ҲАМВАТАНИ ПАНҶСОЛААМОН МЕДАЛИ ТИЛЛОИРО БА ДАСТ ДАРОВАРД

Дар ин рӯзҳо Музейи ғалабаи Маскав ҷойи вохӯрии ним ҳазор нафар бачаҳои аҷоибу ғароиб гардид, ки дорои қобилияти ҳайратангез – барқвор дар зеҳн ҳисоб кардан мебошанд.

Беш аз 500 нафар даҳоёни «санъати ҳисобу китоб»-и тамоми ҷаҳонро турнири IV умумирусиявӣ бино бар арифметикаи менталӣ гирди ҳам овард, ки Маркази бачагонаи арифметикаи менталӣ созмондиҳандаи он мебошад.
Чемпионати мазкурро шореҳон «муҳорибаи зеҳнии хурдсолони зеҳнашон баланд» меноманд. Бачаҳои аз 5 то 13-сола дар тӯли ҳашт дақиқа бояд беш аз 200 мисоли арифметикии дараҷаҳояшон мураккабро ҳал намуда, ба зудӣ натиҷаи ҳисобро ёбанд, ба мисолҳои  пайи ҳам аз экран гузаранда ҷавоб гӯянд. Дар ин ҷо ҳар як бача ба оҳангсозе табдил меёбад, ки симфонияи ҳайратангези худ – математикиро менависад, аммо ба ҷойи нота вай рақамҳо, рақамҳо ва бори дигар рақамҳоро истифода мебарад. «Асбоби мусиқӣ»-и асосӣ ҳисобҳои хаёлӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳоро «абакусҳо» меноманд. Онҳо аслан аз Чини қадим мебошанд, ки дар он ҷо арифметикаи менталӣ пайдо шудааст. Ин фан имкон медиҳад, ки муаммоҳои печ дар печ ба тезӣ ҳал карда шавад.
Ҳамватани панҷсолаи мо Муҳаммадюсуф Анваров шавқушодии узви ҳакам гардид. Вай дар олимпиада аз рӯйи тоифаи Beginner (тоифаи хурдтаракон) ба ҷойи аввал сазовор гардид. Ба вай  медали тилло ва ҷом супурданд.
Қаҳрамони мо хеле хушзеҳн мебошад. Вай ҳоло ба боғчаи бачагона меравад, аммо бо арифметикаи менталӣ ду сол боз таҳти роҳбарии мураббии пуртаҷриба Элмира Арапова шуғл меварзад.
Чи хеле ки узви ҳакамон таъкид намуданд, аз ӯҳдаи вазифаҳои Муҳаммадюсуф Анваров ҳалнамуда, на ҳар як калонсол метавонад барояд. Арифметикаи менталӣ дар як вақт ҳар ду нимаи мағзи сарро инкишоф медиҳад. Аз ин бармеояд, ки дар мамлакатамон даҳоҳои оянда ба воя мерасанд.
Модари чемпион Нозима Анварова нақл менамояд, ки бо тамоми оила барои Муҳаммадюсуф дар ҳаяҷон будем.
– Ин басе изтиробовар буд, – таассуроташро баҳам мебинад Н.Анварова. – Аз ғалабаи аз ақл беруни писарамон, ки мояи ифтихор аст, ашки шодии зиёд рехтем. Мехостам ба омӯзгорамон Элмира Арапова барои маҳорати касбӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббаташ ба бачаҳоямон миннатдорӣ изҳор намоям.
Ҳар як мусобиқа озмоишест, ки дар он муборизи ҳақиқӣ шуҳрат меёбад. Писарамон ба ин лаҳза муддати дароз ва исроркорона қадам ниҳод ва ҳоло кӯшиш ва умедҳои ӯ самара медиҳанд. Мо бо писарамон ифтихор дорем ва ӯро бо ғалабаи муҳим ва масъулиятнокаш муборакбод менамоем. Ба тамоми бачаҳо фатҳи қуллаҳои нав, матонат, меҳнатдӯстӣ, аз ҳама муҳимаш, боварӣ ба худро орзу менамоем.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ин ғалабаи аввалини даҳои ҷавон намебошад. Муҳаммадюсуф дар чемпионати арифметикаи менталӣ, ки моҳи майи соли 2018 дар Маскав ташкил шуда буд, иштирок кард. Ҳамватанамон ҳамон вақт бо медали тилло мукофотонида шуд.

ОИ «Дунё»,
МАСКАВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: