МАҚСАД – РУШДИ САЙЁҲӢ

4-уми январи соли равон Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди босуръати сайёҳӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» эълон гардид, ки онро ҷамоаи Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим»-и Самарқанд ҳамчун дастуруламали муҳим қабул кард.

Бо ҳамин муносибат мо бо проректори муассисаи таълими олии навтаъсис оид ба илм ва корҳои тарбиявӣ, доктори илмҳои иқтисодиёт, профессор Баҳодур Тӯраев суҳбат оростем.
– Чанде пеш дар доираи сафари корӣ Президентамон ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ташриф фармуда, бо сохтмони хиёбони файласуфи хитоӣ Конфутсий шинос шуд. Инчунин, ба фаъолияти мо мароқ зоҳир карда, барои пешрафти корамон маслиҳатҳои муфид дод, ки онҳоро муташаккилона ба ҳаёт татбиқ мекунем.
Воқеан, дар фармони Президент оид ба рушди босуръати сайёҳӣ қайд гардидааст, ки дар мамлакат барои ривоҷ додани сайёҳӣ, ки он ба зиёд кардани даромад, беҳсозии сатҳи ҳаёти аҳолӣ мусоидат намуда, беҳдошти ҷозибадории сармоягузориро таъмин мекунад, зина ба зина маҷмӯи чорабиниҳо татбиқ мегарданд.
Чуноне ки дар фармон қайд гардидааст, пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ, ки соҳаи сайёҳиро ба танзим меорад, номукаммал мебошад, қоидаҳои расондани намудҳои ҷудогонаи хизмати сайёҳӣ ба талаби замон ҷавобгӯ нестанд.
Сарвари давлат ҳангоми аз наздик шинос шудан бо фаъолияти донишгоҳ ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил аҳамияти калон дод, ки минбаъд шуъбаҳои мо дар Туркия, Русия, Индонезия, Куриёи Ҷанубӣ, Испания, Белорус, Фаронса ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ташкил хоҳанд ёфт. Донишҷӯёни мо ба хориҷа мераванд ва дар навбати худ аз кишварҳои ҳамкор профессорон ба Самарқанд омада дарс мегузаранд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар донишгоҳ 137 нафар донишҷӯ дар нӯҳ самт ба се забон – ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ таҳсил гирифта, дар зинаи бакалавриат ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва хитоӣ сабақ мегиранд. Пас аз 4 соли таҳсил хатмкунандагон соҳиби ду диплом мегарданд, ки ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам дар мамлакатҳои ҳамкор истифода хоҳанд шуд.
Соли гузашта ба вилоятамон қариб 2 миллиону 100 ҳазор нафар меҳмонони маҳаллӣ ва беш аз 350 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ омаданд. Ин нишондод нисбати соли 2017 ду баробар зиёд аст. Инчунин, дар соли 2018 зиёда аз 116,7 миллион доллари амрикоӣ хизмати сайёҳӣ расонида шуд. 
Дар зинаи бакалавриат ташкил намудани зиёрати сайёҳӣ, экотуризм, туризми рақамнок, фаъолияти роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ ва дар самти магистратура низ нақшаҳои бисёр дорем, ки зина ба зина амалӣ хоҳанд гашт.
Боиси хурсандист, ки Сарвари давлатамон дар ҷамъомади бонуфузи Ҳиндустон ба масъалаи сайёҳӣ низ аҳамияти махсус дода, барои дар Ӯзбекистон такмил ёфтани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи мазкур ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон маълумотҳои ҷолиб расонид. Аз 1 феврали соли равон барои шаҳрвандони 45 мамлакати ҷаҳон тартиби бераводид (виза) ба муҳлати 30 рӯз ворид шудан ба ҳудуди Ӯзбекистон ҷорӣ гардид. Инчунин, шаҳрвандони 109 кишвари ҷаҳон ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати истиқомат дар кишварамонро соҳиб мешаванд. Муайян карда шуд, ки ҳуқуқи мазкур бо шарти харидани мулки ғайриманқул дар вилояти Тошканд ба миқдори бадали на кам аз 400 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз он ҷумла, Самарқанд 200 ҳазор доллари амрикоӣ дода мешавад.
Хуллас, фармони Сарвари давлатамон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки солҳои наздик мамлакат аз ин соҳа сармояи калон ба даст меорад, чунки Самарқанду Бухоро ва Хева чунон ёдгориҳои бетакрори таърихӣ доранд, ки сайёҳонро мисли оҳанрабо ба худ мекашанд.
Ҳоло ба Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим» тез-тез меҳмонони хориҷӣ ташриф меоранд ва риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкориро ба роҳ мемонанд. Ду-се рӯз пеш як гурӯҳ меҳмонон аз Тоҷикистон ташриф фармуда, аҳднома бастанд, ки аз соли хониши нав донишҷӯён аз кишвари ҳамсоя дар Самарқанд ҷараёни сайёҳиро меомӯзанд.
– Пардохти маблағи таҳсил чӣ хел сурат мегирад?
– Хориҷиён ба тариқи суҳбат қабул шуда, аз рӯйи меъёри муқарраршуда маблағ хоҳанд пардохт. Дар соли хониши нав 400 нафар ва баъди як сол 500 нафар писарону духтарон ба хондан қабул карда мешаванд, ки 150 нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил мекунанд.
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки ҳоло дар донишгоҳи мо якчанд нафар муаллим аз хориҷа омада дарс медиҳанд.

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: