ИСЛОҲОТ ПАЙГИРОНА АМАЛӢ МЕГАРДАД

Дар мамлакатамон доир ба куллан беҳтар намудани сифати хидмати тиббӣ ба аҳолӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани соҳа як қатор корҳо ба амал татбиқ мегарданд.

Чорабиниҳое, ки имрӯзҳо дар соҳаи тиб андешида мешаванд, ба беш аз пеш фаъол гардидани ходимони соҳа нигаронида шудаанд.
Дар Фармони Президент «Дар бораи чорабиниҳои маҷмӯӣ доир ба такмил додани низоми ҳифзи   тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 7 декабри соли 2018 ин масъалаҳо ҳаллу фасл гардидаанд.
Дар навбати аввал ёрии тиббӣ бояд самарабахш ва босифат бошад. Дар банди 10-уми қарори сарвари мамлакатамон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба пешгирии бемориҳои сироятнакунанда, дастгирии тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани дараҷаи фаъолнокии ҷисмонии аҳолӣ» аз 18 декабри соли 2018 омадааст: «Чунин тартибе бояд ҷорӣ кард, ки мувофиқи он дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо машқҳои гимнастикӣ дар давоми рӯзи корӣ бо назардошти иштироки ходимон ҳафтае як маротиба дар чорабиниҳои оммавии тарбияи ҷисмонӣ (аз қабили давидан, шиноварӣ, футбол, волейбол...) ба «Рӯзи саломатӣ» табдил ёбад». «Зиндагӣ ҳаракат аст» фармудааст донишманде. Ҳақиқатан ҳам дар ташкилоту корхонаҳо ба амалиёт ҷорӣ намудани «Рӯзи саломатӣ» ба тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Дар поликлиника ва клиникаҳои Институти давлатии стоматологияи Тошканд, инчунин зиёда аз 20 поликлиникаи хусусии стоматологии шаҳри Тошканд базаҳои клиникӣ созмон ёфта, алҳол ҷараёни таълим идома дорад. Дар баробари ин маркази замонавии симулятсионӣ ташкил карда шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Аз оғози соли хониши 2017-2018 дар ҳамаи факултетҳо омӯзиши баъзе ихтисосҳо ба забони англисӣ ба роҳ монда шуд. Чунин имкониятҳо бобати тайёр кардани кадрҳои баландмалака, дар соҳаи стоматология ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами тибби ҷаҳон, хидмати босифати стоматологӣ аҳамияти муҳим доранд. Ходимони стоматологиро дар рӯҳи ба аҳолӣ хидмати тиббии босифату саривақтӣ расондан, фаҳмонда додани тарзи ҳаёти солим, маданияти тиббӣ, пешгирии беморӣ тарбия намудан лозим аст.
Дар навбати аввал масъалаҳои зикршударо бояд мо ходимони тиб дарк намоем ва дар байни аҳолӣ тарғиботи муҳити солимро ҷоннок гардонем.  
Суханони роҳбари давлат дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис: «Ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълими тиббии бонуфузи хориҷӣ бояд пурзӯр карда шавад», аз ояндаи дурахшони соҳаи тиб дарак медиҳанд. Соли оянда мо дар бобати ташкили факултетҳо ва филиалҳои муштарак бо донишкадаҳои тиббии Русия, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон, Италия чораҳои амалӣ меандешем. Қарори навбатии Президент аз 7 ноябри соли 2018 «Дар бораи чорабиниҳо доир ба беҳтар кардани ҳавасмандгардонии моддии ходимони муассисаҳои давлатии тиббӣ ва мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ» мо ходимони тибро хурсанд кард. Зиёд шудани маош ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ ба дӯши мо бори масъулият ҳам бор мекунад. Меҳнати ҳалол ва пурсамари мо бояд ҷавоби ин эътибору ғамхориҳо бошад.

Бахтиёр ФАЙЗИЕВ,
сардухтури клиникаи Донишкадаи давлатии стоматологияи Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: