СУХАНЕ ЧАНД ДОИР БА ҚИССАИ «ҶОНИ ОЧА»

Искандари Мирзо адиби зуллисонайн буда, ҳам дар наср ва ҳам дар назм қувва меозмояд.

То имрӯз китобҳои ӯ «Фариштаи сухан», «Офтоби шаҳри дил» ва «Ҷони оча» дастраси хонандагон гардидааст. 
Қиссаи «Офтоби шаҳри дил» достони насриест, ки дар он андешаҳои иҷтимоии адиб бо рамзу киноя тарҳрезӣ шудааст. Муборизаи қувваҳои некиву бадӣ мундариҷаи асосии онро ташкил  медиҳад. 
Ин ҷо мо тасмим гирифтем доири қиссаи «Ҷони  оча» ва хусусиятҳои бадеиву ғоявии он чанд сухан  бигӯем. Асари  мазкур дар асоси мусоҳиба-муколамаи ду қаҳрамони асосӣ – Оча (Модар) ва Ҷони оча (Писар) офарида шудааст, ки мадеҳаи муассирест дар бузургдошти модар. Писар ҳар гоҳе ки аз шаҳри азим ба зодгоҳаш меояд, ҳатман сари қабри модар мешитобад ва суҳбати модар бо писар ҷараён мегирад. Писар хаёлан бо модар дар гуфтугӯ шуда, доир ба одамият, меҳру   садоқат, арзишҳои миллӣ, хотираи таърихӣ суҳбати ширину муассире мекунад. Дар симои Оча  кулли ҷиҳатҳои модарон муҷассам мегардад. Вай модари мушфиқу муштипарест, ки  баъди   маргаш ҳам рӯҳи покаш фарзандро меҷӯяд, ӯро нигаҳбону ғамхор, маслиҳатгару раҳнамост. 
Оча (модари муаллиф) ва Ҷони оча (муаллиф) тавассути дувоздаҳ суҳбати сари  қабр ба бисёр   масоили зиндагӣ дахл намуда, аз  одаму одамгарӣ, қадру манзалати хешу ақрабо, хотираи таърихӣ,  бузургдошти волидайн, муҳаббати беназири модар нисбати зодагонаш, умри дурӯза... суҳбати  муассир меороянд. Аз  нигоҳи Ҷони оча Оча буду набуд, орзуву умед ва ҳастии ӯст. Инак, иқтибосе:
– Эҳ ришсафедҷони ман! Боз омадӣ? Илоҳӣ, кам нашавӣ, рӯҳамро шод кардӣ... Дар  фотиҳахониҳоят ҷонам садқа!  
–  Ҳа, омадам, Очаҷон! Як сари қадам хабар гирам гуфтам... Очаҷон! Дирӯз як ҳикояи   журналист Нуралӣ Раҷабро  хонда, хуб гиря  кардам. Он «То баҳорони дигар» ном дошта, муаллиф дар  оғоз чунин овардааст:
«Барои модари армониам, ки боре дари хонаи маро накӯфт».
– Бале, Ҷони Оча, худат нағз медонӣ модари Нуралиро...
– Ҳар гоҳ модари Нуралӣ: «Писарам дар ҷанги Афғонистон. Кош, боре дари хонаашро накӯбам, аммо ӯ  зиндаву саломат баргардад, – мегуфт. Дар  хотират  ҳаст, рӯзи дафни модараш Нуралӣ набуд...» 
Ин навиштаҳо дар қалби шуури ҳар як инсони соҳибақл нисбати Модар ангезае бедор месозад. 

Раҳматуллоҳи ШОҲИМАРДОН, 
ноҳияи БОЙСУН.                     


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: