БА ДАҲҲО ОИЛАҲО УМЕД БАХШИДА...

13 феврал 10 нафар фарзандони оилаҳои камтаъмину ба кӯмаки иҷтимоӣ муҳтоҷе, ки ташхиси нуқсони модарзодии пой, кашиши мушак ва асорати сӯзиши пӯст гузошта шудаанд, барои табобат ба Олмон рафтанд.

– Онҳо дар давоми аз 6 моҳ то 3 сол дар клиникаҳои Олмон муолиҷа гирифта бармегарданд. Ба бачаҳо ходимони масъули бунёд ҳамроҳӣ мекунанд,– гуфт сардори шуъбаи Бунёди хайрияи байналхалқии «Соғлом авлод учун» Ҷумъабек Нуров.
Соли 2002 дар байни Бунёди хайрияи байналхалқии «Соғлом авлод учун», Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва ташкилоти байналхалқии «Friedensdorf International»-и Олмон шартномаи ҳамкории сетарафа имзо гардида буд. Дар доираи ҳамкорӣ ба бачаҳои  бемор ва ногирои то 12-сола хидмати тиббии босифат расонда мешавад. Дар давоми солҳои 2002-2018 374 нафар бачаҳое, ки ташхиси нуқсонҳои модарзодии буғумҳои дасту пой ва асорати сӯзиш доранд, дар клиникаҳои бонуфузи Олмон муолиҷа карда шуданд. 
Соли 2018 аз ҳисоби маблағи гранти ташкилоти мазкур ба 236 нафар бемороне, ки норасоии лабу ком доранд, амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Дар асоси лоиҳаи «Пойҳои хушрӯй» 86 нафар  бачаҳои то 15 сола, ки ба онҳо ташхиси иллати модарзодии пой ва гардан гузошта шудааст, ҷарроҳӣ карда шуд. Ба 48 нафар бача бо сабаби асорати сӯзиш ҷарроҳии пластикӣ гузаронидаанд.
Истиқоматкунандаи маҳаллаи Шерободи ноҳияи Қарокӯли вилояти Бухоро Шаҳзода Худойбердиева дар 5-солагӣ аз велосипед афтида, пойи росташ шикаста буд. Баъд аз ин устухони пойи ӯ мӯрт шуда, аз дигараш ба 3 см калта шуд. Аз ин сабаб  соли 2012 6 моҳ, соли 2015  1,5 сол муолиҷа гирифта, баргашт.
– Барои ин аз бунёди «Соғлом авлод учун» миннатдорем,– мегӯяд падари Шаҳзода Рустам Давлатов. – Духтуроне, ки ба сиҳатшавии духтарам кӯмак мерасонанд, умри дароз бинанд. Ҳоло фарзандамон ба Олмон ба чӣ қадар муддат меравад, маълум нест. Албатта, ӯро пазмон мешавем. Аз ҳама муҳимаш, Шаҳзода ба оғӯшамон сиҳату саломат баргардад.
Шаҳзода ҳоло 14-сола аст. Ӯ расмкаширо дӯст медорад. Ҳангоми суҳбат муайян шуд, ки ӯ орзуҳои зиёд дорад.

Моҳигул ҚОСИМОВА,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: