«МАН МАКТАБ НАХОНДААМ...»,

мегӯяд қаҳрамонмодар очаи Холбӣ

Дар ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллат нақши сазовор гузоштаанд. Онҳо бузургони хирад, сарлашкарони ватанпарвар, табибони ҳозиқ, суханварон, шоиру мадҳиясароёнро ба дунё овардаанд. Қонуну низомҳои ҳаёт дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале дар қалби зан-модар, ки ҷавҳарашро меҳру муҳаббат, зебоӣ, самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, ҳама вақт нерӯе боқӣ мемонад, ки ҳаёт ва ҷамъият ба он эҳтиёҷ дорад.
Вақте ба зодгоҳ – деҳаҳои тоҷикнишини қаторкӯҳи Нурато сафар мекунам, занони куҳансоли дар қӯраи зиндагӣ обутобёфтаро дида, симои модари меҳрубонам пеши назарам меояд. Ва ин байтҳои устод Мирзо Турсунзода дар ёдам зинда мегарданд:
Дӯст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,
Рӯдҳои нуқрагину нилгун офоқро.
Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро...
Яке аз чунин занони қавииродаву меҳнаткаш, ки роҳи ҳаёти ибратпазирро паси сар намудааст, очаи Холбӣ мебошад. Ӯ моро ба хонааш хуш қабул кард ва ба келини ҳаштумаш фармуд, ки чой ҷӯшонад.
– Хоҳарҷон, айб накунед, рӯзи зимистон, гармакак гуфта ҳама дар як хона мешинем.
Муаллимаи мактаби деҳа Мавҷуда Йӯлдошева, ки дар суҳбатамон ҳузур дошт, ба момо рӯ овард:
– Момоҷон, ҳаёти аз сар гузаронидаи шумо барои ҷавонон дарси ибрат. Аз нишебу фарози роҳи умр нақл кунед, то ҷавонон низ мисли шумо ба мушкилиҳои зиндагӣ тоб оваранд. 
– Ман мактаб нахондаам, – суҳбатро оғоз намуд момо. – Мактаби кӯҳна дар деҳаи ҳамсоя воқеъ буд. Роҳ дур, дар хунукию гармӣ азоб мекашӣ, духтарбачаро хонондан чӣ лозим гуфта падарам ба хондан иҷозат надода буд. Он рӯзгор пурдидаҳо ба шароити он айём нигоҳ карда мегуфтанд, ки духтарак танҳо корҳои рӯзгордориро омӯзад бас. Бисёртар ба боғдорию чорвопарварӣ машғул мешудем, аз кӯҳ ҳезум, хорчӯб, алаф ҷамъ мекардем, пистаю бодом, чормағзу хуч ва дигар меваю гиёҳҳои шифобахшро мечидем...
Очаи Холбӣ соли 1941 дар деҳаи Соб, дар оилаи деҳқони оддӣ дида ба дунё кушод. Чи тавре ки худаш нақл намуд, ӯ мактаб нахондааст. Вале ин зани меҳнаткаш, оқилаю доно 11 нафар фарзандро ба дунё оварда, сазовори унвони «Қаҳрамонмодар» гардид.
– Бо ҳамдеҳаам Гулназар ҳамхона шудем, – нақлашро идома дод момо. – Додарарӯсам Бекназар ба фермаи чорвои хоҷагӣ роҳбарӣ мекард. Дар як рӯз ду маҳал 25-30 сар говро меҷӯшидем. Шир, ҷурғот, равған, қаймоқ, гӯшт, пӯст ва пашми чорворо ба давлат месупоридем. Мавсими кирмакпарварӣ аз ҳар як қуттӣ 180-200 кг пилла месупоридем. Он солҳо занони хонакорро бо калӯш, маҳсӣ, бахмалу адрас, сачоқу собун ва дигар чизҳо рағбатнок мекарданд,– бо соддагии ба худ хос гуфт момо. – Солҳои охир кирмакпарварӣ суст шуда буд. Ҳоло ба шарофати роҳбари навамон ин навъи хонакорӣ васеътар ба роҳ монда шуд, ки дар як сол ду бор кирмак парваридан мумкин будааст. 
9 нафар фарзандамро дар шароити хона таваллуд кардам. Баъди се-чор рӯзи таваллуд миёнро маҳкам баста, боз ба кору бори рӯзгор ва тарбияи кӯдакон машғул мешудам. Шавҳарам солҳои тӯлонӣ дар деҳаҳои Эҷ ва Собу Синтаб дар вазифаи байторӣ ва мудири хоҷагӣ фаъолият бурдааст. Ӯ ба хониши писарон эътибори ҷиддӣ медод. Сари чанд вақт бо қатъият «Хонед, одам шавед!» мегуфт. Соли 1992 додои бачаҳо аз олам гузашт. Бори вазнини зиндагиро ба дӯш гирифтам. Фарзандонам аз ҳамсолонашон кам нашаванд гуфта, шабу рӯз меҳнат кардам...
Хушвақт, Саттор, Қаҳҳор, Шералӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон, Хуршед, Фурқат, Ҷамшед ва Шавкат дар донишкадаҳои шаҳри Самарқанд таҳсил карданд. Алҳол ҳар кадом соҳиби касбу коре буда, баҳри ободу зебо ва гул-гулшукуфии кишварамон саҳм мегузоранд.
– Ҳар субҳ аз модари меҳрубонам хабар мегирам, аввал дуои ӯро гирифта сипас ба коргоҳ мешитобам, – мегӯяд яке аз писарони момо – омӯзгори пешқадами мактаби деҳа Хуршед Гулназаров. – Модарам мактаб нахонда бошад ҳам, баҳояш дар мактаби ҳаёт ҳамеша хубу аъло будаанд. Ба зарбаҳои ҳаёт тоб оварда, ин қадар фарзандро ба воя расондан кори осон нест. Ба хоҳаронам Гулгузор, Гулчеҳра, Гулнора ва ҳашт нафар арӯси худ бобати тарбияи фарзанд, оиладорӣ, муносибат бо падарарӯсу хушдоман маслиҳати худро дареғ намедорад. Ба саломатии модарам, ки барои мо ғанимат аст, аҳамият медиҳем. Соле як маротиба дар истироҳатгоҳҳо сиҳҳатиашро барқарор менамояд.
Дуруст мегӯяд Хуршед, баъзе занону мардон дар мактабе таҳсил накарда бошанд ҳам, истеъдоди модарзодии ба оила ва ҷамъият роҳбарӣ карданро доранд.
Рӯзҳои ид, зодрӯз ва гирдиҳамоии оилавӣ ҳавлии момо тӯйхонаро мемонад. Набераву абераҳои ӯ насиҳати бобояшонро, ки «хонед, одам шавед» мегуфт, идома медиҳанд. Додо ва Фаррух дастпарварони Донишгоҳи давлатии Бухоро мебошанд. Файёз дар Донишкадаи роҳи оҳани Тошканд, Амриддин дар Институти кӯҳу маъдани шаҳри Навоӣ таҳсил мегиранд.
– Дар он айём ба парокандагии оила ва ятим мондани кӯдакон роҳ дода намешуд, айб мекарданд. Баъзе ҷавонони имрӯз сухани куҳансолонро гӯш намекунанд. Ман бо 8 нафар келин ва 11 нафар қудою анда ҳаракат мекунам, ки муносибати хуб дошта бошам. Чӣ қадар пасту баландиҳои ҳаётро дидем, ҳоло замонамон осуда, серию пурӣ, танҳо танбалӣ накарда меҳнат кардан лозим, – гуфт дар поёни суҳбат очаи Холбӣ.
Ҳангоми хайру хуш беихтиёр давоми шеъри шоири бузург ба ёд омад:
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям бар сарам ояд ҳавои модарам.
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».       

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: