БОЗ ЯК НАВГОНӢ БАРОИ САЙЁҲОН

Фармони роҳбари давлатамон «Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба рушди босуръати сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 5 январи соли ҷорӣ дар роҳи куллан такмил додани соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳудудҳо, беҳтар гардондани ҳаёти аҳолӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва барпо намудани ҷойҳои нави кор қадами муҳим гардид.

Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Ширкати суғуртаи «Gross Insurance» дар меҳмонхонаи «Wyndham»- и пойтахт чорабинӣ баргузор намуд, ки дар он доир ба иҷрои корҳои ин соҳа сухан рафт. Дар он ба иштирокдорон тақдимоти иловаи мобилӣ таҳти мавзӯи «Ёвари мобилии Gross Insurance – ёрии таъҷилӣ ба сайёҳон» намоиш дода шуд. 
Имрӯзҳо дар тасарруфи ширкат зиёда аз 100 филиал мавҷуд буда, ба туфайли саривақт ва мунтазам ба амал баровардани пардохтҳои суғурта талаботи мизоҷон ба он торафт меафзояд. Ходимони ширкат доимо дар ҷустуҷӯянд. Ба қарибӣ аз ҷониби хидмати тиббии профессионалӣ, ба роҳ монда шудани фаъолияти гурӯҳи касбии тиббӣ ва низоми суғуртакунии онлайнӣ самараи меҳнати онҳо мебошад. 
Роҳбари саридораи Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Ғозиев таъкид намуд, ки дар баробари афзун гардондани шумораи сайёҳон, ҳаллу фасли муаммоҳое, ки ба саломатӣ ва дигар ҳолатҳои онҳо вобаста аст, ногузир аст. 
Иловаи нави мобилии Ширкати суғуртавии «Gross Insurance» барои ҳалли мушкилиҳо даст медиҳад. Бо мақсади ба сайёҳон фароҳам овардани боз як қулайӣ дар худи аэропорт ба иҷора додани телефони мобилӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар телефон доир ба мамлакатамон ҳамаи иловаҳои мобилӣ пешниҳод шудааст ва ин ба сайёҳон бешубҳа, хидмати беминнат мебошад. Дар чорабинӣ барои сайёҳон ҳаматарафа қулай будани иловаи мобилии нав ва тартиби истифодабарии он маълумот дода шуд. Иловаи мазкур бо забонҳои ӯзбекӣ, англисӣ ва русӣ буда, онро бо воситаи платформаҳои «Play Market» ва «App Store» бепул бор кардан мумкин.
Илова ба сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ шабу рӯз хидмат мекунад.

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
мухбири ӮзА.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: