ЁДБУДИ ҒАЗАЛСАРОИ МАШҲУР

Бо ташаббуси Маркази ахбору китобхонаи ба номи Шароф Рашидови вилоят якҷо бо яке аз қисмҳои ҳарбӣ таҳти номи «Султони мулки ғазал» шоми адабию мусиқӣ баргузор шуд.

Мудири шуъбаи маънавияту маърифати маркази ахбору китобхона Бахтинисо Пӯлодова ба ҳозирон дар бораи ҳаёту эҷодиёти шоир маълумот дод. Сипас гурӯҳи эҷодии клуби китобхонони ҷавон ғазалҳои шоирро қироат карданд. Аз тарафи хидматчиёни ҳарбӣ барномаи таҳиякардашуда  ба тамошо гузошта шуд.
Чунин маҳфил дар ин ҷо бо иштироки китобхонони ҷавон низ баргузор шуд. Дар он аз ҷониби ҷавонон ғазалҳо дар васфи ишқ, зебоӣ, Ватан, модар ва эҳтироми якдигар қироат карда шуд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: