КИҲО ҲУҚУҚИ ВОРИСИРО ДОРАНД?

Редаксияи азиз!

Дар рӯзнома ташкил ёфтани рубрикаи нав - «Пурсед, ҷавоб медиҳем» кори шоистаи таҳсин аст.
Дар ҳақиқат, дар зиндагӣ масъалаҳое ҳастанд, ки барои ҳал кардани онҳо қонунҳои дарамалбударо хуб донистан лозим.
Ба қарибӣ дар нишасте аз хусуси тақсими мерос сухан рафт, вале ҳеч кас ҷавоби қаноатбахш дода натавонист.
Агар бемалол бошад, дар бораи мерос, меросхӯрон, ҳуқуқи аъзои оила: падар, модар, писарон, духтарон ва хешу таборон маводе чоп мекардед.

Бо камоли эҳтиром сокини Қӯрғони Вардонзеи 
ноҳияи Шофиркон Фирӯза НОРОВА.


Мо барои пурратар қонеъ гардондани талаби Фирӯза Норова ба ҳуқуқшинос ва намояндаи дини ислом муроҷиат намудем. Зеро дар Қуръони Карим ҳам суханони ҳикматомез доир ба мерос ва тақсими он вуҷуд доранд, ки ба қонунҳои дарамалбуда мусоидат менамоянд. Инак, ҷавоби онҳо.

Баъди вафоти падару модар киҳо  метавонанд ҳуқуқи ворисиро ба даст дароранд?
Дар моддаҳои 1135, 1136, 1137, 1138, 1139 ва 1140 - уми боби «Тартиби ба амал татбиқ намудани ҳуқуқи ворисӣ» - и Кодекси оила  дар ин хусус омадааст:
Бино ба моддаи 1135 - уми  кодекси мазкур фарзандони меросгузор (аз ҷумла, бачаҳои ба фарзандӣ қабулшуда), шавҳар (зан) ва падару модар (ба фарзандӣ қабулкунандагон) шахсонеянд, ки дар навбати аввал ҳуқуқи баробари ворис буданро доранд. Фарзандони дертар (баъди вафоти меросгузор) таваллудшуда ҳам ба ворисони навбати аввал дохил мешаванд.
Дар навбати дуюм, аз рӯйи қонун, дар асоси моддаи 1136 - ум бародару додар, апаву хоҳарони модарашон (падар) яку падарашон (модар) дигар, ҳамчунин, бародару додар ва апаву хоҳарони аз як падару модар таваллудшуда, ҳамчунин, бобою момои падарию модарии  меросгузоранда ҳуқуқи баробари ворисиро доранд.
Дар навбати сеюм, бино ба қонун, дар асоси моддаи 1137 - ум, амак, тағо, амма ва холаи айнӣ (наздик) - и меросгузоранда метавонанд ҳуқуқи ворисиро гиранд.
Дар навбати чорум, тибқи қонун ва моддаи 1138 - уми Кодекси оила  хешу табори то дараҷаи шашуми (дараҷаи шашум ҳам ба ин дохил мешавад) меросгузоранда (хешони наздик имтиёз доранд) ба гирифтани мерос ҳуқуқ доранд. Дар гирифтани ҳуқуқи амволи меросӣ ҳуқуқи ворисони навбати чорум низ баробар аст. 
Аз рӯйи қонун  дар навбати  панҷум, тибқи моддаи 1139, нонхӯрони ба меҳнат лаёқатнадоштаи меросгузоранда, агар онҳо бино ба моддаи 1141 - уми  кодекси мазкур мерос нагиранд, метавонанд ҳуқуқи ворисиро ба даст  дароранд.
Бояд бигӯем, ба онҳое, ки дар навбати дуюм, сеюм, чорум ва панҷум қарор доранд, дар сурати набудани фарзандон (бачаҳои ба фарзандӣ қабулшуда), шавҳар (зан)-и меросгузор, ҳуқуқи ворисӣ дода мешавад.

Шерзод ИСМОИЛОВ, 
ҳуқуқшинос. 

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Аз азал дар ҳар халқу дин қонуну қоидаҳои ба мерос гирифтани молу мулк (молу мулки шахси вафоткарда) мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар дини мо ҳам ба ин мушкил рӯйи эътибор гардонда шуда, дар ояту ҳадис ва иҷмоъ доир ба кӣ чӣ қадар расидани мерос сухан меравад. Зеро тақсими мерос ба мушкили ҳалолу ҳаром вобаста буда, он яке аз роҳҳои ҳалоли соҳиби молу мулк шудан мебошад. Агар дар тақсими мерос бепарвоӣ зоҳир карда шавад, ҳаққи як кас ба каси дигар мегузарад. Масъалаҳои асосии мерос дар Қуръони Карим ҳаллу фасл гардидаанд. Яъне меросро худи Ҳақ таоло ба бандаҳояш тақсим карда дод, ба дигарон вонагузошт. Дар ин хусус дар Қуръони Карим оварда шудааст: «Мардонро аз он чӣ падару модар ва хешовандон, кам ё беш боқӣ мегузоранд, баҳра аст, ҳамчунин, занонро аз он чӣ падару модар ва хешовандон кам ё беш боқӣ мегузоранд, баҳрае аст, чунин баҳраи муъмин (аз ҷонгиби Худованд) муқаррар аст». (Сураи Нисо, ояти 7).
Калимаи «мерос» дар луғат чунин шарҳ дода шудааст: «Сарвати моддӣ ва маънавие, ки ба меросхӯр мегузарад». «Мерос» аз нигоҳи шаръӣ чунин маънидод шудааст: «Ба ворисони зинда гузаштани ҳамаи молу мулки марҳум». Мерос дар ин маврид метавонад мол, амволи ғайриманқул (бино) ё яке аз ҳақҳои шаръӣ бошад.  
Баъди вафоти кас, нисбати молу мулки аз ӯ боқимонда, чор амали зерин иҷро карда мешавад:
1. Кафанпеч ва дафн кардани майит. Бе исрофкорию хасисӣ сарф кардани моли ба мерос гузошташуда.
2. Баъди кафанпеч ва дафни майит, моли ба меросгузоштаи ӯ бояд барои адои қарзҳояш сарф карда шавад.
Гоҳо мешавад, ки қарзҳои майит ҳанӯз пардохта нашуда, меросхӯрон молу мулки ӯро байни худ тақсим мекунанд, ки гуноҳи азим аст. Баъзан қарздор, аз худ моле кофӣ барои пардохти қарз боқӣ нагузошта, вафот мекунад. Дар ҳадисҳо омадааст, ки Расули акрам (с. а. в.) ба чунин касон ҷаноза хонданро нахостаанд. Дар чунин ҳолатҳо метавонад каси дигар аз номи майит қарзро пардозад. Бояд гуфт, ки шахси қарздор аз худ моле ба мерос нагузошта вафот кунад, фарзандони ӯро барои пардохти қарз наметавон маҷбур кард.
3. Васиятҳои майит, агар шаръан раво бошанд,  ба аз се як қисми мероси боқигузоштаи майит татбиқ карда мешаванд. Ба меросхӯрон  бошад, васият карда намешавад. Зеро онҳо бе ин ҳам мерос мегиранд. Расулуллоҳ (с. а. в.) фармудааст: «Аллоҳ таборака ва таъоло ҳаққи ҳар як соҳибҳақро дод. Ба меросгиранда васият карда намешавад». (Ривояти Имом Тирмизӣ).
4. Молу мулки аз сарфу хароҷот зиёдатӣ кардаи майит, тавре ки дар Қуръони карим, суннат ва иҷмоъ омадааст, байни меросхӯрон тақсим карда мешавад. Биноан, пеш аз тақсими мерос, набояд  молу мулки ӯ мавриди хайру эҳсон қарор дода шавад. Бояд эҳтиёт шуд, шояд майит фарзандони ба балоғатнарасида дорад. Агар падар ҷавон фавтида бошад, молу мулки ӯ то ба воя расидани ятимонаш бояд сарфакорона харҷ карда шавад. Дар бобати ҳаққи ятимон Ҳақ таоло фармудааст: «Касоне, ки амвол (мол)-и ятимонро ба ситам мехӯранд, ҷуз ин нест, ки шикамашонро аз оташ меанборанд (пур мекунанд), (онҳо) ба оташи фурӯзон (ҷаҳаннам) дархоҳанд омад (медароянд)». (Сураи Нисо, ояти 10).
Дар байни хешу таборони майит 6 нафар: падар, модар, зан, писар ва духтарон ҳеч гоҳ аз мерос маҳрум нашаванд. 

Ҷасурбек РАСУЛОВ, 
имом-хатиби масҷиди ҷомеъи «Исломота»-и 
шаҳри Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: