ЧЕМПИОНАТИ НАХУСТИНИ КОНФЕДЕРАТСИЯ

Дирӯз дар Қасри гимнастикаи варзиши шаҳри Тошканд маросими кушоиши аввалин чемпионати кушоди Конфедератсияи шамшербозии Осиёи Марказӣ дар байни наврасон ва кадетҳо баргузор шуд.

Дар он роҳбарон ва кормандони Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, ҳокимияти шаҳри Тошканд, президентҳои федератсияҳои шамшербозии мамлакатҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карда, доир ба шароитҳои мусоид ва рушди ин намуди варзиш дар кишвари мо, аз ҷумла беш аз пеш рушду равнақ пайдо кардани он дар мамлакатҳои мазкур сухан гуфтанд. 
Бояд гуфт, ки 25 январи соли 2019 Вазорати адлияи ҷумҳурии мо Конфедератсияи шамшербозии Осиёи Марказиро, ки Федератсияҳои шамшербозии ин мамлакатҳоро муттаҳид мекунад, ба қайд гирифт. Мусобиқаи мазкур бошад, нахустин чемпионати ин Конфедератсия маҳсуб меёбад. Бинобар таъкиди мутахассисони соҳа мақсади асосии созмони мазкур дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ инкишоф додани ин намуди варзиш ва оммавӣ гардондани он, ҳамчунин, баланд бардоштани нуфузи шамшербозӣ мебошад. Дар навбати худ, Конфедератсия бо субъектҳои дигари Федератсияи байналхалқии шамшербозӣ (FIE) ва федератсияҳои шамшербозии кишварҳои номбурда алоқа ва ҳамкориҳои байниякдигариро амалӣ менамояд. 
Дар нишасти матбуотие, ки бо иштироки сарони федератсияҳои шамшербозии кишварҳои зикршуда баргузор шуд, роҳбарон доир ба чемпионат, таъсис ёфтани Конфедератсия ва рушди шамшербозӣ дар Осиёи Марказӣ фикру ақидаҳои худро иброз доштанд. Тавре ки таъкид гардид, дар сабқатҳои чемпионати мазкур, ки бинобар рапира, шпага ва шамшер барин навъҳои шамшербозӣ гузаронда мешаванд, беш аз 150 нафар варзишгарон иштирок мекунанд. Мусобиқаҳои чемпионат то 17 феврал давом меёбад. 

Футбол
«ПАХТАКОР» ВА «АГМК» ДАР ДАВРАИ СЕЮМ

Бозиҳои давраи дуюми баҳсҳои саракунии Лигаи чемпионҳои Осиё баргузор шуданд. 
Дар доираи ин сабқатҳо дастаи футболи «Пахтакор»-и Тошканд дар варзишгоҳи худ бо ҷамоаи «Эйр Форс»-и Ироқ рӯ ба рӯ шуд ва бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Ҳамчунин, дебютанти ин мусобиқа дастаи футболи «АГМК»-и Олмалиқ бо клуби футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон вохӯрд. Дар ин сабқати пуршиддат шогирдони Мирҷалол Қосимов бо ҳисоби 4:2 ғалаба карда, ба давраи сеюми бозиҳои саракунӣ роҳхат гирифтанд. 
Боиси қайд аст, ки ғайр аз дастаҳои футболи кишвари мо аз минтақаи Ғарб ҷамоаҳои «Сайпо» ва «Зебаҳон»-и Эрон, ҳамчунин, аз минтақаи Шарқ ҷамоаҳои «Перак»-и Малайзия, «Ҳа Нои»-и Ветнам, «Чианграи Юнайтед»-и Таиланд ва «Нюкасл Ҷетс»-и Австралия пирӯз шуданд ва барои ба даст овардани роҳхати давраи гурӯҳӣ талош меварзанд. 
Дар давраи сеюм агар дастаи «Пахтакор» бо ҷамоаи «Ан-Наср»-и Аморати Муттаҳидаи Араб бозӣ кунад, «АГМК» бо ҷамоаи «Ан-Наср»-и Арабистони Саудӣ талош меварзанд. 
Давраи сеюми бозиҳои саракунии ЛЧО низ аз як бозӣ иборат буда, ҷамоаи ғолиб ба давраи гурӯҳӣ роҳхат мегирад. Бозиҳои мазкур 19 феврал баргузор мешаванд. 

М. ҚОДИРЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: