УСУЛИ НАВИ МУАЙЯН НАМУДАНИ РЕЙТИНГИ МАКТАБҲО

Сарвари давлатамон дар Муроҷиати худ ба Олий Маҷлиси мамлакат соли 2019-ро «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ» номида, таъкид кард, ки бояд соли ҷорӣ низоми таълими пайдарпай боз ҳам такмил дода шавад, таълиму тарбияи фарзандонамон аз кӯдакистонҳо оғоз меёбад.

Дарҳақиқат, барои ривоҷ додани низоми таълими пайдарпай дар кишварамон даври ислоҳоти куллӣ оғоз ёфт, вазифаҳои устуворе, ки ба рушди таълими халқ нигаронда шудаанд, муайян гардиданд. Дар назди таълими халқ вазифаҳои зерин: баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор, бо кадрҳои баландмалака таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва рушди шарикии давлатию хусусӣ гузошта шуд.
Дар навбати худ ба зиммаи Инспексияи давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирон вазифаи мувофиқи талаби замон баланд бардоштани дараҷаи сифати таълим, ба амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оиди баҳои холисона додан ба самаранокии ҷараёни таълим гузошта шуд. Аз ин рӯ, мухбирамон бо роҳбари ҳудудии  Инспекцияи давлатии назорати сифати таълими вилояти Тошканд Тоҷибой Вакилов суҳбат орост.

Яке аз вазифаҳои асосии инспексияи давлатӣ таҳлили то куҷо  ба талаботи андозаҳои давлатии таълим ва талаботи замон ҷавоб додани дониш, таҷриба ва малакаи донишҷӯёну шунавандагон, ҳамчунин, муайян намудани рейтинги муассисаҳои таълими халқӣ мебошад.
Аз ин рӯ, бино ба қарори тасдиқшудаи Инспексияи назорати сифати таълим ва Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, аз 7 марти соли 2018,  «Дар бораи низоми муайян намудани рейтинги муассисаҳои таълими олӣ», даставвал 23-то индикатори рейтингие, ки фаъолияти муассисаҳои таълими олиро муайян мекунанд, ба амал ҷорӣ карда шуд.
Аз ҷониби мутахассисон фаъолияти соли 2017-уми 53 муассисаи таълими олӣ ҳаматарафа таҳлил карда шуд. Бо ёрии индикаторҳо дар кишварамон бори аввал рейтинги муассисаҳои таълими олӣ муайян гардид.
Моҳи декабри соли гузашта қарори якҷояи Инспексияи давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирон ва Вазорати таълими халқ «Дар бораи тасдиқ намудани мизонҳои баҳо додан ба самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълими ҳамагонӣ» қабул карда шуд ва бино ба қарори мазкур «Мизонҳои баҳо додан ба самаранокии фаъолияти муассисаҳои умумитаълимӣ ва ташаккул додани пойгоҳи маълумот доир ба муайян намудани рейтинги муассисаҳои таълими ҳамагонӣ, ҳамчунин, методикаи ҳисобу китоби холҳои рейтинг» тасдиқ гардид. Дар асоси қарори тасдиқшуда мизони баҳодиҳӣ ба самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълими ҳамагонӣ, аз рӯйи 4 нишондиҳанда бо 100 хол баҳогузорӣ хоҳад шуд:
1. Дараҷаи тайёрии хатмкунанда аз рӯйи фанҳои умумитаълимӣ (дараҷаи тайёрии таълими хатмкунанда – 20 хол; дараҷаи сифати таълими хатмкунанда – 15 хол) ҷамъ 35 хол.
2. Нишондиҳандаи дараҷаи дониши хонандаи синфи 9-уми муассисаи таълими ҳамагонӣ (дар асоси корҳои назоратӣ) ҷамъ – 25 хол.
3. Саҳми омӯзгорони тоифаи олӣ ва якуми муассисаи таълими ҳамагонӣ (дар асоси муайян намудани шумораи омӯзгорони тоифаи олӣ ва якум) ҷамъ – 20 хол.
4. Самаранокии фаъолияти педагог-омӯзгорон ва роҳбарон (дар асоси пурсиши иҷтимоие, ки дар байни ҷамоаи омӯзгорон гузаронида шудааст) – 10 хол, ҷамъ – 20 хол.
Тавре ки мебинем, тарзу усули нави муайянкунии рейтинги муассисаҳои таълимӣ аз усулҳои пешина батамом фарқ мекунад.Рейтинги муассисаҳои таълимӣ пеш дар асоси озмун-азназаргузарониҳо муайян карда мешуд. Ҳоло бошад, бо назардошти вазъи ҳақиқии мактабҳо рейтингашон муайян карда мешавад. Ҳангоми баҳодиҳӣ ба мактабҳо натиҷаи қабули хонандагони синфи 11 ба муассисаҳои таълими олӣ, нишондиҳандаҳои дараҷаи дониши хонандагони синфи 9-ум, лаёқати педагог-омӯзгорони муассисаи таълимӣ, фаъолияти омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълими ҳамагонӣ, шароити барои омӯзгорон фароҳамовардашуда ва муҳити таълим  ба эътибор гирифта мешавад.
Ба сабаби он ки қаробати инноватсионӣ дар муайян намудани рейтинги мактабҳо бори аввал гузаронида мешавад, дар асоси озмун дар он фаро гирифтани 10 фоизи мактабҳо пешбинӣ шудааст.
Натиҷаи рейтинг дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва веб-сайти Инспексияи давлатӣ пеш аз оғози соли хониши оянда эълон карда хоҳад шуд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: