вилояти Навоӣ, хусусан, даъвати ӯ: «Вилояте, ки ба номи бобоямон Алишер Навоӣ гузошта шудааст, ба дигарон бояд ибрат шавад». Инак, се сол аст дар шаҳри навқирони мо, ки ба номи асосгузори адабиёти ӯзбек, офтоби осмони маънавият, шоир ва мутафаккири бузург, султони мулки сухан Низомиддин Амир Алишер Навоӣ бо ҳамкории ҳокимияти вилояти Навоӣ, шуъбаи вилояти Навоии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Институти забону адабиёти ӯзбек ва фолклори Академияи улум, Бунёди Алишер Навоӣ, Донишкадаи давлатии омӯзгории Навоӣ  таҳти мавзӯи «Мақоми мероси эҷодии Алишер Навоӣ дар рушди маънавиву маърифии умумбашарӣ» конфронси илмии байналхалқии анъанавӣ гузаронда мешавад. Дар конфронсҳои байналхалқии мазкур солҳои гузашта даҳҳо олимони навоишинос аз хориҷи кишвар ташриф оварда, нуфузи анҷуманро баланд бардоштанд.  
Итминон дорем, ки созмон дода шудани бунёди мазкур дар роҳи минбаъд амиқтар омӯхтани мероси мадании ғании алломаи бузург ва тарғиби мунтазам дар байни ҷамоати васеъ, ҳатто, барои ба авлоди оянда бидуни ҳар гуна камбудӣ расондани асарҳои пурбаҳои Навоӣ вазифаи пули ба худ хосро иҷро мекунад.  Зеро айнан дар шаҳри Навоӣ ташкил гардидани Бунёди Алишер Навоӣ, ки дар ҷумҳурии мо ягона аст, маънои рамзӣ дорад. 
Минбаъд, бидуни шубҳа, Бунёди Алишер Навоӣ на фақат дар кишвари мо, ҳамчунин, дар миқёси байналхалқӣ низ соҳиби нуфуз ва мақоми худ мегардад, филиалҳои он на танҳо дар пойтахти мамлакати мо, балки дар ҳамаи вилоятҳо, ҳатто хориҷа ҳам ифтитоҳ меёбад.
Зиндагӣ дар вилояте, ки ба номи бобокалони бузурги мо гузошта шудааст, на танҳо ба мо эҳсоси бепоёни ифтихору ғурур мебахшад, балки ба зиммаамон масъулияти бузург низ мегузорад. Моро лозим аст, ки на танҳо ба ин зоти бузург муносиб гардида, аз ҳаёти пурмазмун ва фаъолияти сермаҳсулаш ибрат гирифта, асарҳояшро бо эҳтироми хосса омӯзем, балки баъд аз ин навоишиносони дунёро муттаҳид намуда, ҳар сол дар рӯзи таваллуди шоир онҳоро ба шаҳрамон даъват намуда, табодули назар кунем, бо навигариҳои навоишиносӣ шинос шавем, тавассути ҳамкории самаранок мероси ғанӣ ва серпаҳлуи устоди суханро дар якҷоягӣ тадқиқ карда, ба забонҳои дунё тарҷума ва нашр намоем ва ба ин тариқа Алишер Навоиро ба аҳли илму адаби дунё боз ҳам васеътар муаррифӣ намуда, барои таъин кардани мақоми махсуси ӯ дар адабиёти ҷаҳон ҳиссагузор бошем. 

Улуғбек САТТОРОВ,
раиси Бунёди Алишер Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: