ҚАБУЛХОНАҲОИ ХАЛҚӢ АКНУН ДАР ДАРУНИ ХАЛҚ

Бинобар ба фармони Президентамон «Дар бораи чораҳои такмил додани низоми кор бо муаммоҳои аҳолӣ» аз 17 январи соли 2019, аз 1 феврали соли равон низоми хона ба хона гашта муаммоҳоро омӯхтан ва ҳал кардани Қабулхонаҳои халқӣ, бевосита бо аҳолӣ кор кардани мақомоти давлатиро мадди назар дорад, ҷорӣ гардонда шуд.

 Ба зиммаи сохтори мазкур як қатор вазифаҳои иловагӣ гузошта шуд.

Бо мақсади таъмин кардани фаъолияти самарабахши қабулхонаҳои халқӣ ба онҳо мошинҳои хидматӣ ҷудо карда шуд.
Ба Қабулхонаҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳия ва шаҳрҳои вилояти Самарқанд низ аз ҷониби ҳокимияти вилоят автомошинҳои «Cobalt» супурда шуд.
Мудири Қабулхонаи халқии вилояти Самарқанд Ш.Узоқов ва дигарон таъкид сохтанд, дар бароҳгузории мулоқоти кушоди мақомоти давлатӣ ва халқ, аниқ сохтани масъалаҳои рӯзмарра, таъмини сифатнок ва қонунӣ дида баромадани муроҷиатҳо Қабулхонаҳои халқӣ ба механизми самаранок табдил ёфтаанд.
Соли гузашта ба Қабулхонаи халқии вилоят аз шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ 25 ҳазору 214-то муроҷиатҳо расиданд. Наздик 13 ҳазортои онҳо қонеъ гардонида, аз ҷумла, 5 ҳазору 292-то ариза ҳалли мусбии худ дарёфт, қариб ба 7 ҳазор муроҷиаткунандагон маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуд. Дар наздик 3 ҳазор қабул, ки бо иштироки роҳбарони ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунанда сурат гирифт, 18 ҳазор нафар аҳолӣ аз рӯи масъалаҳои гуногун муроҷиат намуд. 48 фоизи муаммоҳо ҳаллу фасл гардиданд, ба 52 фоиз муроҷиаткунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш бурда шуданд.
– Аз рӯи дар асоси сохтори нав пеш бурдани фаъолият ба наздикӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президент хонда омадем, – мегӯяд мудири қабулхонаи халқи ноҳияи Пахтачӣ С.Чоршанбиев. – Ба қарибӣ дар маҳаллаи Фай воқеъ дар ҳудуди дурдасти ноҳия хона ба хона гашта, ба аҳолӣ мулоқот намудем. Муаммои ҳар як оиларо омӯхта, бо иштироки мутасаддиён чораи ҳалли онҳоро меҷӯем. Автомошини хидматии бароямон ҷудошуда дар боз ҳам самаранок шудани фаъолиятамон кӯмак мерасонад.
Дар тадбир ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов ба сухан баромад.

Ғ. ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: