ҲУНАРИ ДУШВОР, ВАЛЕ ЗЕБО

Санъати сирк нисбатан аз ҳунарҳои мураккаб, ҷозибадор, зебо ва мафтункунанда аст.

Зеро ҳунармандони сирк аксаран ҷасур, нотарс, ҳушёр буда, дар ҳар як дақиқа аз рӯи имконият баъзан амалиёти мушкилро ба иҷро мерасонанд. Баромади дорбозон, масхарабозон, зочабозон, чашмбандон ва ҳунармандоне, ки дар саҳнаи сирк бо иштироки ҳайвонот машқҳои гуногуни акробатикро иҷро менамоянд, бешубҳа, ба тамошобинон ва ихлосмандони санъати мазкур шавқу завқи беандоза мебахшанд. 
Тавре ки маълум аст, сирки давлатии Тошканд фаъолияти худро аз соли 1920 оғоз бахшидааст. Дар ҳамон давра сирки нимкасбӣ ташкил ва соҳибиқтидорҳо интихоб шудаанд. Сипас ҳайати сирки давлатии сайёри Тошканд созмон ёфт, ки ба он Карим Зарипов роҳбар буд. Баъди чандин сол ба саҳнаи калон ниҳоят «Чавандозон»-и оилаи Зариповҳо мебароянд. Ҳоло низ ин сулола ба тамошобинон маҳорати худро намоиш медиҳад. Соли 1942 таҳти сарварии роҳбари бадеӣ Тошканбой Эгамбердиев ҷамоаи миллӣ ташкил гардид. Соли 1976-ум бинои ҳозираи Иттиҳоди ҷумҳуриявии «Ӯзбек давлат сирки» мавриди истифода қарор гирифт. 
Солҳои охир сирки Ӯзбекистон дар майдонҳои байналхалқӣ мақоми хоса пайдо кард. Аз ҷумла, тӯли солҳои сипаришуда ҷамоаи сирки мо дар беш аз 30 мамлакати қитъаҳои Аврупо, Осиё ва Африқо истеъдоди худро намоиш доданд. Боиси қайд аст, ки бо шарофати истиқлолият муассисаи давлатии «Сирки давлатии ӯзбек» аз масканҳои беҳтарин ва дӯстдоштатарини сокинони пойтахт маҳсуб меёбад. Корҳои васеъмиқёси бунёдкорӣ ва созандагии атрофи бинои сирк, ки дар майдони Ҳадраи пойтахт ҷойгир аст, амалӣ мешаванд, нафақат барои тамошобинони саҳнаҳои сирк, балки ба аҳолии шаҳр ва меҳмонони он таассуроти хуб мегузоранд. 
Дар ҳамин маврид бояд гуфт, ки ба мақсади таъмин кардани иҷрои Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои дастгирӣ кардани фаъолияти муассисаи давлатии «Ӯзбек давлат сирки» ва боз ҳам ривоҷ додани санъати сирки ӯзбек» аз 23 январи соли 2019, ҳамчунин баланд бардоштани нақши санъати сирки Ӯзбекистон дар ҷамъият, васеъ намудани шумора ва савияи спектаклҳои бадеӣ ва барномаҳои сирк, дастгирӣ ва аз ҷиҳати моддӣ рағбатнок гардондани ходимони он, омода кардани мутахассисони ҷавони соҳа, фаъолияти муассисаи давлатии «Ӯзбек давлат сирки» ва сиркҳои сайёри таркиби он (шапитоҳо), ҷалб кардани сармоя дар асоси васеъ ҷорӣ намудани тамоилҳои шарикии давлативу хусусӣ ба санъати сирк, ҳамчунин, ба мақсади баланд бардоштани сифат ва натиҷагирии хидматҳои сирк ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати маданияти ҷумҳурӣ ва муассисаи давлатии «Ӯзбек давлат сирки» корҳои васеъмиқёс оид ба рушди соҳа ва беҳтар намудани шароити зисти ходимони сирк амалӣ мешаванд. Аз ин рӯ, доир ба иҷрои қарори зикршуда ва рафти корҳо аз ҷониби Вазорати маданияти ҷумҳурӣ барои ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ ба Сирки давлатии Ӯзбекистон пресс-тур ташкил гардид. Рӯзноманигорон таҳти роҳбарии ходимон ва мутахассисони муассисаи давлатии «Ӯзбек давлат сирки» аз ҳоли ҳайвонҳои мавҷуда дидан карданд. Аз ҷониби ромкунандагони ҳайвонҳо оид ба тарзи ромкунӣ, хулқу табиати онҳо ва фаъолияти ҳайвонҳои мазкур вақти намоиш дар саҳнаҳои сирк маълумоти худро афзуданд. 
– Ҷараёни машғулият ва ром кардани ҳайвонҳои дарранда, ки вақти зиёдро талаб мекунад, мушкилӣ дорад, мо дар ин бобат соҳиби мактаби хоси худ ҳастем, – мегӯяд ромкунандаи ҳайвонот Отабек Ҳусинов. – Аз устодон ва ҳунармандони машҳури соҳаи сирк доир ба ин равия ҳунар омӯхтаем. Бинобар ин хулқу табиат ва тарзи муносибатро бо онҳо медонем. Вақте ки ҳамарӯза бо ҳайвон сару кор мебаред, вай рафта-рафта худро фарзанди шумо ҳис мекунад ва ҳар кореро супориш диҳед, иҷро мекунад. Онҳо кайфияти шуморо эҳсос мекунанд. Рафту кайфиятатон хуб набошад, онҳо ин ҳолро дарк намуда, аз иҷрои супориши шумо даст мекашанд. Барои ҳамин мо кӯшиш мекунем, ҳангоми ба саҳна баромадан ғаму андӯҳро фаромӯш карда, бо иштироки ҳайвонот ба тамошобинон чизи дилхоҳи худро намоиш диҳем.    
– Ҳаким Зарипов аз соли 1930 дар соҳаи сирк кору фаъолият мебарад. Тӯли солҳои зиёд ин марди ҳунар, ки алҳол ба синни 95 қадам гузоштааст, чун савораи моҳир кор кард, баъдтар ба парвариши аспону тайёр кардани шогирдон пардохт, – мегӯяд котиби матбуоти муассисаи давлатии «Ӯзбек давлат сирки» Латофат Саъдуллоева. – Дар тӯли фаъолияти худ шогирдони зиёдеро тайёр кардаанд, ки алҳол онҳо натанҳо дар майдонҳои сирки мо, балки саҳнаҳои байналхалқӣ маҳорати худро намоиш медиҳанд. Пири кор ҳар субҳ ба кор омада, аввал аз ҳоли аспон хабар мегирад. Дар мушоҳида кардани ягон камбудӣ ба шогирдон супориш медиҳад, ки онро бартараф кунанд. 
– Ҳаким Зарипов устоди мост. Ман аз ӯ бисёр чизро омӯхтаам, – мегӯяд шогирди савораи моҳир Шайдулло Алиқулов. – Шогирдони зиёд дорад устод. Онҳо натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар мамлакатҳои дигари дунё низ ба тамошобинон маҳорати худро намоиш медиҳанд. 
– Мо мехоҳем ҷавонон бештар ба сирк оянд, ин санъати мураккабро тамошо кунанд, омӯзанд.   Ҳунармандони сирки мо тӯли солҳои зиёд бо баромадҳои ҷолиби худ дар майдонҳои сирки дунё соҳиби медалҳои тиллоӣ ва ҷойҳои ҷоизавӣ шудаанд, – мегӯяд сармаъмури МД «Ӯзбек давлат сирки» Мирҳосил Тӯрабеков. – Имрӯзҳо мо барномаҳои нав ва корҳои васеъмиқёсро амалӣ менамоем. Бо Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Мактаби махсусонидашудаи ҷумҳуриявӣ шартномаҳо имзо кардаем, ки алҳол бо ҳамдастиву ҳамҷиҳатӣ амалӣ мешаванд. Барои хонандагони мактаб ва муассисаҳои таълими томактабӣ дар худи бинои сирк маҳфилҳо амал мекунанд. Фикр мекунам, агар бачаҳо дар хурдсолӣ ба санъати сирк меҳр монанд, тавассути он ба дӯст доштани Ватан, дар ҷараёнҳои мураккаб худро гум накардан, забти қуллаҳои баланд муваффақ мешаванд. Воқеан, сирк ҳунар аст. 

М.МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: